Ҳабси фаъолон дар арафаи тазоҳуроти эҳтимолӣ дар Қазоқистон
Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон дар арафаи тазоҳуроти эҳтимолӣ дар рӯзи 25 ноябр дасти кам 6 фаъоли маданиро ба муҳлати аз 15 то 20 шабонарӯз ҳабс намудааст.
Бунёди ҳомии ҳуқуқи "Qaharman" 22 ноябр дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, ки додгоҳ бояд ҳукми худро нисбат ба се фаъоли дигар эълом кунад.
Тибқи иттилои "Qaharman", Канатхон Амренов, Жанибек Жунусов ва Нуржан Кажигалиев 15-шабонарӯзӣ ва Сандугаш Кантарбаева, Мерек Нугманов ва Марат Мусабаев ба муҳлати 20 рӯз ҳабси маъмурӣ гаштаанд.
Ҳамаи маҳкумшудаҳо дар нақзи "Тартиби баргузории ҷамъомадҳои осоишта" айбдор дониста шудаанд.
Маҳкумшудаҳо фаъолоне ҳастанд, ки ҳафтаи гузашта дар рӯзи муҳокимаи додгоҳии Марат Жиланбоев, раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи "Алға, Қазақстан!" дар назди додгоҳи Остона ҷамъ шуда буданд.
Қаблан фаъолони қазоқистонӣ эълом карда буданд, ки мехоҳанд рӯзи 25 ноябр бо талаби раҳоии Марат Жиланбоев тазоҳуроти осоишта баргузор кунанд. Вале ҳукуматҳои маҳаллии 11 шаҳри Қазоқистон, бо шумули Остона ва Алмато ба баргузории чунин тазоҳурот иҷозат надоданд.