Туркия як ҳомии ҳуқуқи туркманро иҷозаи вуруд надод
Тоҷигул Бегмедова, раҳбари Бунёди Ҳелсинкии Туркманистонро, ки қароргоҳаш дар Булғористон аст, 22 ноябр нагузоштанд, ба Туркия ворид шавад.
Ба иттилои сомонаи бунёд, Бегмедоваро аз фурудгоҳи шаҳри Истамбул дубора ба Булғористон ихроҷ ва ба муҳлати 5 сол аз ҳаққи сафар ба Туркия маҳрум карданд.
Бегмедова рӯзи 21 ноябр ба Истамбул парвоз карда буд ва аз онҷо мехост, барои иштирок дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мустанад дар бораи ҳуқуқи башар “Бир дунё – Қирғизистон 2023” ба шаҳри Бишкек сафар кунад.
Дар нуқтаи назорати шиносномаҳо дар фурудгоҳи Истамбул аз фаъоли туркман хостаанд, ки мунтазир бимонад ва баъди се соат ва гирифтани аксу изи ангушт вайро огаҳ кардаанд, ки ба Булғористон ихроҷ мешавад.
Марзбонон ба Бегмедова гуфтаанд, бо қарори Хадамоти муҳоҷирати Туркия ба далели "амнияти миллӣ" аз ин кишвар ихроҷ хоҳад шуд.