Паҳлавонони тоҷик ба Tokyo Grand Slam 2023 омода мешаванд
Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” (Tokyo Grand Slam 2023), ки рӯзҳои 2-3-юми декабр дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио - баргузор мешавад, Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.
Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, “Тоскӯлоҳи бузург” дар Токио бо ширкати 500 варзишгар (304 мард ва 196 зан) аз 87 кишвари панҷ қитъаи олам тӯли ду рӯз идома меёбад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ нафар шомиланд: Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомали Нуралӣ (-66 кг), Обид Ҷебов(-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Эмомризо Анварзода (-100 кг).
Рақобатҳо дар 14 вазн (7 вазн миёни занон ва 7 вазн байни мардон) сурат мегирад.
Дар рӯзи аввали ин мусобиқаи байналмилалӣ - 2-юми декабр, ки дар ватани ҷудо баргузор мешавад, варзишгарон барои медалҳо дар се вазн миёни занон (-57, -63, -70 кг) ва дар се вазн байни мардон (-73, -81, -90 кг) мубориза мебаранд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқот – 3-юми декабр – занон дар чаҳор вазн (-48, -52, -78,+78 кг) ва мардон низ дар чаҳор вазн (-60, -66, -100, +100 кг) рақобат мекунанд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 ҳазор евро муқаррар шудааст.
Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал тӯҳфаҳои молӣ супурда мешавад:
барои ҷойи 1-ум: 5000 евро (варзишгар: 4000 евро, мураббӣ - 1000 евро)
барои ҷойи 2-юм: 3000 евро (варзишгар: 2400 евро, мураббӣ - 600 евро)
барои ҷойҳои 3-юм 1500-евроӣ (варзишгар: 1200 евро, мураббӣ – 300 евро).
Ҳамчунин, варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур зинаҳои фахриро касб мекунанд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд.
Гуштигироне, ки медали тило ба даст меоранд 1000 имтиёз, медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз мегиранд.
Онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260 имтиёз мешаванд.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2022 ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се варзишгар дохил буд: Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг). Ҳарсе бе медал монданд.