Таъмини амният ё даромад? Нигарониҳо аз арзиши сабти IMEI. ВИДЕО
Дар Тоҷикистон манъи истифодаи телефон ё гаҷетҳое, ки дар махзани ягонаи рамзҳои IMEI ба қайд гирифта нашудаанд ва ё аз расмиёти гумрукӣ нагузаштаанд, оғоз шуд. Ин иқдом харҷи корбарони телефонҳои мобилиро зиёд ва онҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.