Дар деворҳои канисаи яҳудиён дар Тошканд шиорҳои фаластинӣ навиштаанд
Дар шаҳри Тошканди Узбекистон дар деворҳои як канисаи яҳудиён шиорҳои фаластинӣ пайдо шудааст.
Мақомоти Узбекистон ҳанӯз ин қазияро шарҳ надодаанд.
Охири моҳи октябр телеграмканали AZfront навишта буд, ки дар шаҳри Тошканд ба ду намояндаи ҳаракати мазҳабии яҳудии "Хабад" ҳамла сурат гирифтааст.
Мақомоти Узбекистон он хабарро низ шарҳ надода буданд.
Ҷониби Исроил баъди он ҳамла аз афзоиши яҳудиситезӣ дар Узбекистон ҳушдор дода буд. Мақомоти Узбекистон он замон гуфтанд, ки каниса ва дигар иншооти яҳудиёнро ба таври шабонарӯзӣ посбонӣ мекунанд.