Рӯзноманигорони шинохтаи расонаҳои Узбекистон фаъолиятро қатъ мекунанд
Рафтани рӯзноманигор Илёс Сафаров аз хабаргузории "Kun.uz", яке аз бузургтарин нашрияҳои интернетии Узбекистон нигарониҳо аз вазъи озодии баён ва матбуот дар он кишварро дубора ба бор овардааст.
Хабари аз кор рафтани Сафаров дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳоле нашр шуд, ки дар Узбекистон мурофиаҳои додгоҳӣ ва тафтиши парвандаҳо алайҳии як қатор блогеру рӯзноманигорони маҳаллӣ идома дорад.
Илёс Сафаров чаҳорумин рӯзноманигор аст, ки давоми чанд моҳи ахир аз "Kun.uz" меравад. Қаблан чанд рӯзноманигор низ гуфтанд, ки кор дар хабаргузориҳои "Gazeta.uz" ва "Qalampir.uz"-ро қатъ кардаанд.
Илёс Сафаров, ки дар "Kun.uz" шаш сол кор кардааст, дар шарҳи тасмими худ гуфт, "зоҳиран, замонаш расидааст". "Касби рӯзноманигорӣ дар Узбекистон вориди марҳалаи хеле мушкил шудааст", - изҳор дошт ӯ дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ.