Додгоҳи олӣ: санаи мурофиаи қотилони Ш.Исматуллоев аввали декабр маълум мешавад
Додгоҳи олии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки парвандаи гумонбарон дар қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини пешини раиси “Ориёнбонк”-ро дастрас кардааст. Дар курсии айбдорӣ 14 нафар нишастаанд.
Як масъули Додгоҳи олӣ 27-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯи тартибот, додгоҳ ду ҳафта парвандаро меомӯзад ва баъд санаи мурофиаро таъин мекунад. “Аввали моҳи декабр санаи шурӯи мурофиаҳои додгоҳӣ аниқ мешавад,”-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ҳанӯз маълум нест, ки мурофиа ошкоро баргузор мешавад ё паси дарҳои баста.
Додситонии куллии Тоҷикистон 24-уми ноябр дар посухи катбӣ ба хабаргузории “Азия-Плюс” навиштааст, “пас аз тафтиши пурра ва холисонаи ҳолати кор парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 14 нафар айбдоршаванда, аз ҷумла Саидмуродов Д.Ҳ. (Дилшод Саидмуродов - Р.О) санаи 18.11.2023 бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди олии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Назари шахсони боздоштшуда ва пайвандони онҳо ба рафти тафтишоти пешакӣ маълум нест. Феълан аниқ нест, ки онҳо ба рафти тафтишоти пешакӣ то куҷо розӣ ҳастанд.
Рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” яке аз қазияҳои пурсарусадо дар соли равон буд. Ба гуфтаи мақомот, Исматуллоевро 23-юми июни имсол аз назди манзилаш дар шаҳри Душанбе рабуда ва баъди шиканҷа ба қатл расониданд. Мақомот гуфтанд, ҷасади муовини пешини раиси “Ориёнбонк” моҳи август аз дарёи Зарафшон дар минтақаи Саразми Панҷакент пайдо шуд. Ӯро дар Душанбе ба хок супориданд.