Истиқболи Байден аз раҳоии духтари чорсола дар Ғазза
Духтари чаҳорсолаи исроилӣ ва амрикоӣ, ки дар асорати Ҳамос буд, рӯзи якшанбе дар асоси созиши оташбас миёни ин гурӯҳ ва Исроил озод шуд. Ҷо Байден, президенти ИМА раҳоии кӯдакро истиқбол ва изҳори умедворӣ кард, ки оташбас давом хоҳад ёфт.