Нонфурӯшҳои Ишқободро маҷбур доранд, нархро поин баранд
Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон мақомот нонфурӯшҳоро низ маҷбур доранд, ки нонро бо нархи муайянкардаи давлат фурӯшанд. Ба гуфтаи хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, ҳафтаи гузашта дар растаи бозорҳои "Теке" ва "Алемгошар"-и Ишқобод эъломномаҳое пайдо шуданд, ки нархи нонро нишон медиҳанд. "Дар онҳо нархи нон бо имзо ва муҳри раҳбарияти бозор нишон дода шудааст. Маъмурияти бозор ва масъулони шаҳрдорӣ ба фурӯшандаҳо ҳушдор доданд, ки агар нонро аз 1 манат гарон фурӯшанд, аз ҷой маҳрум ва 400 манат (114 доллар) ҷарима хоҳанд шуд"... Читать дальше...