Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Новости за 25.10.2019

Нигаронӣ аз вуҷуди "Силоҳи сард" дар дасти ҷавонони Душанбе

Ozodi.org 

Дар давоми тақрибан як ҳафта пулиси Душанбе дар пайи як амалиёт аз 13 наврасу ҷавон корду ашёҳои дигари хатарнок дарёфт кардаанд. Ин амалиёт дар пайи нигарониҳо аз афзоиши муноқишаву кордкашиҳои наврасону ҷавонон гузаронида мешавад. Мақомот ва сокинонро дар Тоҷикистон чанд соли ахир занозаниҳои гурӯҳии ҷавонон бо истифода аз корд ба ташвиш овардааст. Таҳлилгарон наврасону ҷавонони ҷангҷуву кордкашро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: Наврасон аз оилаҳои нопурраву носолим ва ҳам аз хонаводаҳои сарватманду мансабдор. Читать дальше...

Тоҷикистон кишвари "осебпазир" дар баробари бемориҳои сироятӣ номида шуд

Ozodi.org 

Се созмони маъруф дар як пажӯҳиши худ Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое гузоштаанд, ки “омодагии камтар” дар баробари бехатарии сиҳатии сокинонаш дорад. Бахши бехатарии сиҳатии Маркази “Ҷон Ҳопкинс”, созмони "Ташаббуси созиши ҳастаӣ" ва созмони “Воҳиди иттилооти иқтисодӣ” (The Economist Intelligence Unit) дар чаҳорчӯби “Шохиси амнияти сиҳатии ҷаҳонӣ дар соли 2019" Тоҷикистонро аз ҷумлаи кишварҳое номидаанд, ки сокинонаш дар баробари бемориҳои сироятӣ осебпазир ҳастанд. Аммо масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд... Читать дальше...



Русия қудрати миёнҷигар дар Ховари Миёна мешавад?

Ozodi.org 

Бо тарки нерӯҳои амрикоӣ, сарбозони рус ба шимоли Сурия ворид мешаванд, то размандагони курдро аз онҷо берун кашанд. Таҳлилгарони сиёсати хориҷӣ мегуянд, ақибнишинии Амрико Русияро ба як қудрати миёнҷигар дар Ховари Миёна табдил медиҳад.

Парвоз аз Бишкек ба Душанбе қатъ шуд

Ozodi.org 

Ягона ширкати ҳавоие, ки дар масири Душанбе-Бишкек мусофирбарӣ мекард, парвозҳояшро қатъ кард. Ширкати хусусии қирғизӣ - "Avia Traffic Company", ки ҳафтае як маротиб дар масири Душанбе-Бишкек парвоз мекард, аз аввали октябри соли равон парвозҳояшро ба Тоҷикистон қатъ кардааст.  Асел Келдибаева, корманди ин ширкат дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби чунин тасмим дар камдаромад будани ин самти парвоз аст. Ӯ тахмин зад, ки ин ширкат шояд парвозҳои худро ба Душанбе аз аввали баҳори соли оянда аз нав барқарор кунад. Читать дальше...

Дар Тоҷикистон Қонуни авф қабул шуд

Ozodi.org 

Қонун ҳудуди 20 ҳазор нафарро фаро хоҳад гирифт, вале ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, зидди амнияти давлат, зиндониёни якумрӣ, онҳое, ки барои таҳқири намояндаи давлат ва истифодаи зӯроварӣ нисбати онҳо маҳкум шудаанд, афв нахоҳанд ​шуд.​



Обид Ҳомидов -- корсозу коргузори синамо, театр ва телевизион. ВИДЕО

Ozodi.org 

Обид Ҳомидов, яке аз сарварони номдори телевизион, театр ва синамо дар Тоҷикистон дар синни 93-солагӣ фавтид. Ӯ миёнаҳои асри гузашта раҳбарии "Тоҷикфилм"-ро бар душ дошт. Пеш аз он нахустин мудири телевизиони навтаъсиси тоҷик буд. Ба гуфтаи ҳунармандон, замони раҳбарии ӯ аз рӯи достонҳои "Шоҳнома" филм офарида шуд. Ҳунармандон ва мақомот аз ӯ ба унвони таърихи зиндаи Тоҷикистони навин ном мебаранд ва дар маросими видоъ аз хизматҳои арзишманди ӯ дар таъсис ва рушди телевизиону синамои тоҷик изҳори назар карданд. Читать дальше...

КМИР-и Тоҷикистон "ғайриҳизбӣ" шуд

Ozodi.org 

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон раис ва аъзоёни нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро тасдиқ кард. Ба фарқ аз интихоботҳои қаблӣ, ин бор на намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, балки афроди ба гуфтаи мақомот "беҳизб" шомили КМИР шуданд. Раис, муовини ӯ ва панҷ узви Комиссияи марказии интихоботро президент Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон пешниҳод кардааст. Маҷлиси намояндагон рӯзи 25-уми октябр дар як ҷаласа Бахтиёр Худоёрзода, собиқ роҳбари дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳуро дубора ба унвони раиси КМИР тасдиқ кард. Читать дальше...

Камбизоат эътироф шуду имтиёзаш 7 моҳ боз номаълум аст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як хонаводаи камбизоат аз шаҳри Ваҳдат иддао дорад, ки ҷуз нафақапулӣ, аз ягон имтиёзу кӯмакпулии дигар бархӯрдор нест. Аммо идораҳои давлатӣ мегӯянд, ки ӯро дар рӯйхати камбизоатҳо ворид кардаанд. Сияр Зубайдов, сокини 41-солаи ҷамоати Карим Исмоилов соли 2007 аз болои дарахт афтида, сутунмуҳрааш осеб дид. Ҳамчун маъюби гурӯҳи якум эътироф гашт ва 738 сомонӣ нафақа мегирад. Мегӯяд, ин маблағ барои таъмини оилаи 4-нафарааш кофӣ нест ва рӯз аз рӯз қашшоқтар мешавад. Талошҳои ҳамсари Зубайдов ҳам... Читать дальше...

Камбизоат эътироф шуду имтиёзаш 7 моҳ номаълум аст

Ozodi.org 

Як хонаводаи камбизоат аз шаҳри Ваҳдат иддао дорад, ки ҷуз нафақапулӣ аз ягон имтиёзу кӯмакпулии дигар бархӯрдор нест. Аммо идораҳои давлатӣ мегӯянд, ки ӯро дар рӯйхати камбизоатҳо ворид кардаанд ва кӯмак дарёфт мекунад. Сияр Зубайдов, сокини 41-солаи ҷамоати Карим Исмоилов соли 2007 аз болои дарахт афтида, сутунмуҳрааш осеб дид. Ҳамчун маъюби гурӯҳи якум эътироф гашт ва 738 сомонӣ нафақа мегирад. Мегӯяд, ин маблағ барои таъмини оилаи 4-нафарааш кофӣ нест.

Деворнигораи Сарвиноз Ҳоҷиева аз Душанбеи кӯҳна. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сарвиноз Ҳоҷиева, рассоми тоҷик ду соли пеш аз маҳаллаи Сари Осиёи пойтахт ба хиёбони Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳр, кӯч баст. Мегӯяд, иваз кардани ҷойи зист барояш осон набуд ва ба хулосае омад, ки макони зисти қаблиашро дар бинои трансформатор наққошӣ кунад, то худро дар маҳалли бегона эҳсос накунад. Моҳи декабри 2017 наздики 50 хонаводаро аз маҳаллаи Сари Осиё ба ин ҷо кӯчонданд. Тарки хонаву маҳаллае, ки тамоми умр онҷо сипарӣ гашта буд, барои бархеҳо осон набуд. Ин рассоми тоҷик мегӯяд... Читать дальше...

Мария Бутина баъди 18 моҳи ҳабс дар ИМА озод ва истирдод мешавад

Ozodi.org 

Мария Бутина, як шаҳрванди Русия ва раиси созмони ҷамъиятии ҳуқуқи нигаҳдории силоҳ, ки дар ИМА барои ҷосусӣ маҳкум шудааст, қарор аст аз зиндони Флорида озод ва ба ватанаш истирдод шавад. Мария Бутина, ки дар ИМА барои фаъолияташ ба унвони агенти сабтношуда маҳкум шуда буд, қарор аст 25 октябр аз зиндон дар Флорида озод шуда ба Русия истирдод шавад. Вакили ӯ Боб Дрисколл ба оҷонсии dpa гуфт, ки Бутинаро дар роҳ ба Русия ходимони идораи муҳоҷирати ИМА ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Хабаргузории давлатии ТАСС-и Русия дар нақли қавл аз Анатолий Антонов... Читать дальше...

Дар девори нав нақши Душанбеи кӯҳна

Ozodi.org 

Сарвиноз Ҳоҷиева, рассоми тоҷик ду соли пеш аз маҳаллаи Сари Осиёи пойтахт ба хиёбони Исмоили Сомонӣ кӯч баст. Мегӯяд, иваз кардани ҷойи зист барояш осон набуд ва ба хулосае омад, ки макони зисти қаблиашро дар бинои трансформатор наққошӣ кунад, то худро дар маҳалли бегона эҳсос накунад. Моҳи декабри 2017 наздики 50 хонаводаро аз маҳаллаи Сари Осиё ба ин ҷо кӯчонданд. Тарки хонаву маҳаллае, ки тамоми умр онҷо сипарӣ гашта буд, барои бархеҳо осон набуд.

Як ҳомии ҳуқуқ гуфт, ки падарашро дар Покистон "рабуданд"

Ozodi.org 

Гулолай Исмоил, як фаъоли маъруфи покистонии ҳуқуқи башар, ки баъди таъқиб дар ватан ба ИМА фирор кард, гуфт, ки афроди ношинос падари ӯро дар Пешавар “рабуданд”. Гулолай Исмоил дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ аз ИМА гуфт, ки падараш Муҳаммад Исмоил аз Додгоҳи олии Пешавар ба самти хонааш ҳаракат мекард, ки мардоне “бо либоси ниманизомӣ дар тан” ӯро рабуданд. Вакили ӯ Шаҳобиддин Хаттак ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Муҳаммад Исмоил профессор аст ва бар асоси иттиҳоми терроризм дар додгоҳ муҳокима мешавад. Читать дальше...

Баъди буридани дасти дузд - даъвати Amnesty International ба ислоҳи Кодекси ҷиноии Эрон

Ozodi.org 

Созмони Афви байнулмилал ваё Amnesty International аз Эрон даъват кард, ки Кодекси ҷиноии кишварро ислоҳ карда, ҳама навъҳои ҷазои марбут ба озори бадан, аз ҷумла, таҷрибаи “нафратовар”-и буридани дастро бекор кунад. Созмони ҳомии ҳуқуқ, ки мақарраш дар Лондон аст, ин даъвати худро рӯзи 24 октябр, як рӯз баъди пахши хабари расмӣ дар бораи ин ки дасти як марди маҳкумшуда дар дуздӣ бурида шуд, нашр намуд. Солеҳ Ҳиҷозӣ, муовини раиси бахши Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ дар созмони Афви байнулмилал гуфт... Читать дальше...

Афв ва баҳси "одамкушону бандитҳо" дар барномаи Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Ozodi.org 

Тарҳи қонуни афви 20 ҳазор нафар дар Тоҷикистон бисёриҳоро ба озод шудани наздиконашон аз маҳбас умедвор кардааст. Чанде аз корбарон пурсидаанд, ки оё наздикони маҳкумшудаи онҳо низ шомили афв хоҳанд шуд ё не? Ин афв бахшида ба 25-солагии қабули Қонуни асосии Тоҷикистон сурат мегирад. Нафаре бо номи "Эшони Тоҷ" дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, “касонеро ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят карда ва дар маҳбас нишастаанд, озод кунанд. Одамкушону бандитҳоро ҳаволаашон ба Худо.” Баъзе аз сокинон мегӯянд... Читать дальше...


Музыкальные новости
Тимати

Не меньше года уйдет на восстановление: невеста Тимати пострадала на Мальдивах





Rss.plus
Бато Багдаев

Дети из Узбекского землячества Бурятии увидели театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура




Новый кроссовер «Москвич 8» уже рвется на отечественный авторынок

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»

Священник Царевский, который крестил Белоусова, назвал его патриотом

У времени есть своя память – история: работники Пожарно-спасательного центра Москвы провели уроки мужества




"Ҳаволаи одамкушону бандитҳо ба Худо"

Ozodi.org 

Тарҳи афви 20 ҳазор нафар дар Тоҷикистон бисёриҳоро ба озод шудани наздиконашон аз маҳбас умедвор кардааст. Чанде аз корбарон пурсидаанд, ки оё наздикони маҳкумшудаи онҳо низ шомили афв хоҳанд шуд ё не?

Тоҷикистон дар раддабандии FIFA як зина поин шуд

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол, ки дар сомонаи расмии FIFA 24-уми октябр нашр шудааст як зина поин шуд ва дар байни 211 кишвар бо 1168  имтиёз дар ҷойгоҳи 116-ум қарор гирифтааст. Дар феҳристи нави FIFA Белгия бо 1755 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1726 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1715 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Англия – 1651 имтиёз, Уругвай – 1642 имтиёз, Португалия – 1632 имтиёз, Хорватия ... Читать дальше...

Онҳое, ки барои "лайк" гузоштан зиндонӣ шуданд, афв мешаванд

Ozodi.org 

Тибқи қонуни нави афв, онҳое, ки бо иттиҳоми гузоштани "лайк" дар зери маводҳои мамнӯъ зиндонӣ шудаанд, афв мешаванд. Тайи солҳои ахир садҳо нафар дар Тоҷикистон бо ин иттиҳом равонаи зиндонҳо шудаанд.  Тарҳи "Қонуни афв" рӯзи 16-уми октябр аз сӯи президент Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон пешниҳод шуд ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 25-уми октябри худ баъд аз баҳсу баррасӣ, бо иттифоқи оро онро қабул кард. Ин тарҳ дар порлумон аз сӯи Додситони кулл Юсуф Раҳмон муаррифӣ шуд. Ба гуфтаи мақомот... Читать дальше...

"Хуҷанд" барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар бозии мавқуфгузоштаи даври сездаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, пешакӣ медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистонро соҳиб шуд. Бозии мавқуфгузоштаи даври сездаҳуми қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 24-уми октябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 6000 тамошобин доир гардид. Ҳарчор гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Голҳоро... Читать дальше...

Амрико номзадҳои интихоботи президентии Афғонистонро ба сабурӣ даъват кард

Ozodi.org 

Як мақоми расмии Амрико номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистонро ба сабурӣ даъват кард ва гуфт, мунтазири натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бошанд. Айни замон шумориши раъйи мардум аз интихоботи президентии рӯзи 28-уми сентябр идома дорад, агарчӣ бояд ҳафтаи гузашта онҳоро нашр мекунанд. Элис Веллс, дастёри вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ баъди сафараш ба Кобул рӯзи 24-уми октябр гуфт, ҳамаи номзадҳои асосӣ қавл додаанд, ки натиҷаҳои интихоботро мепазиранд. Читать дальше...



Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Bon Jovi

Гітарист Річі Самбора шкодує, що не пішов із Bon Jovi раніше




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро


Даниил Медведев

Тарпищев: нельзя Медведева назвать главным претендентом на золото Олимпиады



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Отключения горячей воды начнутся в Москве с 20 мая



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России