Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Новости за 17.10.2019

Тавофуқи Амрико ва Туркия дар бораи оташбас дар шимоли Сурия

Ozodi.org 

Муовини президенти Амрико пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, ду тараф ба сари оташбас дар шимоли шарқи Сурия ба тавофуқ расидаанд. Майк Пенс шоми 17-уми октябр дар нишасти хабарӣ дар Анкара гуфт, амалиёти низомии Туркия ба муддати 120 соат (баробар ба панҷ рӯз) боздошта мешавад, то шибҳинизомиёни курд аз "хатти таъйин‌шуда", яъне беш аз 30-километрии марз бо Туркия ақибнишинӣ кунанд.  Баъд аз эълони ин хабар, Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия, гуфт... Читать дальше...

Сомон Маҳмадбеков - қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонон

Ozodi.org 

Сомон Маҳмадбеков, гуштигири шинохтаи тоҷик, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола дар Марокаш дар вазни то 73 кило ғолиб шуд, бо медали тило ва 2500 доллар сарфароз гашт. Ин паҳлавони ҷавони тоҷик рӯзи 17-уми октябр баъд аз шикаст додани чаҳор рақибаш аз Кап Верде, Қирғизистон, Белгия ва Италия ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар нимфинал ба Самуэл Гасснер аз Австрия ғолиб омад ва ба финал баромад. Гуштигири тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ Георгий Елбакиевро... Читать дальше...



Даъво бо "Сомон Эйр". Чаро таҷҳизоти тиббӣ ба Тоҷикистон нарасид?

Ozodi.org 

Як тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петербург ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистонро ба фиребкорӣ айбор карда, мегӯяд, бо гуноҳи намояндагии ширкат таҷҳизоти тиббии ӯро дар Русия мусодира кардаанд. Аммо масъулони "Сомон Эйр" баръакс ин нафарро гунаҳкор мекунанд, ки ният доштааст, таҷҳизоти тиббиро ғайриқонунӣ ба Душанбе расонад.  Муҳаммадюнус Саидов, шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон, мегӯяд, нӯҳ моҳ пеш мехост, дар ҳавопаймои "Сомон Эйр" таҷҳизоти тиббиеро ба Душанбе интиқол диҳад. Вай рӯзи 17-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...

Фаронса боздошти шаҳрвандонашро дар Эрон маҳкум кард

Ozodi.org 

Давлати Фаронса тасдиқ кард, ки як пажӯҳишгари дигари фаронсавиро дар Эрон дастгир кардаанд ва гуфт, вазъи пешомада ғайри қобили қабул аст. Вазорати умури хориҷии Фаронса рӯзи 16-уми октябр гуфт, пажуҳишгар Роланд Маршалро моҳи июн, ҳамзамон бо Фиребо Одилхоҳ дастгир кардаанд, ки тобеияти Фаронсаву Эронро дорад. Ҳарду пажӯҳишгарони Муассисаи Мутолиоти Сиёсии Париж ҳастанд. Пештар маълум буд, ки Фиребо Одилхоҳро дастгир кардаанд, вале Вазорати умури хориҷии Фаронса боздошти Роланд Маршалро тасдиқ накарда буд. Читать дальше...

Вакилони тоҷик тарҳи қонуни афвро баррасӣ карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ба эҳтимоли ғолиб вакилони мардумии Тоҷикистон ҳафтаи оянда тарҳи Қонуни афвро дар ҷаласаи порлумон баррасӣ мекунанд. Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки рӯзи 16-уми октябр дар ҷаласаи шӯрои маҷлис дар баробари чанд санади дигар тарҳи қонун “Дар бораи афв” баррасӣ шуд. Дар баёнияи расмӣ аз рӯзи 17-уми октябр дар ин бора омадааст: "Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров хоса лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв»-ро муфассал шарҳу тавзеҳ дод” ва бо қарори Шӯро масъалаҳои... Читать дальше...

Фирори садҳо зану кӯдаки ҷангҷӯён аз Айн Исо. Тоҷикон ҳам ҳастанд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Курдҳо мегӯянд, бо оғози амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия камаш 800 нафар аз урдугоҳи "Айн Исо" фирор кардаанд. Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар миёни онҳо ба камияш як зани тоҷик бо ду кӯдакаш будааст. Тасдиқи дурустии ин иттилоъ аз манобеи расмӣ дар ҳоли ҳозир имконнопазир аст.  Ҷониби Тоҷикистон, ки қаблан нақша дошт, занону кӯдаконро аз Сурия ба кишвар баргардонад, ҳанӯз дар бораи фирори ҳамсарону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷик ва ё вазъияти онҳо чизе нагуфтааст. Қаблан як намояндаи мақомот гуфта буд... Читать дальше...

"Замоне дар Шанхай" - мустанаде аз Лайлӣ Ғафурӣ дар бораи тангкӯчаҳои Боку. ВИДЕО

Ozodi.org 

Лайлӣ Ғафурӣ, коргардони ҷавони озарбойҷонӣ бо мустанади "Замоне дар Шанхай", дар озмуни байналмилалии "Дидор" дар Душанбе, иштирок дорад. Ин ҷашнвора аз 16 то 20 октябр идома мекунад. Лайлӣ Ғафурӣ, ки таҳсилдидаи донишкадаи филмсозии Белгия аст, мегӯяд, идеяи таҳияи ин филм замоне ба сараш омад, ки як коргардони олмонӣ барои сабти филми ҳунарӣ дар кӯчаҳои Боку аз ӯ мадад хост. Ин кӯчаи Бокуро, ки Лайлӣ Ғафурӣ дар филм меҳвар қарор додааст,  "Шанхай" мегӯянд ва дорои тангкӯчаҳоест, ки аз байнашон... Читать дальше...



Фирори садҳо зану кӯдаки ҷиҳодиён аз урдугоҳи Сурия

Ozodi.org 

Курдҳо мегӯянд, бо оғози амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия камаш 800 нафар аз урдугоҳи Айн Исо фирор кардаанд. Ба иттилои дарёфтӣ, дар миёни онҳо дастикам як зани тоҷик бо ду кӯдакаш низ будааст.

"Замоне дар Шанхай" дар фестивали "Дидор"

Ozodi.org 

Лайлӣ Ғафурӣ, коргардони ҷавони озарбойҷонӣ бо мустанади "Замоне дар Шанхай", дар озмуни байналмилалии "Дидор" дар Душанбе, иштирок дорад.  Мегӯяд, идеяи таҳияи ин филм замоне ба сараш омад, ки як коргардони олмонӣ барои сабти филми ҳунарӣ дар кӯчаҳои Боку аз ӯ мадад хост. Ин минтақаи Бокуро, ки Лайлӣ Ғафурӣ дар филм меҳвар қарор додааст, "Шанхай" мегӯянд ва дорои тангкӯчаҳоест, ки аз байнашон қатора мегузарад ва ба зиндагии мардум халал мерасонад. Мегӯяд, бо назардошти он, ки шаҳри Боку дигаргун мешавад ва чунин кӯчаҳо тахриб мешаванд... Читать дальше...

Президенти собиқ аз муҳофизони давлатӣ маҳрум мешавад

Ozodi.org 

Президенти пешини Гурҷистон Георгий Маргвелашвилӣ аз 16 декабр гирифта, бе муҳофиз гаштугузор хоҳад кард. Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, чизе ба амнияти ӯ таҳдид намекунад ва зарурат ба ҷонпосони давлатӣ дар миён нест. Маргвелашвилӣ аз ин тасмим эътироз кард ва мегӯяд, он "ангезаҳои сиёсӣ" дорад. Вале мақомоти Гурҷистон гуфтаанд, ин тасмим пас аз қабул шудани қонуне гирифта шудааст, ки бар пояи он амнияти мансабдорони баландпоя, ба шумули президентҳо, пас аз як соли рафтан аз вазифа набояд аз тарафи давлат таъмин гардад. Читать дальше...

Дар нишасти Иттиҳоди Аврупо хуруҷи Бритониёро баррасӣ мекунанд

Ozodi.org 

Имрӯз дар Брюссел саммити дурӯзаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) шуруъ мешавад. Мавзуи меҳварии саммит - хуруҷи Бритониё аз ИА аст. Аммо гуфтугӯҳо дар мавриди тарҳи нави созиши хуруҷи Бритониё ё ба истилоҳ Брекзит, ки рӯзҳои охир миёни Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо идома дошт, то субҳи 17 октябр бе натиҷа буд. Дар ҳамин ҳол 19 октябр муҳлате ба поён мерасад, ки порлумони Бритониё ба сарвазири ин кишвар Борис Ҷонсон барои таҳияи созишнома дода буд. Агар ин созиш таҳия нашавад, Ҷонсон маҷбур аст, барои таъхири... Читать дальше...

Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон соли оянда баргузор мешавад

Ozodi.org 

Интихоботи вакилони даъвати 8-уми порлумони Қирғизистон моҳи октябри соли оянда баргузор мешавад. Дар ин бора раиси Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон Нурҷон Шайлдабекова хабар дод. Ба гуфтаи вай, дар ду соли оянда дар Қирғизистон интихоботҳои маҳалливу шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Пештар аз ин бархе аз расонаҳо ва вакилон гуфта буданд, ки эҳтимол дорад, тирамоҳи соли ҷорӣ порлумон пароканда ва интихоботи ғайринавбатӣ баргузор шавад. "Гуфтугӯҳо дар бораи пароканда кардани порлумон дар долонҳои "Кохи сафед" идома дорад... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 17-уми октябри соли 2019

Ozodi.org 

Шикоят аз даъвати иҷборӣ ба артиши Тоҷикистон, номаи вакилони Конгресси ИМА ба Президенти Тоҷикистон, сарнавишти норӯшани аъзои оилаҳои ҷангҷӯён дар Сурия ва муҳокимаиСамариддин Раҷабов дар Маскав.

Ду шикоят аз "облава". Донишҷӯ пояшро шикаст ва дигаре аз ҳуш рафт

Ozodi.org 

Як донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб гуфт, аз хавфи он ки ба дасти кормандони комиссариати ҳарбӣ наафтад, худро аз ошёнаи дувум ба замин партофт ва ҳоло бо як пойи шикаста дар бемористон хоб аст. Ҳодиса рӯзи 7-уми октябри имсол рух додааст. Аҳмадҷони Амир мегӯяд, кормандони комиссариати ҳарбӣ барои доштани ҷавонҳо ба коллеҷ рафта буданд, вале раҳбарияти омӯзишгоҳ ин иддаоро рад карданд.

Донишҷӯ худро аз ошёнаи дувум партофт, мақомот мегӯянд, ин "облава" набуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб гуфт, аз хавфи он ки ба дасти кормандони комиссариати ҳарбӣ наафтад, худро аз ошёнаи дувум ба замин партофт ва ҳоло бо як пойи шикаста дар бемористон хоб аст. Ҳодиса рӯзи 7-уми октябри имсол рух додааст. Аҳмадҷони Амир мегӯяд, кормандони комиссариати ҳарбӣ барои доштани ҷавонҳо ба коллеҷ рафта буданд, вале раҳбарияти омӯзишгоҳ ин иддаоро рад карданд.  Аҳмадҷони Амир, донишҷӯи соли севуми Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, мехоҳад, онҳое, ки ӯро ба ин ҳол овардаанд, ҷавоби амали худро диҳанд. Читать дальше...

Трамп бо ирсоли номае аз Эрдуғон хост, "аҳмақ набошад"

Ozodi.org 

Дар рӯзи шуруи амалиёти низомии Туркия дар Сурия - 9 октябр - президенти ИМА Доналд Трамп ба ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон нома ирсол кардааст. Трамп бо ирсоли нома аз Эрдуғон хостааст, ки "аҳмақ набошад" ва "худро ҷавони ҷасур тасаввур накунад". Дар ин нома Трамп Эрдуғонро бовар мекунонад, ки бо роҳбарияти курдҳои Сурия ба созиши мутақобилан судманд даст ёбад. Трамп ҳамчунин Эрдуғонро огоҳ месозад, ки дар сурати ҳамлаи артиши Туркия ба Сурия, президенти Туркия масъули қатли ҳазорон одам хоҳад буд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Юрий Лоза

"Они убрали Листьева". Лоза назвал виновников убийства Владислава Листьева





Rss.plus
Динамо

"Динамо" обыграло "Балтику", дважды забив в компенсированное время




Соотечественники в городах США принесли цветы к воинским монументам

"Сигнал Путину" от НАТО. Заслуги Шойгу. Сергей Лавров - самый ценный кадр. Британских военных на учениях НАТО пугали дронами России

Названы сроки дебюта нового кроссовера GAC GS3 в России

Сергей Кравцов рассказал о ценностной основе построения единого образовательного пространства на форуме в МПГУ




Дар Тоҷикистон барои куштани хукҳои ваҳшӣ ҷазо намедиҳанд

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон нархи шикори хуки ваҳширо 100 сомонӣ, наздики 10 доллари амрикоӣ муқаррар кардааст. Коршиносон мегӯянд, боз гузоштани шикор ваё пурра аз байн бурдани хуки ваҳшӣ метавонад тавозуни табиатро вайрон кунад​.

Демократҳо аз Трамп ранҷиданд ва мулоқоти марбут ба Сурияро тарк карданд

Ozodi.org 

Гуфтушуниди президенти Амрико Доналд Трамп бо сарони Конгресс дар робита ба сиёсатҳои Амрико дар Сурия бенатиҷа ба поён расид. Трамп раҳбарони Конгресс, аз ҷумла демократҳои баландпояро барои як суҳбати хусусӣ ба Кохи Сафед даъват кард, аммо конгрессменҳои демократ ба зудӣ пас аз оғоз ёфтани мулоқот онро тарк карданд. Ба гуфтаи онҳо, суханони тунди президент дар ҳаққи раиси Маҷлиси Намояндагон Нэнси Пелосӣ сабаби чунин вокуниш шуд. Тавре ки худи Пелосӣ ба хабарнигорон гуфт, президент "асабонияташро нигоҳ дошта натавонист". Читать дальше...

Шикори бемаҳдуди хукҳои ваҳшӣ иҷоза шуд. Нигаронӣ аз вайрон шудани "тавозуни табиат". ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон ба шикори бемаҳдуди хукҳои ваҳшӣ дар кишвар иҷоза доданд ва сабабшро ҳамлаҳои хукҳои ваҳшӣ ба киштзорҳои мардум маънидод карданд. Вале баъзе аз коршиносон мегӯянд, боз гузоштани шикор ва ё пурра аз байн бурдани хукҳои ваҳшӣ метавонад, "тавозуни табиатро вайрон кунад"​.  Шикори як хуки ваҳшӣ дар Тоҷикистон сад сомонӣ, баробар ба тақрибан даҳ доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.  Гузориши видеоӣ дар ин ҷост: Бар асоси қарори ҳукумат, ба ҷуз аз фасли баҳор, дар мавсимҳои дигар шикори хук иҷоза аст. Читать дальше...

Бохти ду варзишгари ҷавони тоҷик ва медали паҳлавони собиқадор дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон

Ozodi.org 

Ду варзишгари тоҷик - Ҷамолиддин Абдуллоев ва Идибек Сафаров - дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони синашон то 21-сола, ки 16-уми октябр дар Марокаш шуруъ шуд, дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Ҷамолиддин Абдуллоев рӯзи чоршанбе дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш Абдулалӣ Ҳакика (Марокаш) ва Артҷомс Галактионовс (Латвия), дар қувваозмоии севум аз Исмоил Мисиров (Русия) мағлуб гашт. Идибек Сафаров ҳам дар вазни то 66 кило рақобат намуд. Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Я не пью алкоголь вообще: Анастасия Волочкова резко ответила на слухи об алкоголизме




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы


WTA

Ангеліна Калініна поступилася восьмій ракетці світу Саккарі на турнірі WTA 1000 у Римі: результат



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


News Every Day

PFL MENA 1: Best photos from Riyadh



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России