Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Новости за 15.10.2019

Чаҳор гуштигири тоҷик, ки аз Корея барнагаштанд, киҳоянд?

Ozodi.org 

Кореяи Ҷанубӣ ба гуштигирони тоҷик, ки бояд моҳи ноябри имсол дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Чҳонҷу иштирок кунанд, раводид ё виза надодааст. Mасъулони Федератсияи самбои Кореяи Ҷанубӣ ба ҳамкорони тоҷики худ гуфтаанд, соли 2016 чаҳор гуштигири тоҷик ба Корея рафта, дигар барнагаштанд ва мақомоти он кишвар аз такрори ин рӯйдод хавф доранд. Се сол пеш чӣ иттифоқ афтода буд ва гуштигироне, ки дар Кореяи Ҷанубӣ монданд, кӣ ҳастанд? Видеои гуфтугӯ бо Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистонро дар ин ҷо бинед.

Боздошти раиси дастгоҳи ҳокимияти Мастчоҳ дар як амалиёти вижа

Ozodi.org 

Кормандони Оҷонсии зидди фасод рӯзи 15-уми октябр дар як амалиёти вижа роҳбари дастгоҳи ҳокимияти ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммад Идизодаро бо гумони гирифтани ришва боздошт кардаанд. Наздикони ӯ мегӯянд, номбурда ҳамагӣ ним сол пеш ба ин мақом таъйин шуда, дасти пок дошт ва ин боздошт зимни туҳмат анҷом ёфтааст. Аммо як манбаъ дар Оҷонсии зидди фасод гуфт, Муҳаммад Идизода бар пояи баёноти як шаҳрванд боздошт шудааст. Дар ҳамин ҳол, як шоҳиди воқеа ба Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти кормандони Оҷонсии зидди фасод бо дуруштӣ ва зиёдаравӣ ҷараён ёфта... Читать дальше...

Бохти мунтахаби Тоҷикистон ба Ҷопон бо ҳисоби 0:3. Сабаб чӣ буд?

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ин бозии даври чаҳорум дар гурӯҳи "F" 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 19 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз шеваи бозии аъзои мунтахаби Тоҷикистон ва амалкарди сармураббӣ Усмон Тошев танқид кардаанд. Яке аз корбарони Фейсбук навиштааст, "футбол дар Тоҷикистон нисбат ба чанд сол қабл як каме пеш рафтааст", вале дигаре гуфтааст... Читать дальше...



Путин аз Саудӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб рафт

Ozodi.org 

Президенти Русия бо сафари аввалини худ ба кишвари Халиҷи Форс дар даҳсолаи охир ба Имороти Муттаҳидаи Араб рафт. Владимир Путин рӯзи 15-уми октябр аз Арабистони Саудӣ ба Абу-Дабӣ парвоз кард ва ӯро дар фурудгоҳ шоҳзода шайх Муҳаммад бин Зайд Ал-Наҳён пешвоз гирифт. Путин дар Риёз бо шоҳ ва валиаҳди Арабистони Саудӣ гуфтугӯ кард. Раиси ҷумҳури Русия ва шоҳ Салмон маросими имзои як қатор қарордодҳои миллиарддолларии  сармоягузориро миёни ду кишвар роҳбарӣ мекарданд, ки бахшҳои монанд ба фазонавардӣ... Читать дальше...

Узбекистон расман панҷумин узви Шурои туркӣ шуд

Ozodi.org 

Узбекистон дар ҳамоиши сарони кишварҳои туркзабон дар Боку расман ба Шӯрои туркӣ пазируфта шуд. Ин шӯро дар моҳи октябри соли 2009 бо ширкати Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон ва Қирғизистон таъсис ёфта буд. Узбекистон моҳи гузашта барои узвият дар ин созмон ариза дод. Дар ҳамоиши гузаштаи сарони кишварҳои туркзабон дар Қирғизистон дар соли 2018 Маҷористон ҳамчун нозир ба ин эътилоф пазируфта шуд. Ҳамоиши нав дар ҳоле ҷараён мегирад, ки Туркия дар шимоли Сурия амалиёти ҳарбӣ анҷом медиҳад ва барои... Читать дальше...

Блогерон пас аз гиряи яке аз занон, худро гунаҳкор донистанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Чаҳор блогери тоҷик, ки ба нашри навор дар бораи занони "танфурӯш" муттаҳам дониста мешаванд, дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ гуфтанд, дар ин қазия худро гунаҳкор меҳисобанд. Ин дар ҳолест, ки онҳо пештар гуфта буданд, ҷиноят содир накардаанд, балки воқеиятро гуфтаанд.  Моҳи июни имсол пас аз нашри як навор дар бораи занҳои "танфурӯш" аз сӯи чаҳор блогери тоҷик -- Рустам Ашӯров, Беҳрӯзи Шарифӣ, Шаҳриёр Ҷалилов ва Юсуфҷони Давлатмурод -- ба зидди онҳо бо моддаи 144-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардид. Читать дальше...



Блогерҳо дар нашри навори занҳои "сабукпо" худро гунаҳкор донистанд

Ozodi.org 

Чаҳор блогери тоҷик, ки ба нашри навор дар бораи занҳои "танфурӯш" муттаҳам дониста мешаванд, дар нахустин мурофиаи додгоҳии худ гуфтанд, дар ин қазия худро гунаҳкор меҳисобанд. Ин дар ҳоле аст, ки онҳо қаблан гуфта буданд, фақат хостанд воқеиятро бигӯянд ва ҷинояте содир накардаанд.​

Пешниҳоди оташбаси фаврӣ дар Сурия

Ozodi.org 

оиб президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, раисиҷумҳури кишвар Доналд Трамп даъват кардааст, дар Сурия оташбаси фаврӣ эълон шавад. Ин пешниҳод бо президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар миён гузошта шудааст.

90 сол пас аз таъсиси РСС Тоҷикистон. "Инқилоб" ба тоҷикон чӣ дод?

Ozodi.org 

Рӯзи 15-уми аз таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ, 90 сол сипарӣ шуд. Дар як ҳамоиши илмӣ таърихшиносон дар бораи бурду бохт аз чунин шакли давлатдорӣ изҳори назар карда, изҳор доштанд, ки маҳз ба ҷумҳурии ҷудогона аз Ҷумҳурии Узбекистон табдил шудани Тоҷикистон, заминаро барои касби истиқлол дар соли 1991 фароҳам кардааст. 15-уми октябри соли 1929 дар бинои "Хонаи деҳқон", ки сипас ба Театри русии ба номи Владимир Маяковский табдил дода шуд, ҳайати шӯроҳои... Читать дальше...

Амрико се вазири Туркияро таҳрим кард

Ozodi.org 

Иёлоти Муттаҳида дар посух ба ҳамлаи низомии Анкара ба шимоли шарқи Сурия ба вазири дифои Туркия ва ду вазири дигар таҳримҳо ҷорӣ кард. Вазири мудофиа Ҳулуси Акар, вазири корҳои дохилӣ Сулаймон Сойлу ва вазири энержӣ Фатиҳ Донмез ба рӯйхати сиёҳи таҳримҳои хазинадории Амрико ҷой дода шуданд. Дороиҳои онҳо дар Иёлоти Муттаҳида баста ва доду гирифти онҳо бо Амрико ё баръакс боздошта шудааст. Вазорати хазинадорӣ рӯзи 14-уми октябр гуфт, вазоратҳои дифоъ ва энержӣ низ бо таҳримҳо рӯбарӯ шуданд. Стивен Мнучин... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 15-уми октябри соли 2019

Ozodi.org 

Муҳокимаи блогнависони тоҷик дар Душанбе, марги дку сарбози узбек дар майдони пахтачинӣ, пешниҳоди оташбаси фаврӣ дар Сурия, арзёбии суду зиёни узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва матолиби дигар.

Беш аз 3,4 ҳазор хонавода дар Қирғизистон қарзи боимтиёз дарёфт кардааст

Ozodi.org 

Аз оғози фаъолияти "Ширкати давлатии қарздиҳӣ" дар Қирғизистон 4371 хонавода тавассути қарзҳои боимтиёз соҳиби манзил шудаанд. Дар ин бора ҳукумати Қирғизистон хабар дод. Ба иттилои ҳукумати он кишвар, барои таъмини хонаводаҳо бо манзил қарзҳои ширкати мазкур 3 баробар кам карда шудааст. "Дар соли 2016 аз 12-14 фоиз ба 10-12 поин оварда шуд. Дар соли 2017 то 8-10 фоиз ва дар соли 2018 ба 7-9 фоиз расид. Дар ҳоли ҳозир ба сатҳи 6-8 дарсад расонидан корҳо давом доранд", - хабар медиҳад ҳукумати Қирғизистон. Читать дальше...

Гуфтугӯи Қазоқистон бо ҳайати Чин дар пайи эътирози нафткашҳо

Ozodi.org 

Ҳукумати вилояти Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 14 октябр эълом кард, ки бо ҷониби Чин гуфтугӯ мекунад. Ин гуфтугӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки коргарони ширкати нафткаши муштараки Қазоқистону Чин "СНПС-Оқтеппамунайгаз" ахиран даст ба эътироз зада буданд. Коргарони ширкати мазкур аз миёнаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ ба ин тараф афзоиши маошашонро талаб доранд. "Ҳайати Чин мегӯяд, даромади ширкат аз фармоишгарон вобаста аст. Давоми 10 соли охир тарофаҳои ширкат тағйир наёфтаанд. Дар ин муддат дар кишвар беқурбшавии асъор сурат гирифт... Читать дальше...

Чаҳор гуштигири тоҷик дар Корея мондаанд. Сафорат ба дигарон виза намедиҳад

Ozodi.org 

Кореяи Ҷанубӣ ба гуштигирони тоҷик, ки бояд моҳи ноябри имсол дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Чҳонҷу иштирок кунанд, раводид ё виза надодааст. Варзишгарон инро як ноҳаққӣ нисбати худ тафсир мекунанд. Масъулони Федератсияи самбои Кореяи Ҷанубӣ ба ҳамкорони тоҷики худ гуфтаанд, соли 2016 чаҳор гуштигири тоҷик ба Корея рафта, дигар барнагаштанд ва мақомоти он кишвар аз такрори ин рӯйдод хавф доранд. ​Дар сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе аз суҳбат дар ин бора худдорӣ карданд. Масъулони сафорат гуфтанд,... Читать дальше...

Трамп аз Эрдуғон хост, ба ҷанг дар Сурия хотима диҳад

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти ИМА аз ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон хост, бо гуруҳҳои курд дар шимолу шарқи Сурия созишномаи оташбас имзо кунад. Дар ин бора ноиб-президенти ИМА Майк Пенс иттилоъ дод. Ду президент ахиран суҳбати телефонӣ анҷом додаанд. Пенс ҳамчунин гуфт, дар фурсатҳои наздик ҳайати амрикоиро дар сафари Туркия роҳбарӣ мекунад. Ин ҳайат талош хоҳад кард, ки ҷанги байни туркҳо ва курдҳои Сурия қатъ шавад. Пештар аз ин мақомоти ИМА зидди вазирҳои дифоъ, энержӣ ва корҳои дохилӣ, инчунин нисбати вазоратҳои дифоъ... Читать дальше...

Ду сарбози узбек дар пахтазор зери чархи трактор ҷон доданд

Ozodi.org 

Ду сарбозе, ки барои пахтачинӣ ба ноҳияи Боёвути вилояти Сирдарёи Узбекистон сафарбар шуда буданд, 13 октябр зери чархи трактор монда, ҷон бохтанд. Онҳо аз вилояти Фарғонаи Узбекистон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуда буданд. Як масъули Раёсати тандурустии вилояти Сирдаё бо тасдиқи ин хабар гуфт, сарбозон дар натиҷаи як "ҳодисаи нохуш" ҷон бохтанд. "Сарбозон, ки 20 солӣ доштанд, дар ҷӯйборе дар пахтазор хоб рафтаанд. Тракторе, ки пахта мекашонд, онҳоро пахш кардааст. Ҷавонон дар тан либоси низомӣ доштанд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Бато Багдаев

Дети из Узбекского землячества Бурятии увидели театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура





Rss.plus
Россия

Аналитики оценили изменение высоты новостроек в городах России за 5 лет




Необычная ночь: бесплатные программы пройдут в рамках акции «Ночь музеев»

Стала известна актуальная дата проведения Московского мотофестиваля

Фестиваль православной культуры и традиций «София» открылся в Москве

СМИ Якутии участвуют в стратсессии, посвященной десятилетию языков коренных народов в Москве




Гуруснашинии 5 зиндонӣ дар Узбекистон зидди шиканҷа

Ozodi.org 

"Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қазияи шиканҷа ва бадрафторӣ бо зиндониёни маҳбаси № 64/4 дар Қизилтеппаи вилояти Навоӣ фавран бояд дахолат кунад",-омадааст дар изҳороти Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ (AHRCA), ки мақарраш дар Фаронса аст. Ба огаҳии анҷуман, панҷ маҳбус дар вилояти Навоии Узбекистон ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ 10 октябри соли равон гуруснанишинӣ эълом карданд. Даҳ зиндонии маҳбаси № 64/4, ки дар корхонаи хиштбарорӣ кор мекарданд, аз маъмурияти зиндон дархост кардаанд, ба онҳо дастпӯш ва пояфзолҳои нав диҳанд. Читать дальше...

Чаро муҳоҷирон хостори узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёянд? ВИДЕО

Ozodi.org 

"Тоҷикистон кай узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мешавад?" Ҳар рӯз чандин нафар ҷавоби ин суолро аз Радиои Озодӣ мепурсанд. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ саволҳои мушобеҳеро ба миён мегузоранд. Чаро як бахше аз шаҳрвандон моиланд, ки Тоҷикистон ба ин иттиҳод бипайвандад?  Аксари онҳое, ки чунин суол мегузоранд, муҳоҷирони кориянд. Онҳо мепиндоранд бо пайвастани Тоҷикистон ба ин созмони зери назари Русия, вазъи зиндагии онҳо дар ин кишвар беҳбуд меёбад ва аз гирифтани патенту пардохти пули ҳармоҳаи он озод мешаванд. Читать дальше...

Муниса Ойматова боз сазовари медали тилло шуд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Муниса Ойматова, узви дастаи мунтахаби теквандои Тоҷикистон боз сазовори медали тилло шуд. Дар маҷмуъ дастаи мунтахаби теквандои Тоҷикистон дар мусобиқаи “Бухоро Опен” соҳиби 20 медал, аз ҷумла 5 медали тилло шуд

"Тоҷикистон кай узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мешавад?"

Ozodi.org 

"Тоҷикистон кай узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мешавад?" Ҳар рӯз чандин нафар ҷавоби ин суолро аз Радиои Озодӣ мепурсанд. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ саволҳои мушобеҳеро ба миён мегузоранд. Чаро як бахше аз шаҳрвандон моиланд, ки Тоҷикистон ба ин иттиҳод бипайвандад? Назари сокинонро дар видео бинед.

Русия ва Арабистони Саудӣ даҳҳо қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Русия ва подшоҳи Арабистони Саудӣ дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Риёз, ҳудуди 20 созишномаи чандмиллиарддолларӣ имзо карданд.  Ин созишномаҳо рӯзи душанбеи 14-уми октябр ба имзо расид ва шомили тиҷорат, сармоягузорӣ дар бахшҳои фазоӣ, фарҳанг, беҳдошт, технологияи пешрафта ва зироат мебошад. Кремл гуфт, ҳадафи сафари Путин ҷалби сармоя ба Русия аст. Сафари Владимир Путин ба Арабистони Саудӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки танишҳо дар минтақа рӯ ба афзоиш аст. Маскав аз муттаҳидони... Читать дальше...

Ду қазоқтабори фирории Чинро дар Қазоқистон боздошт карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон ду фирории Шинҷон - Кастер Мусохон ва Мурагер Алимулиро баъди он боздошт карданд, ки онҳо аз мақомоти Қазоқистон дархости паноҳандагӣ карданд. Кастер Мусохон ва Мурагер Алимулӣ пештар аз ин бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки ба далели таъқиби мақомоти Чин тасмим гирифтаанд, фирор кунанд. Гулҷон Токтасинқизӣ, як фаъоли иҷтимоӣ гуфт, ду қазоқтабори Шинҷонро мақомоти амниятии Қазоқистон боздошт карданд. Мусохон ва Алимулӣ дар нимаи аввали рӯзи 14 октябр нишасти матбуотӣ баргузор карда буданд. Читать дальше...



Москва

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Брановицкий

Продвижение Песен, Музыки, Стихов ВКонтакте. Способы и методы увеличения прослушивания песни, музыки, стихов ВКонтакте.




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Благодаря акции МТС Банка реабилитационная помощь в России станет доступнее

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании


WTA

Азаренко вышла в 1/16 финала турнира WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о перспективном развитии соцполитики государства



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России