Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Новости за 31.10.2019

Дар Душанбе мавсими гармидиҳӣ сар шуд. Корбурди барқ коҳиш хоҳад ёфт?

Ozodi.org 

Мавсими гармкунии хонаҳо дар шаҳри Душанбе имсол аз охири октябр шурӯъ шуд. Маркази гармӣ ва барқ акнун ҳардуро ба мардум мерасонад, а​ммо ба фарқ аз соли гузашта, сокинон барои ҳарду маблағи бештар пардохт хоҳанд кард.

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар интизори ҳукми додгоҳи Ботканд

Ozodi.org 

Пайвандони ду сокини ҷамоати Ворухи Исфара, ки ду ҳафта қабл аз тарафи марзбонони Қирғизистон боздошт шудаанд, мегӯянд, ки мурофиаи додгоҳии наздикони онҳо ба зудӣ шуруъ мешавад. Мақомоти марзбонии Қирғизистон то ҳол масъаларо шарҳ надодаанд. Мурофиаи нахустини Боисҷон Бобоҳасанов ва Дилшод Каримов дар додгоҳи Бодканд рӯзи 22-юми октябр мебоист шуруъ мешуд, вале онро ба рӯзи 1-уми ноябр гузаронданд. Нурмаҳмад Каримов, яке аз наздикони боздоштшудаҳо рӯзи 31-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи... Читать дальше...



Писари зиндонии нахуствазири собиқи Қирғизистон ба зиндони низомаш сабуктар интиқол ёфт

Ozodi.org 

Олтинбек Мураталиев, писари зиндонии собиқ нахуствазири Қирғизистон ба зиндони низомаш нармтар ё сукунатӣ интиқол дода шуд. Сухангӯи хадамоти зиндонҳои Қирғизистон Элеонора Сабатарова рӯзи 31 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Мураталиев миёнаҳои моҳи  октябр ба муассисаи нави ислоҳӣ интиқол дода шуд. Интизор меравад, ки се солу ду моҳи мӯҳлати зиндонашро ӯ дар ҳамин муассиса, ки наздик ба маҳалли кори зиндон будааст, сипарӣ хоҳад кард. Мураталиев моҳи маи соли 2016 ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Читать дальше...

Раҳбари НАТО аз Русия хост, ки пуштибонии ҷудоиталабони украиниро хотима диҳад

Ozodi.org 

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг аз Русия тақозо кард, ки пуштибонии ҷудоиталабон дар шарқи Украинаро хотима дода, ҳамаи нирӯҳои русро аз хоки Украина берун кунад. Зимни суханрониаш дар нишасти хабарии Киев рӯзи 31 октябр, ки баъди дидору гуфтугӯҳо бо президенти Украина Владимир Зеленский барпо шуд,  Столтенберг инчунин гуфт, ки Маскав бояд се киштии баҳрии украиниро, ки ноябри порсол дар гарданаи Керчи соҳилҳои нимҷазираи Қрим ба ҳабс гирифта буд, баргардонад. “НАТО истиқлолият ва тамомияти арзии... Читать дальше...

Беш аз 403 ҳазор нафар аз Эрону Покистон ба Афғонистон баргаштанд

Ozodi.org 

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират (СҶМ), ки бахше аз СММ аст, дар гузориши наваш рӯзи 31 октябр гуфт, ки шурӯъ аз соли 2019 дар маҷмӯъ беш аз 403 ҳазор нафар аз Эрону Покистон ба Афғонистон баргаштаанд. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки аз Эрони ҳамсоя дар маҷмӯъ беш аз 385 ҳазор нафар  ва нисфи онҳо таҳти муқаррароти истирдод маҷбур шуданд ба Афғонистон баргарданд. Бино ба ҳисобҳои СҶМ, тахминан 1,5 то 2 миллион шаҳрванди бидуни санади Афғонистон дар ҳудуди Эрон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо бо ҳадафҳои иқтисодӣ ба Эрон рафта... Читать дальше...

Роҳи варзишгарони тоҷик ба Кореяи Ҷанубӣ боз шуд

Ozodi.org 

Кореяи Ҷанубӣ ба сафари гуштигирони тоҷик барои иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳонии самбо иҷозат дод. Сафорати ин кишвар қаблан аз додани раводид ба варзишгарони тоҷик худдорӣ карда буд. Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон, рӯзи 31-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар гирифтани раводид ба варзишгарони тоҷик Кумитаи ҷавонон ва Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кӯмак кардаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Бозоров, ба мусобиқоти қаҳрамони ҷаҳонии самбо 9 варзишгар ва худи ӯ ба ҳайси мураббӣ мераванд. Читать дальше...

Истиқболи Сафорати Амрико аз ҳалли нисбии мушкили Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз тамдиди муҳлати аккредитатсияи ҳафт хабарнигори Радиои Озодӣ истиқбол кардааст. Дафтари матбуотии Сафорати ИМА бо пахши як иттилоия гуфт, "бесаброна" мунтазири пурра фаъол будани Радиои Озодӣ ҳастанд. Чун ба гуфтаи масъулони Сафорати Амрико, "рушди дарозмуддат, амният ва субот дар Тоҷикистон аз ҳифзи озодии сухан, озодии матбуот ва ҳуқуқи рӯзноманигорон бидуни тарси сензура ё интиқом вобастагӣ дорад." Рӯзи 31-уми октябр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муҳлати... Читать дальше...



Шасту панҷ нафар дар қатори Покистон ҳалок шудаанд

Ozodi.org 

Дар натиҷаи оташ гирифтани як қатор дар Покистон даҳҳо нафар куштаву маҷруҳ шуданд. Дар қаторе, ки аз шаҳри Равалпиндӣ ба Карочӣ мерафтааст, зоҳиран оташ дар муддати кӯтоҳе паҳн шуда ва ба мусофирон имкони наҷот надодааст.

Тарҳи буҷаи соли ояндаи Тоҷикистон омода шуд

Ozodi.org 

Буҷаи Тоҷикистон барои соли оянда дар ҳаҷми 26,4 миллиард сомонӣ (муодили беш аз 2 милларду 600 миллион доллар) муқаррар шуд. Дафтари матбуотии Президент мегӯяд, ин масъала рӯзи 31-уми октябр дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, қисми даромади буҷа барои соли оянда 26,1 миллард сомонӣ ва қисми хароҷоти он бошад 26,4 миллиард сомонӣ мебошад. Ба ин тартиб каср ё камомади буҷет барои соли оянда 0,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё қариб 350 миллон сомонӣ муқаррар шудааст. То чанд... Читать дальше...

МакКензӣ: "Ҳамроҳ бо Бағдодӣ ду кӯдак кушта шуд"

Ozodi.org 

Генерали амрикоӣ, ки масъулияти назорат аз амалиёти зидди раҳбари гурӯҳи “Давлати исломӣ” Абубакри Бағдодиро ба ӯҳда дошт, тафсилоти бештари амалиёти куштори ӯро нашр кард. Бағдодӣ рӯзи 26 октябр худкушӣ кард.  Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки замони амалиёт раҳбари гурӯҳи даҳшатафкан ба як нақби бастаи зеризаминӣ фирор кард ва нирӯҳои вижаи амрикоӣ роҳи ӯро бастанд. Генерал Кеннет МакКензӣ, раҳбари фармондеҳии марказии ИМА рӯзи 30 октябр гуфт, ки бозмондаҳои ҷасади Бағдодӣ дар 24 соати баъди мурданаш дар обҳои баҳр “хоксупорӣ шуд”. Читать дальше...

Додситонӣ барои Мулло Садриддин 18 сол ҳабс талаб кард

Ozodi.org 

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои Cадриддин Муллоев, сокини шаҳри Кӯлоб, 18 сол зиндонро  талаб кардааст.  Садриддин Муллоев, ки ба узвият дар созмони мамнӯи "Ҷамоати таблиғ" муттаҳам мешавад, ба гуфтаи наздиконаш бо ваъдаи афв аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт ва рӯзи 21-уми сентябр боздошт гардид. Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба ӯ бар асоси моддаҳои "терроризм", "зархаридӣ", ва "ташкили иттиҳоди ифротӣ ва иштирок дар он", айб эълон кардааст. Адвокати Садриддин... Читать дальше...

Ду фирории Шинҷон дар Қазоқистон мақоми паноҳандагӣ гирифтанд

Ozodi.org 

Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Олимулӣ, ду қазоқтабори фирории Шинҷони Чин, ки дар Қазоқистон бо гумони убури ғайриқонунии марз дар боздошт ҳастанд, ҳамакнун соҳиби ҳуҷҷати паноҳандагии Қазоқистон шуданд. Дар ин бора вакили мудофеи онҳо Бауирҷон Азанов хабар дод. Ба гуфтаи вай, хадамоти муҳоҷирати Қазоқистон рӯзи 30-юми октябр ба онҳо чунин ҳуҷҷатро таслим кардааст. Мусохонулӣ ва Олимулӣ, ки ибтидои моҳи октябр дар бораи фирорашон аз Чин хабар доданд, боздошт шуда ва айни ҳол дар боздоштгоҳи шаҳри Уст-Каменагори Қазоқистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Президенти Украина бо раҳбари НАТО дар Киев мулоқот кард

Ozodi.org 

Президенти Украина Владимир Зеленский дар шаҳри Киев бо дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ва гурӯҳи хурди мақомоти НАТО дидору гуфтугӯ кард. Дафтари Зеленский хабар дод, ки дар ин мулоқот доираи хурди мақомот иштирок карданд. Дар паи ин гуфтугӯҳо Зеленский ва Столтенберг дар ҷаласаи комиссиюни Украинаву НАТО иштирок карданд. Столтенберг гуфт, ки НАТО ҳеҷ гоҳ ишғоли нимҷазираи Қрим аз ҷониби Русияро ба расмият намешиносад. Столтенберг гуфт, созишҳои сулҳ, ки  бо ҳадафи ҳалли низоъҳои ҷорӣ дар шарқи... Читать дальше...

Раҳпаймоии ҳазорҳо сокини Покистон бо талаби истеъфои нахуствазир Имрон Хон

Ozodi.org 

Дар пойтахти Покистон шаҳри Исломобод ҳазорҳо нафар бо талаби истеъфои нахуствазир Имрон Хон раҳпаймоӣ карданд ва мақомот амр доданд, ки тадбирҳои амниятӣ шадидтар шавад. Раҳбарии эътирозҳоро Фазлур Раҳмон, раҳбари яке аз ҳизбҳои пуртарафдори Ҷамъияти уламои Исломӣ ба ӯҳда дорад. Раҳмон гуфт, ки нахуствазир бесалоҳият аст ва иддао кард, ки ҳукумати Имон Хон дар паи тақаллуб шудани интихоботи соли 2018 ғайриқонунӣ сари кор омадааст. Дар остонаи баргузории эътирозҳои серҷамъият, дар Лоҳур мактаб ва бархе идораҳо баста шуданд. Читать дальше...

Шебу фарози пешвомеҳварӣ. Озмоишҳои Қазоқистон -- сабақҳои Тоҷикистон?

Ozodi.org 

Ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо як фармони худ салоҳиятҳои ҳамтои пешинаш, нахустин раисҷумҳури кишвараш, Пешвои миллат ва раиси Шӯрои амният Нурсултон Назарбоеваро васеътар намуд. Ин иқдом суолу баҳсҳои зиёдеро дар ҷомеаи Қазоқистон ба миён овард. Раиси Қазоқистон бо имзояш худро муваззаф намуд, ки тамоми вазирон (ба ҷуз вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва корҳои дохилӣ), раисони оҷонсиҳо ва ниҳодҳо, раҳбарони вилояту шаҳрҳо ва ҳатто раиси дастгоҳи худро танҳо баъди мувофиқа бо Нурсултон Назарбоев таъин мекунад. Читать дальше...

Фейсбук: се шабакаи таблиғоти русӣ дар Африқоро ошкор кард

Ozodi.org 

Ширкати Фейсбук гуфт, ки се шабакаи марбут ба 200 корбарро бекор кард, чун онҳо талош доштанд ба умури дохилии ҳашт кишвари африқоӣ дахолат кунанд. Ин корбарон ба соҳибкорони наздик ба Кремлин рабт дошта дар интихоботи соли 2016-и президентии ИМА ҳам дахолат кардаанд. Шабакаҳо аз саҳифаҳои дурӯғин ваё рахнашуда истифода карда, ба корбарони Фейсбуку Инстаграм дар Камерун, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Кот Девуар, Ҷумҳурии демократии Конго, Либия, Мадагаскар, Мозамбик ва Судон таъсир гузоштаанд. Фейсбук рӯзи 30 октябр гуфт... Читать дальше...

Муттафиқони ИМА дар Халиҷ 25 сохтори эрониро таҳрим карданд

Ozodi.org 

Шаш муттафиқи ИМА дар Халиҷи Форс аз ИМА пайравӣ карда, нисбати 25 сохтори марбут ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, аз ҷумла, нисбати ба истилоҳ агенти минтақавии Эрон – гурӯҳи ҷангиёни Ҳизбуллоҳи Лубнон таҳрим ҷорӣ карданд. Вазорати молияи ИМА рӯзи 30 октябр гуфт, ки таҳримҳо аз ҷониби Маркази зидди маблағгузориҳои терроризми воқеъ дар Риёз ҷорӣ шудааст. Ин марказ соли 2017 таъсис шуда, ба узвияти он ИМА, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Кувайт, Уммон, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб шомил ҳастанд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Игорь Бутман

Игорь Бутман раскрыл, куда исчезла певица Ирина Отиева





Rss.plus
Google

OpenAI готовит конкурента поисковику Google, но на базе ИИ




Логистический склад построят в Ленинском городском округе в июле

В Щелково посетитель ударил сотрудника кафе

Царукян сфотографировался с аллигатором в Майами

В Волоколамском округе отреставрируют церковь Рождества Пресвятой Богородицы




Довари бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Испания муайян шуд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон - 2019 байни мунтахабҳои наврасони то 17 - солаи Тоҷикистон ва Испанияро ситоди доварон аз кишвари Салвадор бо роҳбарии Иван Бартон ҳакамӣ хоҳанд кард

Интиқоди HRW аз рейдҳои хушунатомези афғонҳо бо пуштибонии CIA

Ozodi.org 

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch  гуфт,  нирӯҳои ниманизомии афғон, ки аз ҷониби Оҷонсии марказии истихборот пуштибонӣ мебинанд, дар рейдҳои шабона ба қатли мардуми мулкӣ ва  нопадидшавии гумонбарон даст мезананд. Гузориши созмон, ки 31 октябр нашр шуд, мегӯяд, Human Rights Watch 14 ҳодисаро ба қайд гирифтааст, ки аз охири соли 2017 то миёнаҳои соли 2019 рух дода, дар он ба истилоҳ “гурӯҳҳои зарбазан”даст ба рейдҳои хеле пурхушунат задаанд. Яке аз онҳо дар вилояти ҷанубушарқии... Читать дальше...

Беш аз 60 нафар дар сӯхтори як қатор дар Покистон ҷон бохтанд

Ozodi.org 

Бар асари таркиши як балони газ дар қаторе дар Покистон, ки боиси оташсӯзӣ шуд, даҳҳо нафар ҷони худро аз даст доданд. Ҳодиса субҳи панҷшанбеи 31-уми октябр дар минтақаи Лаёқатпури иёлати Панҷоб рух додааст. Ин қатор аз шаҳри соҳилии Карочӣ равонаи Ровилпиндӣ дар наздикиҳои Исломобод будааст.  Хабаргузории "Рейтерз" аз қавли Шайх Рашид Аҳмад, вазири роҳҳои оҳани Покистон шумораи қурбониёни ин ҳодисаро 64 нафар зикр кардааст. Шайх Рашид Аҳмад гуфтааст, ки дар ин ҳодиса 30 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Читать дальше...

Конгресс дар бораи оғози таҳқиқи амалкардҳои Трамп раъйгирӣ мекунад

Ozodi.org 

Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи 31-уми октябр барои расман оғоз кардани таҳқиқ дар бораи эълони адами эътимод ба раиси ҷумҳур Доналд Трамп овоз медиҳад. Айни замон қарор аст, як мақоми расмии ҳукумати Амрико дар ҳузури гурӯҳи махсуси вакилони Конгресс дар бораи амалкардҳои Доналд Трамп баёнот бидиҳад, ки оё ба қонуншиканӣ роҳ додааст, ё не. Тим Моррисон, мушовири аршади Доналд Трамп дар умури Русия ва Аврупо, ки аз мақомаш рафтанист, барои сӯҳбат ба Конгресс даъват шудааст. Ҷон Болтон, мушовири... Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистон бо Малайзия бозии дӯстона анҷом медиҳад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" муқобили Мянмар (14-уми ноябр) ва Қирғизистон (19-уми ноябр) бо тими миллии Малайзия бозии дӯстона баргузор мекунад. Ин бозӣ 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур соати 20:45 бо вақти маҳаллӣ (17:45 – бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, баъди бозии дӯстона бо Малайзия мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев... Читать дальше...



Москва

В День Пушкина театр кукол «Ульгэр» в райцентре Бурятии: Россия, Культура, Дети


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин объявил о начале сборки «Москвича» по технологии полного цикла



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Шевчук

Военкор Котенок о Шевчуке: "И у этого дед - петлюровец"




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«Бавария» победила «Вольфсбург» в 500-м матче Нойера в Бундеслиге

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

"Зенит" в Москве обыграл ЦСКА и сравнял счет в серии


WTA

Шнайдер вышла в третий круг турнира WTA-1000 в Риме, победив Самсонову в российском дерби



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Дети из Узбекского землячества Бурятии увидели театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России