Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Новости за 30.10.2019

Мотам ва сарнавишти номаълуми курдҳо дар Сурия

Ozodi.org 

Баъди рафтани теъдоде аз нерӯҳои Амрико аз манотиқи марзии Сурия, нерӯҳои курд яке аз шарикони аслии Иёлоти Муттаҳида дар ҷанг ба зидди ДОИШ мегӯянд, ки сарнавишти номаълуме доранд.

Мушовири пешини президенти Қирғизистон 7 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Икромҷон Илмиянов, мушовири пешини президенти Қирғизистон имрӯз, 30-юми октябр аз сӯи додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек 7 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳ ҳамчунин ҳукм кард, ки амволи Илмиянов мусодира шавад. Илмияновро додгоҳ дар "қаллобӣ" айбдор ва ба иловаи зиндон, 2600 доллар ҷарима баст. Мушовири пешини президент дар додгоҳ гуфт, ки айби вай исбот нашудааст ва биноан аз додгоҳ мехоҳад, "ҳукми одилона" содир кунад. Икромҷон Илмиянов - яке аз афроди бонуфузи тими президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аст. Читать дальше...

Додгоҳе дар ИМА ба нашри комили гузориши Мюллер иҷоза надод

Ozodi.org 

Дар ИМА додгоҳи таҷдиди назар рӯзи сешанбе бо қабули қароре таслими гузориши таҳрирношудаи додситони махсуси пешин Роберт Мюллерро ба Палатаи намояндагон манъ кард. Гузориши Мюллер аз дахолати Русия дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 иборат аст. Пештар аз ин додгоҳи зинаи поёнӣ қарор кард, ки ҳукумати президенти ИМА Доналд Трамп бояд то 30-юми октябр гузориши комили Мюллерро ба ихтиёри Палатаи намояндагон гузорад Кохи сафед аз болои ин қарори додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят бурд. Вазорати адлия аз додгоҳ хост... Читать дальше...



Боздошти ду корманди "Амонатбонк" бо гумони муомилаҳои ғайриқонунӣ

Ozodi.org 

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду масъули бонки давлатии "Амонатбонк"-ро барои интиқолу мубодилаи ғайриқонунии маблағҳои ин ниҳоди молӣ боздошт намудааст. Ин ду нафар дар бинои асосии бонк дар шаҳри Душанбе фаъолият доштаанд. Ҳоло онҳо дар боздоштгоҳи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қарор доранд. Як манбаъ дар "Амонатбонк" рӯзи 30-юми октябр бо тасдиқи ин хабар гуфт, боздошти ин ду кормандашон, рӯзи 16-уми октябр аз ҷониби кормандони Оҷонсӣ сурат гирифтааст. Читать дальше...

Эҳтимоли зиндонӣ шудани ду қазоқтабори фирорӣ аз Чин

Ozodi.org 

Дархан Дилманов, роҳбари Хадамоти марзбонии Қазоқистон гуфт, ду қазоқтабори фирории Шинҷони Чин - Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Олимулӣ мумкин аст, яксолӣ зиндонӣ шаванд. Ин ду қазоқтабор дар убури ғайриқонунии марз гумонбар мешаванд. Дилманов ҳамчунин афзуд, масъулони Қазоқистон низ, ки ба вуруди ғайриқонунии фирориҳо иҷозат додаанд, муҷозот хоҳанд шуд. Мусохонулӣ ва Олимулӣ, ки ибтидои моҳи октябр дар бораи фирорашон аз Чин хабар доданд, боздошт шуда ва айни ҳол дар боздоштгоҳи шаҳри Уст-Каменагори Қазоқистон нигаҳдорӣ мешаванд. Читать дальше...

Полисе, ки ҷабрдидаи Самариддин Раҷабов буданро рад кард: "Мехоҳам осуда бихобам"

Ozodi.org 

Маъмури пулис Виталий Максидов, ки гӯё аз қуттии пластикии партобкардаи айбдоршавандаи "парвандаи маскавӣ" Самариддин Раҷабов осеб дидааст, аз ҷабрдида будан дар ин парванда даст кашид ва пулисиро тарк кард. Дар мусоҳиба бо Бахши Русии Радиои Озодӣ вай сабаби тасмими худро шарҳ дод. Виталий Максидови 25-сола дар Ҷумҳурии Қабардину Балқар ба дунё омадааст, аммо солҳо инҷониб дар Маскав ба сар мебарад. Ӯ аз 15-солагӣ орзу дошт, корманди пулис шавад. Дар соли 2017 ҳамчун корманди озмуданашуда ба кор... Читать дальше...

Фарҳод Камолзода муовини аввали раиси КДАМ таъйин шуд

Ozodi.org 

Рӯзи 30-юми октябр дар чанде аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Фарҳод Камолзода, аз вазифаи раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ озод шуда, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъйин шуд. Курсии муовини аввали раиси КДАМ баъд аз рафтани Мансурҷон Умаров ба вазифаи раиси Идораи зиндонҳо дар моҳи ноябри соли гузашта холӣ буд. Ба гуфтаи манбаъ, Муҳаммадсаид Файзуллозода сардори Кумитаи бехатарии озуқаворӣ таъйин шудааст. Читать дальше...

Бахтиёр Усмонов барои ҷоизаи «Атфоли қаҳрамон» ба Маскав рафт

Ozodi.org 

Бахтиёр Усмонов,  навраси 11-солаи шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар як ҳодиса ҳамсоли русашро аз  дохили чоҳи оби ҷӯш наҷот дода буд, дар қатори 20 кӯдаки дигар барои қаҳрамониаш мукофотонида мешавад. Ҷоиза бо номи «Атфоли қаҳрамон»  аз ҷониби Шӯрои федератсия ё палатаи болоии парлумони Русия вам ҳам Росгвардия таъсис шудааст. Рустам Усмонов, падари Бахтиёр дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 30 октябр гуфт, ки ӯву писараш ҳоло дар Маскав мебошанд ва дар доираи барномаи қадрдонӣ аз кӯдаконе... Читать дальше...



Ду хонаводаи осебдида аз сел пас аз моҳҳо зиндагӣ дар масҷид чӣ вазъ доранд?

Ozodi.org 

Пас аз 6 моҳи зиндагӣ дар як масҷид, хонаводае, ки дар Душанбе аз селхезӣ осеб дида буд, ба хонаи худ баргашт. Хонае, ки ҳанӯз барои зиндагӣ пурра омода нест. Манзили зисти ин хонавода воқеъ дар кӯчаи Мастонгулови пойтахт баҳори имсол дар пайи селхезӣ харобу садамавӣ шуд. Аммо сокинони он мегӯянд, бо гузашти 6 моҳ аз он ҳодиса, то ҳанӯз натавонистаанд манзили худро пурра барқарор кунанд ва аз ҷониби мақомот ҳам кӯмаки андак дарёфт кардаанд.

Ҳоли ду хонаводаи осебдида пас аз шаш моҳи зиндагӣ дар масҷид.ВИДЕО

Ozodi.org 

Пас аз 6 моҳи зиндагӣ дар як масҷид, хонаводае, ки дар Душанбе аз селхезӣ осеб дида буд, ба хонаи худ баргашт. Хонае, ки ҳанӯз барои зиндагӣ пурра омода нест. Манзили зисти ин хонавода воқеъ дар кӯчаи Мастонгулови пойтахт  баҳори имсол дар пайи селхезӣ харобу садамавӣ шуд. Аммо сокинони он мегӯянд, бо гузашти 6 моҳ аз он ҳодиса, то ҳанӯз натавонистаанд манзили худро пурра барқарор кунанд ва аз ҷониби мақомот ҳам кӯмаки андак дарёфт кардаанд. Масъулини ноҳияи Шоҳмансур дар як посухи катбӣ ба муроҷиати онҳо  гуфтаанд... Читать дальше...

Кӯҳансолтарин сокини Русия дар 123-солагӣ даргузашт

Ozodi.org 

Зане, ки бовар меравад кӯҳансолтарин сокини Русия мебошад, дар синни 123-солагӣ дар минтақаи Аштархони Русия даргузашт. Хабаргузориҳои русӣ навиштанд, ки Танзила Бисембеева ҳафтаи гузашта даргузашт ва маросими дафнаш 26 октябр дар зодгоҳаш – деҳае воқеъ дар марзи Қазоқистон баргузор шуд. Санадҳои расмӣ мегӯяд, ки Бисембеева қазоқтабор буда, 14 марти соли 1896 таваллуд шудааст. Аз ӯ се писар, даҳ набера, 13 абера ва ду чабера мондааст. Соли 2016 исми Бисембеева ба Китоби рекордҳои ҷаҳонии Русия... Читать дальше...

Мақоми Кохи Сафед "далелҳои қаблиро" дар бораи Трамп тасдиқ кард

Ozodi.org 

Демократҳои Конгресси Амрико гуфтанд, ки баёноти як мақоми амалкунандаи Кохи Сафед дар чаҳорчӯби таҳқиқи радди салоҳияти президент “далелҳоеро, ки то ҳол шунида будем, тасдиқ мекунанд”. Қонунгузорон аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфтанд, ки президент Доналд Трамп ва тарафдорони ӯ баёноти шоҳидро чандон ҷиддӣ нагирифтанд. Лейтенант-полковник Александр Виндман ва раиси умури аврупоии Шӯрои амнияти миллӣ рӯзи 29 октябр дар ҷаласаи пушти дарҳои бастаи Маҷлиси намояндагон ҳозир шуд ва ба саволҳои марбут ба қонунмандии... Читать дальше...

Николай Патрушев ба Душанбе рафт

Ozodi.org 

Дабири  Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев бо  ҳадафи ширкат дар як нишасти Тоҷикистону Русия ба Душанбе рафт. Ба иттилои оҷонсии расмии “Ховар” қарор аст дар Душанбе машварати кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Русия баргузор шавад. Инчунин мулоқоти Патрушев ва дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҳам дар назар аст. Хабарнигорон мустақил ба ин ҷаласаҳо роҳ дода намешаванд. Тоҷикистону Русия худро шарикони стратегӣ меноманд ва бар асоси созишномаи байниҳукуматӣ... Читать дальше...

Булғористон бо гумони ҷосусӣ як корманди сафорати Русияро ихроҷ мекунад

Ozodi.org 

Вазири хориҷаи Булғористон ба як дипломати русе, ки дар ҷосусӣ муттаҳам шудааст, 24 соат фурсат дод, ки кишварро тарк кунад. Тасмими мақомот дар шаҳри София, пойтахти Булғористон баъди он гирифта шуд, ки Русия дархости бозхонди дипломатро то 28 октябр иҷро накард.  Вазорат аввал эълон кард, ки яке аз нӯҳ котиби аввали сафорати Русия дар София рӯзи 28 октябр Булғористонро тарк кардааст. Сафорати Русия рӯзи 30 октябр тасдиқ кард, ки дар як номаи расмӣ як шаҳрванди Русияро ҳамчун ҷосус “шахси номатлуб” (персона нон грата) номида... Читать дальше...

Зерзаминиҳои Душанбе -- гоҳе аз хушбӯӣ маст мешавӣ, гоҳе ҳам мегӯӣ, набиниву набӯӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳар роҳи зеризаминии Душанбе ба гунаи худ наҷиб ва нодир аст. Яке камодаму дигаре роҳгузари зиёд дорад ва дигаре рафтуо дар он то дершаб идома меёбад. Як аз онҳо гузаргоҳи назди Маркази савдои "Садбарг" аст. Неъматулло Давлатов, фурӯшанда дар ин гузаргоҳи зеризаминии "Садбарг" мегӯяд, сабаби серодам будани инҷо дар он аст, ки дар наздаш донишгоҳ воқеъ ва сокинони Файзободу Ваҳдат низ аз назди ин роҳи зеризаминӣ ба ноҳияашон мераванд. Вобаста ба он ки, кӣ аз ин роҳ мегузарад, фазои он низ ранги дигар мегирад. Читать дальше...

Зерзаминиҳои Душанбе -- гоҳе аз хушбӯӣ маст мешавӣ, гоҳе ҳам мегӯӣ, набиниву набӯӣ

Ozodi.org 

Ҳар роҳи зеризаминии Душанбе ба гунаи худ наҷиб ва нодир аст. Яке камодаму дигаре роҳгузари зиёд дорад ва рафтуо дар он то дершаб идома меёбад. Дар бораи гузаргоҳҳои зерзаминии Душанбе дар ин видео бештар бубинед.

"Уралские авиалинии": Ҳавопаймои Маскав-Кӯлоб бо сабабҳои техникӣ дар Тошканд нишаст

Ozodi.org 

Дафтари намояндагии "Уралские авиалинии" дар Душанбе гуфт, "бо сабабҳои техникӣ" ҳавопаймои хатсайри Маскав-Кӯлоб субҳи 30-юми октябр дар Фурудгоҳи шаҳри Тошканд нишасти изтирорӣ анҷом дод. Умедҷон Лолаев, намояндаи ширкати ҳавоӣ дар Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби мушкил барои онҳо ҳам феълан мушаххас нест, вазъият мавриди таҳқиқ қарор дорад ва каме дертар тафсилоти ин ҳодиса маълум мешавад. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки "сабабҳои техникӣ" оё ба ҳолати ҳавопаймо рабт дорад? Читать дальше...


Музыкальные новости
Тимати

«По своей натуре девочка интеллигентная»: какой растет дочь Тимати с особенностями развития





Rss.plus
Сергей Арутюнов

Сергей АРУТЮНОВ на своём сольном концерте в Государственном Кремлёвском Дворце презентовал дуэт с Родионом Газмановым. Артисты вместе исполнили хит “Люси”




Исследование: более половины москвичей обращаются к врачу лишь при наличии серьезных проблем

Минэкологии взяло на контроль экологическую ситуацию в Химках

Задержанного в Москве пьяным и без одежды американца отпустили

Баскетбольный клуб «Химки» завоевал серебро Суперлиги




Абдумалик Саломов, табиби маъруфи қалб, аз зиндон озод шуд

Ozodi.org 

Абдумалик Саломов, ҷарроҳи маъруфи қалб дар шаҳри Хуҷанд, ки ду сол қабл бо ҷурми пайравӣ аз равияи "салафия" ба 5,5 соли ҳабс маҳкум гардида буд, рӯзи 29-уми октябр дар чаҳорчӯби қонуни афв аз маҳбас озод шуд. Баҳси парвандаи ӯ яке аз қазияҳои пурсарусадо дар саҳифаҳои матбуот ба шумор мерафт. Дар моҳи декабри соли 2017 бо ҳукми Додгоҳи Хуҷанд ин табиб ва ду шарики дигараш ба зиндони низомаш сангин маҳкум шуда буданд. Аммо Саломов исрор мекард, ки ба ягон гурӯҳи ғайриқонунӣ шомил нест ва ба ягон кори ҷиноятӣ даст назадааст. Читать дальше...

Тасвиби созишномаи $350 млн доллар кӯмаки бебозгашти Чин ба Тоҷикистон

Ozodi.org 

Бо тасдиқи як созишнома аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар назар аст, ки Чин ба Тоҷикистон беш аз 350 миллион доллар кӯмаки бебозгашт намояд. Рӯзи 30-юми октябр вакилони Маҷлиси Намояндагон созишномаи байниҳукуматӣ миёни Чину Тоҷикистонро дар бораи пешниҳоди кӯмаки бебозгашт қабул намуданд. Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни муаррифии созишнома дар парлумон гуфт, "бо мақсади рушд ва густариши ҳамкориҳо, ин созишномаро 15-уми июни соли 2019... Читать дальше...

Баҳоиёни Тоҷикистон. Бе таблиғи оин, вале бо рафтори баҳоӣ

Ozodi.org 

Баҳоиёни Тоҷикистон аз 200-умин солгарди асосгузорони ин оин таҷлил карданд. Пайравони ин оини ҷавонтарини олам, ки дар баъзе кишварҳо аз ҷумла Эрон таҳти таъқиб қарор доранд мегӯянд, Тоҷикистон барояшон кишвари амн аст.

Баҳоиёни Тоҷикистон. Бе таблиғи оин, вале бо рафтори баҳоӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Баҳоиёни Тоҷикистон аз 200-умин солгарди асосгузорони ин оин таҷлил карданд. Пайравони ин оини ҷавонтарини олам, ки дар баъзе кишварҳо аз ҷумла Эрон таҳти таъқиб қарор доранд мегӯянд, Тоҷикистон барояшон кишвари амн аст. Пайравони оини баҳоӣ рӯзи 27-уми октябр аз 200-умин солгарди Ҳазрати Боб, яке аз поягузорони ин оин таҷлил карданд. Ба ин маросим, ки дар маркази баҳоиёни Тоҷикистон баргузор шуд, намояндагони мақомот наомаданд. Шокят Мамедова 66-сол дорад ва ҳанӯз аз 15-солагӣ пайрави оини баҳоӣ мебошад. Читать дальше...

Додгоҳ иҷоза дод, ки Навоз Шариф 2 моҳи дигар дар бемористон бимонад

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Покистон иҷоза додааст, ки нахуствазири собиқ Навоз Шариф барои муолиҷа ду моҳи дигар дар шифохона бимонад. Додгоҳи Исломобод амри навро рӯзи 29-уми октябр ва чанд соат пеш аз он содир кард, ки эътибори ҳукми қаблӣ дар бораи муолиҷаи Навоз Шарифи 69-сола ба поён мерасид. Ӯро бо гуноҳи фасоду ришвахорӣ ба 7 соли зиндон маҳкум кардаанд. Навоз Шарифро рӯзи 21-уми октябр ва баъди бад шудани сиҳатиаш ба бемористон бурданд. Ӯро айни замон дар шифохонаи шаҳри Лоҳур муолиҷа мекунанд ва ба гуфтаи табибаш Аднон Хон... Читать дальше...

Дар Бритониё интихоботи пеш аз муҳлат баргузор мешавад

Ozodi.org 

Вакилони порлумони Бритониё ҷонибдорӣ карданд, ки 12 декабри соли равон дар ин кишвар интихоботи пеш аз муҳлат баргузор шавад. Ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонуни интихоботи пеш аз муҳлат 438 вакили порлумони Бритониё - ҳам намояндагони Ҳизби ҳокими муҳофизакор ва ҳам Ҳизби мухолифи коргар раъй доданд. Лоиҳаро бояд Палатаи лордҳо низ ба тасвиб расонад ва интизор меравад, он зид нахоҳад баромад. Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон интихоботи пеш аз муҳлатро ягона роҳи бурунрафт аз бунбасте медонад, ки дар... Читать дальше...



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о препарате для лечения болезни Бехтерева


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин объявил о начале сборки «Москвича» по технологии полного цикла



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Евровидение

Захарова: Евровидение переплюнуло оргии и шабаши, похоронив Западную Европу




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«Бавария» победила «Вольфсбург» в 500-м матче Нойера в Бундеслиге

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

Пензенские регбистки выиграли первенство России


ATP

Хачанов вышел в третий круг турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Россия

Аналитики оценили изменение высоты новостроек в городах России за 5 лет



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России