Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Новости за 01.10.2019

Тоҷикистон дар миёни 20 кишваре, ки "шароити соҳибкориро беҳтар кардаанд". Чӣ гуна?

Ozodi.org 

Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба феҳрасти 20 кишваре ворид кард, ки шароити пешбурди соҳибкориро дар як соли ахир беҳтар кардаанд. Дар ин бистгона ба ҷуз аз Тоҷикистон, Узбекистону Қирғизистон, Чин, Озарбойҷон ва кишварҳои африқоие ба монанди Того шомиланд. Бо вуҷуди ин пешрафтҳо, мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии Doing Business, ки ҳар сол аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ таҳия мешавад, хуб нест. Дар раддабандии охири “Doing Business-2019” ва ё “Пешбурди тиҷорат” мавқеи Тоҷикистон аз 123 ба 126 поин омада буд. Читать дальше...

Қаҳрамонии Осиё. Ҷойгоҳи футболбозони 19-солаи тоҷик куҷо хоҳад буд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, гуфт, вазифаи даста роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2020 миёни тимҳои мунтахаби зери 19-сола мебошад. Вай дар ин бора рӯзи 1-уми октябр дар нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳори назар кард.  "Омодагиро ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё аз 24-уми сентябр шуруъ кардем. Бештар ба тайёрии техникӣ таваҷҷуҳ доштем. Бачаҳо ба бозии аввал бо мунтахаби Молдив омодагӣ мегиранд. Ба мо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи ин даста каме иттилоот пешниҳод кард... Читать дальше...



Раҳимов: Вазифаи даста ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтан аст

Ozodi.org 

Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, гуфт, вазифаи даста роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2020 миёни тимҳои мунтахаби зери 19-сола мебошад. Вай дар ин бора рӯзи 1-уми октябр дар нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳори назар кард.

Норӯшаниҳои ба ихтиёри Чин додани кони нуқраи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Порлумони Тоҷикистон иҷоза дод, ки кони нуқраи "Якҷилва" дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ихтиёри як ширкати чинӣ қарор гирад. Аммо шуморе аз коршиносон ва соҳибназарон мегӯянд, "дороиҳои кишварро набояд ба ин шакл дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ гузошт". Ширкати "Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед"-и Чин барои корҳои истихроҷ дар кони нуқраи "Якҷилва" 39,6 миллион доллар сармоя ҷудо кардааст. Захираи ин кон 113 тонна нуқра гуфта мешавад.  Фаррух Ҳамрализода, раиси... Читать дальше...

Нишаст дар бораи занони тоҷик. Ҷойи баёни мушкилҳо ё..?

Ozodi.org 

Мақомот гуфтанд, дар нимаи аввали моҳи октябр дар кишвар "Форуми ҷумҳуриявии занон" баргузор хоҳад шуд, ки онро Озода Раҳмон – раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон – раҳбарӣ мекунад. Ба қавли манобеи расмӣ, "дар форум занони фаъол ва шинохта иштирок карда, масъалаҳои вобаста ба ҷомеа, фарҳанг ва омӯзиши духтаронро баррасӣ мешавад." Маълум нест, дар ин нишаст аз шиканҷаи занон дар хонавода ва талоқҳои зиёд, ки ба қавли созмонҳои байналмилалӣ вазъи бонувонро дар кишвар бад кардааст, хоҳанд гуфт, ё не. Читать дальше...

Трамп: Адам Шифф барои "хиёнат" ҳабс шавад

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп дар вокуниш ба нияти Маҷлиси намояндагони ин кишвар барои идомаи таҳқиқи  аъмолаш дар пешорӯи эъломи изҳори нобоварӣ, ҳамоно тунд вокуниш мекунад. Рӯзи 30 сентябр Трамп ишора кард, ки раҳбари таҳқиқот – намояндаи ҳизби демократ аз Калифорния Адам Шифф бояд “барои хиёнат” ҳабс шавад. Таҳқиқи конгресс баъди он шурӯъ шуд, ки як манбаъ дар Кохи Сафед гуфт, Трамп президенти Украина Владимир Зеленскийро фишор меорад, то ки ӯ таҳқиқи ҷиноии собиқ муовини президенти Амрико Ҷо... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 1-уми октябри соли 2019

Ozodi.org 

Дар натиҷаи заҳролудшавӣ дар ноҳияи Фархор ду кӯдак фавтида, се каси дигар бистарӣ шудаанд, писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон аз зиндон раҳо шудааст, қимати қанди чинӣ ба саломатии инсон, нишасти мунтахабҳои футбол дар арафаи мусобиқаи минтақавӣ ва матолиби дигар

Таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Чин. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, маъракаҳои расмии таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Хитойро раҳбарӣ кард. Ин маърака рӯзи 1-уми октябр бо ҳузури сад ҳазор нафар, аз ҷумла 15 ҳазор низомӣ баргузор шуд. Ҳукумати Чин талош кард, то нишон диҳад, ки тавоноии мубориза бо чолишҳо, аз ҷумла эътирозҳои чанд моҳи ахир дар Ҳонгконгро дорад.  Чин дар замони раҳбарии Сӣ Ҷинпинг маблағгузорӣ дар бахши низомиро афзоиш додааст. Бо он ки сарони кишварҳои дигар барои иштирок дар маросими рӯзи сешанбе даъват нашуда буданд... Читать дальше...

Дар ҳамлаи Толибон 11 ходими полис кушта шуд

Ozodi.org 

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки дар як ҳамлаи Толибон ба қароргоҳи полис дар вилояти шимолии Балхи Афғонистон дасти кам 11 афсари полис кушта шуд. Мунир Аҳмад Фарҳод, сухангӯи волӣ гуфт, ки субҳи барвақти 1 октябр корвони иборат аз тақрибан 400 ҷангҷӯи Толибон савори мотосикл ба қароргоҳи полис дар ноҳияи Шӯртеппа ҳамла карданд. Дар паи ин рӯёрӯии шадиде шурӯъ шуд, ки то ҳол идома дорад.  Мунир Аҳмад Фарҳод гуфт, ки дар ин ҳамла “11 афсари полис кушта шуд. Толибон ҳам қурбонии зиёд доданд”. Ба иттилои ин намояндаи давлат... Читать дальше...

Баҳси "сархуш будан ё набудан" дар парвандаи Кабир Кабиров

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба муҳокимаи дигарбораи парвандаи Кабир Кабиров, писари Аваз Кабиров -- молики бозори "Султони Кабир" -- оғоз карда, масъалаи сархуш будан ё набудани ӯро ҳангоми садама баррасӣ намуд. Кабир Кабиров дар моҳи марти имсол дар хиёбони марказии Душанбе бо худрави тамғаи "Лексус-450" ба садама дучор шуд. Дар ин садама ду нафар ҷон бохтанд.  Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи июли имсол Кабир Кабировро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳукм норозигии пайвандони... Читать дальше...

Бародари президенти Эрон ба панҷ сол зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Ҳусейн Фаридун, бародари раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, ба панҷ сол зиндон маҳкум шуд. Ба гузориши ИРНА -- хабаргузории давлатии Эрон, Ғуломмуҳсин Исмоилӣ, сухангӯи Додгоҳи олии Эрон рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, ки "Ҳусейн Фаридун ба 5 сол ҳабс, ҷазои нақдӣ ва баргардонидани мол ба маблағи 31 миллиард туман, маҳкум шудааст". Ӯ афзуд, ки "додгоҳи таҷдиди назар раъйи ниҳоиро дар мавриди Ҳусейн Фаридун содир кардааст ва ҳукми ҳафт сол ҳабс ба панҷ сол ҳабс поин оварда шудааст". Ба гузориши хабаргузории "Форс"... Читать дальше...

Таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Чин

Ozodi.org 

Сӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, маъракаҳои расмии таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Хитойро раҳбарӣ кард. Ин маърака бо ҳузури ҳарбиён ва техникаҳои низомӣ рӯзи 1-уми октябр дар майдони Тиёнанмени Пекин баргузор шуд. Чин дар замони раҳбарии Сӣ Ҷинпинг маблағгузорӣ дар бахги низомиро бештар кардааст.

Узбекистонии дар Туркия кушташударо дар фоҳишагӣ айбдор карданд

Ozodi.org 

Додситонии Туркия ба омӯзиши парвандаи марги зодаи Узбекистон, Нодира Қодироваи 23-сола шуруъ кард, ки рӯзи 24 сентябр дар манзили генерали мустаъфии турк Ширин Унал аз таппонча кушта шуд. Дар ин бора расонаҳои Туркия хабар доданд. Додситонӣ Лайло Ниёзова, дугонаи Нодираро бозпурсӣ кардааст. Муфаттишони додситонӣ Нодираи кушташуда ва дугонаи ӯро дар фоҳишагӣ айбдор мекунанд. "Ман ҳаргиз Нодираро ба фоҳишагӣ маҷбур накарда ва чунин шароит ҳам фароҳам наовардаам. Ман ба Тошканд маҳсулоти нассоҷӣ... Читать дальше...

Фурӯши маводи мухаддир бо Telegram: айбдоршаванда зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Қазоқистон рӯзи 30 сентябр як сокини 22-соларо бо айби дарёфт кардан, нигаҳ доштан ва фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми калон, шаш сол зиндонӣ кард. Ин мард эълони фурӯши маводи мухаддирро тавассути паёмакрасони Telegram ба роҳ монда буд. Ба иттилои тафтишот, марди айбдоршаванда дар Telegram ҳам эълони фурӯши маводи мухаддирро ба роҳ монда ва ҳам онро нархгузорӣ карда ва маблағи фурӯшро низ тавассути замимаи мобилӣ ба даст меовардааст. Тафтишот натавонист, муайян кунад, ки ин мард маводи мухаддиро аз куҷо дастрас мекард. Читать дальше...

Парвандаи интиқоли 5 млн доллари фурудгоҳи Манас ба хориҷ

Ozodi.org 

Хадамоти давлатии мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон муайян кардааст, ки 5 миллион доллари корхонаи "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" ба воситаи ширкатҳои оффшорӣ ба хориҷ интиқол дода шудааст. Ба огаҳии хадамот, раҳбарияти "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" соли 2014 барои ба даст овардани 100 дарсади саҳмияҳои ширкати "Маркази сӯзишворӣ", ки он замон дар вартаи муфлисшавӣ қарор дошт, созишномаеро ба имзо расондааст. Ширкати "Ф.С.Л.", ки раҳбараш шаҳрванди Қибрис аст, моҳи декабри... Читать дальше...


Музыкальные новости
Булат Окуджава

В БРХК прошел Урок памяти Булата Окуджавы





Rss.plus
Чемпионат

Мужская команда ВК "Тамбов" прошла в полуфинал Чемпионата России




Жители столицы: Брянск за последние годы серьезно преобразился

Зоопарк Удмуртии передал Приамурью яйца с эмбрионами японских журавлей

Горокруг Пушкинский откроет 13 детских лагерей к лету

Мужчина перепрыгивает лужу у торговых рядов, 2000 год, Москва




"Кӯҳ"-и партовҳои пластикӣ дар соҳили Тебалай. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб мегӯянд, ки дар нӯҳ моҳи ахир чандин бор маҷрои Тебалайро аз партовҳои пластикӣ пок кардаанд. Аммо сокинон мегӯянд, ки ёд надоранд маҷрои ин сой, ки аз маркази шаҳри Кӯлоб мегузарад, бори охир кай аз партовҳо пок карда шудааст. Ин масъала айни замон нигаронии сокинони шаҳрро ба миён овардааст. Ба гуфтаи сокинони маҳаллаи Чармгарони поён, партовҳо ва зарфҳои пластикӣ дар ин рудхона рӯз аз рӯз мисли "кӯҳ" ҷамъ мешавад, вале дар бартараф кардани он касе тайи чанд соли ахир иқдом намекунад. Читать дальше...

"Кӯҳ"-и партовҳои пластикӣ дар сойи Тебалай

Ozodi.org 

Мақомоти Кӯлоб мегӯянд, ки дар 9 моҳи ахир чандин бор маҷрои Тебалайро аз партовҳои пластикӣ пок кардаанд. Аммо сокинон мегӯянд, ки ёд надоранд маҷрои ин сой бори охир кай аз партовҳо пок карда шудааст.

Норвегия 45 шаҳрванди Қазоқистонро ихроҷ кард

Ozodi.org 

Ойбек Смадиёров, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 30 сентябр хабар дод, ки Норвегия 45 шаҳрванди Қазоқистонро ба далели вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ихроҷ кардааст. Ба гуфтаи Смадиёров, 59 тан аз қазоқистониҳо бо визаи сайёҳӣ вориди Норвегия шуда, аммо ба меҳнат машғул будаанд. Вай гуфт, интизор меравад, 14 шаҳрванди боқимондаи Қазоқистон ба зудӣ ихроҷ шаванд. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки шаҳрвандони ин кишвар дар Русия визаи Норвегияро дарёфт мекунанд. Читать дальше...

Ҷоми Тоҷикистон-2019: Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ

Ozodi.org 

Бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол имрӯз, 1-уми октябр, бо ширкати чаҳор даста (се дастаи лигаи олӣ ва як дастаи лигаи аввал) баргузор мешаванд. «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо намояндаи лигаи аввал - «Ҳулбук»-и Восеъ - рақобат мекунад. Дар бозии дигар, ки дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад, ду дастаи лигаи олӣ -  «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Ҳарду бозӣ соати 16:00 оғоз меёбад. Читать дальше...

Заҳролудшавӣ дар Фархор. Ду кӯдак ҷон бохт ва се тан бистарӣ шуд

Ozodi.org 

Бар асари заҳролудшавӣ аз як гиёҳи заҳрогин дар яке аз пахтазорҳои ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор, ду кӯдак фавтида ва се тани дигар бистарӣ шудаанд. Ҳодиса рӯзи шанбеи 28-уми сентябр рух додааст. ​Раҷабалӣ Қурбонов, сартабиби беморхонаи ноҳияи Фархор рӯзи 1-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асари ин ҳодиса Азизулло Сафарови шашсола ва Сумайя Сафароваи ҳаштсола ҷон бохта, се кудаки дигар айни ҳол дар бемористони Қаряи Болои Душанбе зери муроқибати табибон қарор доранд. Вазъи саломатии ин се нафар вазнин арзёбӣ мешавад. Читать дальше...

Муборизаи паҳлавонон барои Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Хуҷанд

Ozodi.org 

Аз 2-юм то 5-уми октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.  Дар ин мусобиқа, ки барои бори ҳафтум барпо мегардад, ширкати ҳудуди 250 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия дар назар аст. Мусобиқаи имсола аз рӯи 7 дараҷаи вазнҳо миёни мардон (-60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) доир мегардад. Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ғолибону ҷоизадорони... Читать дальше...



Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Лоза

Певец Юрий Лоза обвинил в убийстве Владислава Листьева «финансовых воротил»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Пензенские регбистки выиграли первенство России

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице


WTA

Павлюченкова не смогла выйти в третий круг турнира WTA 1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» правит миром, расшифровал «ДНК В.И.Ленина», отменяет налоги. И… отключает институты времени. Разгадка «научных теорий заговоров».



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России