Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Муборизаи паҳлавонон барои Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Хуҷанд

0
Муборизаи паҳлавонон барои Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Хуҷанд

Аз 2-юм то 5-уми октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор мешавад. 

Дар ин мусобиқа, ки барои бори ҳафтум барпо мегардад, ширкати ҳудуди 250 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия дар назар аст. Мусобиқаи имсола аз рӯи 7 дараҷаи вазнҳо миёни мардон (-60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) доир мегардад.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар ҳар як вазн ба ҷуз медалу ифтихорнома, ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад. Ба ғолиб 10000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 5000 сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 2500 сомонӣ муқаррар шудааст.

Мусобиқа барои Ҷоми президенти Тоҷикистон аз соли 2013 доир мешавад. Се бор (солҳои 2013-2015) ин мусобиқа дар шаҳри Душанбе барпо гардида буд. Соли 2013 Виталий Дудчики украинӣ дар вазни зери 81 кило ва Ислом Ал-Шаҳобӣ аз Миср дар вазни мутлақ ғолиб шуданд. Дудчик дар қувваозмоии ниҳоӣ гуштигири тоҷик Фарҳод Раҳимовро мағлуб кард. Ал-Шаҳобӣ бошад, дар финал бар паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дастболо шуд.

Баъдан ду бор Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон гардидааст. Ӯ соли 2014 дар қувваозмоии ҳалкунанда барои ҷоизаи аслӣ бар ҳамватанаш Зиёратшо Баротов пирӯзӣ ба даст овард. Абдураҳмонов соли 2015 дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Александр Ваховяк аз Беларус ғалаба кард.

Чорумин давраи Ҷоми президенти Тоҷикистон соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд. Станислав Бондаренко аз Украина, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Алекс Гарсия Мендозаро аз Куба шикаст дод, бо Ҷом, медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт.

Ба варзишгари кубагӣ барои ҷойи дувум медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Мӯҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев (ҳарду аз Узбекистон), ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаҳои молӣ ҳар кадом ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Зимнан, дар мусобиқаи соли 2016 барои Ҷоми президенти Тоҷикистон мизбонон барои аввалин бор аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.

Мусобиқаи соли 2017, ки 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат барпо гардид, бо пирӯзии паҳлавони тоҷик  Саидҷалол  Саидов  ба поён расид. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Комроншоҳи Устопириён  ғолиб омад. Саидов бо Ҷоми президенти Тоҷикистон, медали тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид. Устопириён барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд.

Гуштигирон Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон) ва Шаҳриёр Идрисов (Қирғизистон), ки ҷойҳои севумро азони худ карданд, ҳар кадом бо медалҳои биринҷӣ ва 16 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар мусобиқаи соли гузашта, ки аз 2-юм то 5-уми октябр дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор шуд, 248 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат дошт.

Мусобиқаи порсола аз рӯи ҳафт дараҷаи вазнҳо миёни мардон сурат гирифт. Дар чаҳор вазн паҳлавонони тоҷик Раҳматулло Фарҳодов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд. Дар се вазни дигар гуштигирони узбек Достон Рӯзиев (-60 кг), Абдуҷалил Юсупов (-66 кг) ва Достон Мелиев (-90 кг) ғолиб омаданд.





Губернаторы России
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу





Москва

Всеармянский союз «Гардман-Ширван-Нахиджеван» осуждает лживое заявление президента Азербайджана Алиева


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Олег Лундстрем

«Борис Фрумкин – 80!»: Государственный камерный оркестр джазовой музыки имени Олега Лундстрема отпраздновал юбилей своего худрука большим концертом




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников

В Москве задержали израильского футболиста, разыскиваемого Интерполом

Студент из Волоколамска стал бронзовым призером чемпионата «Абилимпикс»


Андрей Рублёв

Теннисист Рублев объяснил, почему проиграл сет в первом круге "Ролан Гаррос"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Ветераны СВО с тяжелыми ранениями смогут получить машины с ручным приводом



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России