Дар Тоҷикистон як бонки нав таъсис ёфт
Дар Тоҷикистон боз як бонки нав "Арванд" ба кор шуруъ намуд. Дафтари матбуотии Бонки миллӣ мегӯяд, бонки нав дар заминаи ташкилоти қарзии "Арванд" ва "Акссесбонк Тоҷикистон", таъсис дода шудааст.
Ба қавли манбаъ, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ бо супурдани иҷозатнома ба бонки навтаъсис "ба дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои арзону босифат" дастур додааст.
Саҳҳомони "Акссесбонк Тоҷикистон" ва ташкилоти қарзии "Арванд", ки дар якҷоягӣ бонки "Арванд"-ро таъсис доданд, асосан созмонҳои молии хориҷӣ мебошанд. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, саҳмияҳои "Акссесбонк Тоҷикистон" дар дасти ширкати "Access Microfinance Holding AG" мебошад.
Феълан дар Тоҷикистон 17 бонк ва ҳудуди 60 ташкилоту фондҳои қарзӣ амал мекунанд.
Бонки нав дар шароите таъсис мешавад, ки ду бонки калонтарини кишвар "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" гирифтори буҳрон ҳастанд.