Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Додгоҳ ҳукми Кабир Кабировро тайғир дод ва 10 сол зиндонӣ кард

0
Додгоҳ ҳукми Кабир Кабировро тайғир дод ва 10 сол зиндонӣ кард

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баъд аз муҳокимаи дигарбораи парвандаи Кабир Кабиров, писари Аваз Кабиров – молики бозори “Султони Кабир” – ҳукми ӯро тағйир дод ва 10 сол зиндонӣ кард. Ӯ давраи ҷазои худро дар зиндони низомаш умумӣ сипарӣ хоҳад кард.

Кабиров моҳи июли имсол ҳаштуним сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Вале даъвогарон ҳукми ӯро сабук дониста, ба баррасии дубораи парванда пойфишорӣ карданд.

Ҳукми нави додгоҳ рӯзи 2-юми октябр содир шуд. Ҳанӯз вокуниши пайвандони Кабир Кабиров дастрас нест. Даъвогарон гуфтанд, ба зудӣ дар ин бора изҳори назар мекунанд.

Кабир Кабиров дар моҳи марти имсол дар хиёбони марказии Душанбе бо худрави тамғаи "Лексус" ба садама дучор шуд ва дар ин ҳодиса ду нафар аз ҳамроҳонаш – Саидҷаъфар Саидов ва Некзод Саҳобиддинзода (ҳарду 19-сола) ҷон бохтанд.

Тарафи даъвогар иддао дошт, ки Кабиров дар лаҳзаи рондани мошин сархуш буд ва ба ҳамин далел бояд ҷазои сахттар гирад. Ҳоло маълум нест, ин иддаои ҷониби даъвогар дар додгоҳ тасдиқ шудааст, ё не.

Ин масъала дар мурофиаи рӯзи 30-юми сентябр низ дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баррасӣ шуда буд. Мақомоти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар лаҳзаҳои аввали баъди садама гуфтанд, Кабир Кабиров “бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, аввал ба девори бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанӣ бархӯрдааст”.

Ҳодиса дар маркази Душанбе ва начандон дур аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар дили шаҳр рух дод. Кабир Кабирови 19-сола донишҷӯи соли якуми факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Ҳоло рӯшан нест, якуним сол зиёдтар шудани муҳлати ҷазои Кабир Кабиров бар асоси кадом далел аст. Мақомоти додгоҳ ҳозир нашуданд, ҷузъиёти парвандаро ошкор кунанд.

Солҳои охир чанде аз садамаҳо бо иштироки фарзандони мақомоти тоҷик ва афроди шинохтаву сарватманд рух додааст. Мунтақидон онҳоро барои суистифода аз мақому нодида гирифтани қонунҳо муттаҳам мекунанд. Бархеи дигар мегӯянд, ки садама тасодуфист ва аз кӣ чикора будани одам вобаста нест.  

Дар Тоҷикистон ҳар  сол садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ва ҳазорон нафари дигар захмӣ ва маъюб мешаванд.

Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тан маҷрӯҳ шудаанд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

Выгодно ли покупать квартиру в новостройке?


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Вячеслав Бутусов

Маликов – до 75 тысяч, Бутусов – бесплатно: цены на концерты звезд в дни экономического форума в Петербурге




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан


Ролан Гаррос

Медведев пошутил о том, что часто проводит ночные матчи на турнирах «Большого шлема»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России