Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Омодагӣ ба интихобот дар Тоҷикистон. Бо ё бе интригаи сиёсӣ?

0
Омодагӣ ба интихобот дар Тоҷикистон. Бо ё бе интригаи сиёсӣ?

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон раванди омодагӣ ба интихоботи порлумониро оғоз кард. Ҳизбҳои дигар қасд доранд, ки ба ин корзор ҳамроҳ шаванд, ҳарчанд баъзеи онҳо ба натиҷаҳои он чандон хушбин нестанд.

Оғози поёни мавсими сиёсӣ

Пайкорҳои интихоботиро дар Тоҷикистон мешавад бозшуда донист. Рӯзи 27-уми сентябри имсол ҳизби ҳоким ҷаласаи Кумитаи марказияшро баргузор кард ва дар он масъалаи иштироки онҳо дар интихоботи порлумонии соли 2020 баррасӣ шуд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ҳам гуфт, ба ниҳодҳои зидахл дастур шудааст, "ба баргузории интихобот дар сатҳи лозим, бо риояи усулҳои демократӣ, шаффоф ва озодана омодагӣ гиранд". Созмонҳои байналмилалӣ интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистонро ғайридемократӣ ва ғайришаффоф хонда буданд. 

Ҳизбҳои дигар нишастҳои ҳизбиро бо ҳадафи омодагӣ ба интихоботи порлумонӣ ба зудӣ оғоз мекунанд ва талош доранд, бо ҳизби ҳокими президентӣ ҳамқадам бошанд.

Интизориҳои тазодомез

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода рӯзи 2-юми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо то ҳоло ҷаласаи шӯрои сиёсии ҳизбро баргузор карданд ва дар он ба раисони бахшҳои ҳизб дар минтақаҳо супориш шудааст, ки рӯйхати номзадҳои худро пешниҳод кунанд. Анҷумани пешазинтихоботии ҳизб, қарор аст, дар миёнаҳои моҳи декабри имсол баргузор шавад.

Ин вакили тоҷик эътироф мекунад, ки "рақобат бо ҳизби ҳоким сахт аст", вале бо вуҷуди ин изҳори умед мекунад, ки ҳизбашон ба дарёфти курсии вакилӣ муваффақ мешавад.

"Албатта, мехоҳем, 50-51 дарсади курсиҳои порлумонро соҳиб шавем, вале рақобати сахт вуҷуд дорад, хусусан дар баробари ҳизби ҳоким. Аксари мансабдорон ва шахсони бонуфуз ва инчунин аъзои ҳукумат узви ин ҳизбанд. Имкониятҳои ин ҳизб зиёд аст. Мо бихоҳем ё нахоҳем механизмҳои давлатӣ барои пешбурди ҳизб истифода мешаванд. Аз ин рӯ, мехоҳем ҳадди ақал на кам аз 10 дарсади порлумонро зери назар бигирем," – афзуд ӯ.

Ин вакил таъкид мекунад, ки интихобти пешорӯ бояд шаффофтар баргузор шавад. Айни замон гуфт, "аз он ҷо ки ҳизби мо дар муддати 5 сол дар арзёбии масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ фаъол буд, ҷомеа низ ба он бояд баҳои сазовор диҳад."

Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоев ҳам изҳор намуд, ки ҳизби онҳо ба омодагӣ барои интихоботи порлумонӣ оғоз кардааст. Ӯ дар мавриди иштирок дар интихоботи порлумонӣ чашмандози хушбинона дорад. "Ҳоло аз рӯи назарсанҷии ҳизб мо бояд ҳадди ақал 12-15 дарсади райъи интихобкунандаҳоро соҳиб шавем. Рӯйхати ҳизб дар анҷуман дар оғози моҳи декабр пешниҳод мешавад", -- гуфт Бобоев.

Ба қавли ӯ, феълан ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳеч мушкил надорад, магар ин ки мушкилҳо дар раванди ҷамъоварии имзо сар бизананд.

Раиси коммунистҳои Тоҷикистон Меъроҷ Абдуллоев гуфт, ки ҳизби онҳо то кунун ҷаласаашро нагузаронидааст, вале рӯйхати пешакиро ба баррасӣ гирифтаанд. "Дар ҳоли ҳозир арзёбӣ дорем, бо ҳукуматҳои маҳал ва дар дохили ҳизб кор мекунем. Имкон надорад, ки бигӯям мо чанд дар сади раъйро метавонем бигирем, зеро назарсанҷӣ ва суҳбатҳоро нагузаронидаем", -- мегӯяд Абдуллоев.

Ӯ афзуд, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дучори кадом мушкиле нест ва баъд аз баргузории анҷуман дар оғози моҳи декабри имсол, ба тартиби сода ба интихобот омодагӣ мегирад.

Вале на ҳама ҳизбҳо ба интихоботи пешорӯ бо хушбинӣ менигаранд. Амният Абдуназаров, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки онро коршиносон ягона ҳизби мухолиф дар кишвар медонанд, гуфт, ҳизб то кунун ба таври ниҳоӣ тасмим нагирифтааст, ки дар интихобот ширкат мекунад ё не.

Вай афзуд, "дар шароити кунунӣ, бахусус вазъи иқтисодии Тоҷикистон барои ҳизбҳои мухолиф то андозае мушкилоти зиёде ҳосил мешавад. Ҳамзамон бовари мардум ба интихобот ва шафофияти он кам шудааст. Дар худи ҳизб ҳам ин андеша вуҷуд дорад, ки иштирок дар интихоботи ноодилона ва ғайришаффоф маънӣ надорад. Ин аст, ки то кунун тасмим нагирифтаем", -- гуфт Абдуназаров.

Ба гуфтаи Абдуназаров, масъалаи ҳузури онҳо дар интихобот бастагӣ ба вазъи иқтисодӣ ва сиёсӣ дорад. Раиси ин ҳизб қаблан дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки дар интихоботи порлумонии соли 2015 аз бонк қарздор шуда буд. 

Бидуни интригаи сиёсӣ

Порлумони Тоҷикистон дар даврони баъдиҷангӣ, асосан аз намояндаҳои ҳизби президент иборат буд ва дар даврони фаъолияти худ миёни доираҳои коршиносӣ ба унвони “порлумони идорашаванда” шуҳрати хос дорад. 

Дар интихоботи соли 2015 ба ин ниҳод ду ҳизби мухолифи аслӣ – Ҳизби коммунист ва ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ роҳ наёфтанд. Он замон Ҳизби халқӣ-демкоратӣ 62,5 дарсад, Ҳизби агарарӣ 11,8 дарсад, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 7,6 дарсад ва Ҳизби сотсиалистӣ – 5,5 дарсад райъи мардумро ба даст оварданд. Ҳизбҳои дигар садди 5 дарсадиро натавонистанд гузаранд.

Агар он замон интригаи асосии интихоботро коршиносон рақобат барои мақоми дувум медонистанд, ҳоло ин мавзуъ ҳамчунон боқист. 

Абдуманнон Шералиев, шореҳи тоҷик дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, интихоботи пешорӯ аз гузаштаҳо фарқи қобили мулоҳизае хоҳад дошт. "Он замон ҳам мардум медонистанд, ки ҳизби ҳоким пирӯз хоҳад шуд, лекин вуҷуди аҳзоби мухолиф ва ташкили эътилофу муборизаи воқеии интихоботӣ саҳнаро гарм карда буду умеде дар дилҳои интихобкунандагон вуҷуд дошт. Ҳоло ин ҳама нест ва интихобот ҳам бештар шабеҳи интихоботҳои Туркманистон ё Узбекистони давраи Каримов хоҳад буд. Нигаронидашуда на ба мухотаби дохилӣ, балки ба хориҷӣ", -- таъкид менамояд Шералиев.

Ба гуфтаи ӯ, "интрига дар интихоботи ояндаи президентӣ мешавад, ки қудрат ба писари раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ ё духтараш Озода Раҳмон интиқол хоҳад ёфт ва ҳамчунин чолише, ки дар баробари он ҳукумати Тоҷикистон метавонад қарор бигирад, агар Маскав бозиҳои худро роҳ биандозад."

Ба ин дидгоҳ сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов мухолиф аст. Ба назари ӯ сарфи назар аз баъзе тағйирот дар сиёсати дохилӣ нерӯҳои дунявӣ имконот барои рақобати сиёсиро доранд. "Баъд аз райъпурсии соли 2016 дар мо ташкили ҳизби хусусияти динидошта манъ шуд ва дар саҳна 7 ҳизб монд. Агар онҳо битавонанд барномаҳои хубе таҳия кунанд ва аз ҳимояти доираҳои гуногуни сиёсиву молӣ бархӯрдор шаванд, пас, эҳтимол дорад шоҳиди як рақобати сиёсӣ шавем. Агар ин рақобат миёни 7 ҳизб ҳам набошад, ҳадди ақал миёни ду ҳизб метавонад сурат гирад", -- мегӯяд Мамадазимов.

Ба назари ӯ дар ин бора замоне мешавад дақиқ суҳбат кард, ки ҳизбҳо анҷуманҳои худро баргузор намоянд.

Интихобот ба ниҳоди қонунгузори Тоҷикистон, қарор аст, моҳи марти соли 2020 баргузор шавад. Тирамоҳи ҳамн сол баргузории интихоботи президентӣ дар назар аст. Дар лоиҳаи пешниҳодии будҷаи соли 2020 ҳукумат барои интихоботҳои порлумонӣ ва президентӣ 80 миллион сомонӣ (чизе бештар аз 8 миллион доллар) ҷудо кардааст.

Бояд гуфт, дар давраҳои гузашта ҳеч кадом аз интихоботи Тоҷикистон аз сӯйи ниҳодҳои ғарбӣ демократӣ ва озод эътироф нашудаанд, ҳарчанд нозирони кишварҳои пасошӯравӣ аз он ситоиш кардаанд.





Губернаторы России
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 3 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Песня

Продвижение Музыки. Раскрутка Музыки. Продвижение Песни. Раскрутка Песни.




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан


Ролан Гаррос

Медведев пошутил о том, что часто проводит ночные матчи на турнирах «Большого шлема»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


News Every Day

‘Please don’t play that at matches next season’, beg Luton fans after Coldplay reveal new song for Hatters at festival



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России