Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Чаро сафири Амрико дар Тоҷикистон ночор шуд?

0
Чаро сафири Амрико дар Тоҷикистон ночор шуд?

“Рузи забон” ва даъватҳо аз ҳар тараф ба арҷгузории забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ маро ба ёди воқеае бурд, ки тақрибан ҳаждаҳ сол пеш руй дода буд.

Президенти Тоҷикистон сафири вақти Амрикоро дар Қасри президент дар хиёбони Рудакӣ ба ҳузур пазируфт. Пас аз мулоқот ҷаноби сафир берун омад, дасташро ба ишораи "биёед, суҳбат мекунем", афшонд ва гуфт “ҳар касе тоҷикӣ медонад, ба ман суол диҳад”.

Чунини даъват ғайримунтазира буд. Гурӯҳи журналистони расонаҳои тоҷикзабон ба назди сафир давиданд, вале он даъват хабарнигорони русизабонро, ки аксарашон дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, вале забони тоҷикиро намедонистанд, ҳайрону нороҳат кард. Пас аз суолу ҷавоб бо сафир баъзе посухҳои ӯро барои журналистони русизабон тарҷума ҳам кардем, то аз иттилоъ бенасиб намоннанд.

Аз ин бархурди ҷаноби сафир дар ин мулоқот то андозае бо ҳисси қаноатмандӣ ва ифтихор аз Қасри президент берун шудему гузоришҳои худро дар бораи ин вохурӣ пахш кардем.

Вақте ман ин руйдодро ба журналистоне, ки дар роҳ медидам ва дар нишастҳо вомехурдам, нақл мекардам, онҳо мегуфтанд: “Аҷиб аст, бубинед сафири Амрико ба тоҷикӣ ҳарф мезанад, пас забони давлатиро эҳтиром мекунад!”

Аз он воқеа чанд моҳ гузашту боз мулоқоти президенти Тоҷикистон бо сафири Амрико сурат гирифт ва мо, хабарнигорон, пушти дар мунтазири берун омадани ӯ шудем. Журналистони русизабон моро пеш гузаронда, худ андаке ақибтар меистоданд.

Вақте сафир ба назди хабарнигорон баромад дасташро бардошт ва гуфт: "Ҳар касе русӣ медонад, суол диҳад."

Мо хабарнигорони тоҷикзабон дар тааҷҷуб мондем. Дигар фурсати баҳс  набуд, ки сабаб пурсем, яъне чаро чанд муддат қабл мегуфтед, ки тоҷикӣ суол диҳед, ҳоло мегӯед, русӣ.

Пас аз суолу ҷавоби сафир ба назди тарҷумони ӯ рафтам ва пурсидам, ки чаро чунин шуд?

Малум шуд, сафир ҳарчанд пеш аз омаданаш ба Тоҷикистон бо тамоми нерӯ тоҷикиро омӯхтааст, дар байни камтар аз ним сол дарк кард, ки бояд русӣ суолу ҷавоб кунад. Сабаб дар он буд, ки ба номаҳои тоҷикию англисии сафорат вазорату мақомот ба русӣ посух менавиштанд ва мулоқотҳояш бо мансабдорон ба русӣ ҷараён мегирифтаанд.

Бархе аз ҳампешагон, ки гуфтаҳои пешинаи маро шунида буданд, акнун ришханд мезаданд.

Баъдтар вақте ки мо дар нишастҳои хабарӣ ва мулоқоту ҳамоишҳо ширкат мекардем ва медидем, ки бархе мансабдорон бо забони олуда суҳбат мекарданд.

Имрӯз вазъ каме тағйир кардааст, аммо дар мулоқот бо аҳли зиё рӯзи 4 октябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳарчанд "забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид",  ғалатгӯиву ғалатнависӣ ва омехтасозии забон боиси нигаронист.

Вай афзуд: "Бо вуҷуди ин, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадоранд, ки иҷрои ҳатмии талаботи қонуни мазкурро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда, барои риояи меъёрҳои он ва рушди бемайлони ин забони шоирона талош варзанд."

Пас паёми сафири Амрико бо он рафтори ҳануз он 18 сол пешаш дуруст будааст, ӯ на танҳо забони ин мардум, балки қонуни онро эҳтиром карданӣ шудааст, вале вазъи мавҷуда сафирро ночор кард? Аммо пурсиши асосӣ шояд ин аст, ки чаро то ҳол ин даъват бояд садо диҳад ва то чанди дигар батакрор садо хоҳад дод?

Аз Идора. Матолибе, ки дар гушаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.





Губернаторы России
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 5 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Желдорреммаш

Уссурийский ЛРЗ расширяет форматы промышленных экскурсий на предприятие




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России


Арина Соболенко

Разгром за час определил следующую соперницу Арины Соболенко на «Ролан Гаррос»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Концерт группы "Пикник" состоится 1 июня в Москве



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России