Путин меравад, Раҳмон чӣ? Дар Ишқобод ҷаласаи сарони ИДМ баргузор мешавад
Рӯзи 11 октябр дар Ишқободи Туркманистон раҳбарони кишварҳои узви Итиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони ин созмон ҷамъ мешаванд. Ба иттилои расмии котиботи ИДМ, дар ҷаласаи президентони кишварҳои узви ин созмон, эъломияи ҳамкориҳои стратегии иқтисодӣ ва Барномаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти ифротгароӣ имзо шавад. Инчунин қарор аст раҳбарии давраии ин созмон ба Узбекистон гузарад, созмоне, ки ҳамчун вориси Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфта, аз тарафи коршиносон "клуби президентҳо" унвон шудааст ва амалан нуфузи зиёде надорад. Хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, ки дар ин нишаст президенти Русия Владимир Путин иштирок хоҳад кард.
Феълан маълум нест, ки оё президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба Туркманистон сафар мекунад ё хайр. Соли гузашта, замоне, ки раҳбарии давраии ин созмон аз Душанбе ба Ишқобод мегузашт, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ин нишаст ҳозир нашуд ва бархе таҳлилгарони сиёсӣ вуҷуди сардӣ дар равобити ду ҳамсояи наздикро далели худдории президенти Туркманистон аз сафар ба Тоҷикистон арзёбӣ кардангд. Мақомоти тоҷик Туркманистонро дар эҷоди монеаҳо дар убуру мурури мошинҳои боркаш аз қаламрави ин кишвар айбдор кардааст.
То ҳол дар ин замина тағйироте мушоҳида намешавад. Як рӯз пеш аз ҷаласаи сарони кишварҳо, дар пойтахти Туркманистон ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи ин созмон баргузор шуд ва дар ҳошияи он Сергей Лавров бо ҳамтоҳояш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби, ба истилоҳ, гурӯҳи панҷгона ба иловаи Русия дидору гуфтугӯ карданд. Тоҷикистонро дар ин нишаст вазири хориҷа Сироҷиддин Мӯҳриддин намояндагӣ кард.
Озарбойҷону Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистону Украина шомили ИДМ ҳастанд. Гурҷистон баъди ҷанги кӯтоҳмуддати соли 2008 бо Русия аз узвияти он хориҷ шуд. Украина ба далели мухолифатҳояш бо Русия ва ишғоли Қрим аз тарафи Маскав дар соли 2014 чанд сол боз намояндагони худро ба нишастҳои созмон намефиристад.