Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Русия ва Арабистони Саудӣ даҳҳо қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд

0
Русия ва Арабистони Саудӣ даҳҳо қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд

Раиси ҷумҳури Русия ва подшоҳи Арабистони Саудӣ дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Риёз, ҳудуди 20 созишномаи чандмиллиарддолларӣ имзо карданд. 

Ин созишномаҳо рӯзи душанбеи 14-уми октябр ба имзо расид ва шомили тиҷорат, сармоягузорӣ дар бахшҳои фазоӣ, фарҳанг, беҳдошт, технологияи пешрафта ва зироат мебошад. Кремл гуфт, ҳадафи сафари Путин ҷалби сармоя ба Русия аст.

Сафари Владимир Путин ба Арабистони Саудӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки танишҳо дар минтақа рӯ ба афзоиш аст. Маскав аз муттаҳидони аслии Эрон -- рақиби суннатии Арабистони Саудӣ ба шумор меравад. Русия дар айни ҳол робитаҳои худ бо Арабистони Саудиро низ густариш дод ва сафари оқои Путин низ дар ҳамин росто арзёбӣ мешавад.

Шоҳзода Абдулазиз бин Салмон, вазири энержии Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки Риёз ва Маскав бар сари "тақвият"-и робитаҳои гурӯҳи маъруф ба "ОПЕК", ба созиш расиданд. Ин тавофуқ миёни Арабистони Саудӣ ва Русия бар сари шеваи тавлиди нафт ва коҳиши мизони он, ба ҳадафи назорати нархи ин манбаи энержӣ анҷом мешавад. Ин ду кишвар дар канори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, муҳимтарин тавлидкунандаи нафти ҷаҳон ҳастанд.

Дар баёнияе, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия нашр кард, оқои Путин дар мулоқот бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ аз тарҳи муштараки сармоягузории хориҷӣ ба маблағи 10 миллиард доллар дар Русия, хабар додааст.

Владимир Путин дар ҷараёни сафари худ гуфтааст, ҳукумати ӯ "аҳамияти вижае барои рушди робитаҳои дӯстона ва манфиатҳои муштарак бо Арабистони Саудӣ қоил аст". Путин дар мулоқот бо валиаҳди Саудӣ низ таъкид кардааст, ки ҳадаф аз ҳамкориҳои ду кишвар, "тақвияти сулҳу субот дар минтақа" аст.

Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ низ гуфтааст, ки Риёз "дар ҳар мавриде, ки ба субот, амният ва сулҳ кӯмак кунад, ба мубориза  бо ифротгароӣ ва терроризм кӯмак кунад ва ба рушди иқтисод ёрӣ бирасонад", бо Маскав ҳамкорӣ мекунад.

Нахустин сафари Путин аз Арабистони Саудӣ дар соли 2007 сурат гирифт. Нахустин сафари подшоҳ Салмон бин Абдулазиз ба Русия дар соли 2017 анҷом шуд.

Раиси ҷумҳури Русия пас аз Арабистони Саудӣ роҳии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мешавад.





Губернаторы России
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году





Москва

В Подмосковье сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже товаров из магазина


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: В июне в Москве пройдет цикл мероприятий для собак и их владельцев



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

«Своя жизнь»: Волочкова отказалась поздравлять бывшего мужа с рождением сына




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

САРАТОВСКИЕ СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ЗАНЯЛИ ПРИЗОВЫЕ МЕСТА НА ЧЕМПИОНАТЕ ПО СПОРТИВНОМУ ОРИЕНТИРОВАНИЮ

Бойцовская лига «Наше Дело» представит спортивную зону на Дне России

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть


Ролан Гаррос

Арина Соболенко повторила уникальное достижение Азаренко на турнирах «Большого шлема»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Киев

Столтенберг решил не встречаться с Зеленским в Брюсселе



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России