Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

90 сол пас аз таъсиси РСС Тоҷикистон. "Инқилоб" ба тоҷикон чӣ дод?

0
90 сол пас аз таъсиси РСС Тоҷикистон.

Рӯзи 15-уми аз таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ, 90 сол сипарӣ шуд. Дар як ҳамоиши илмӣ таърихшиносон дар бораи бурду бохт аз чунин шакли давлатдорӣ изҳори назар карда, изҳор доштанд, ки маҳз ба ҷумҳурии ҷудогона аз Ҷумҳурии Узбекистон табдил шудани Тоҷикистон, заминаро барои касби истиқлол дар соли 1991 фароҳам кардааст.

15-уми октябри соли 1929 дар бинои "Хонаи деҳқон", ки сипас ба Театри русии ба номи Владимир Маяковский табдил дода шуд, ҳайати шӯроҳои Тоҷикистон эъломияи баромадан аз ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Узбекистон ва дохил шудани ба унвони ҷумҳурии 7-уми комилҳуқуқ ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравиро қабул карданд. Чанд сол қабл дар чаҳорчӯби "Генплан" ё бозсозии шаҳри Душанбе бинои ин театр тахриб шуда, ҳоло маҳалли он майсакорӣ шудааст.

Маросими таҷлил аз 90-мин солгарди таъсиси Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравиро гурӯҳе аз таърихшиносони кишвар дар бинои Маркази дастхатҳои нодири Академияи илмҳо баргузор карданд. Дар барномаи ин ҳамоиш ширкат ва суханронии Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳо ва Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон эълон шуда буд. Аммо ин ду нафар дар ниҳоят ҳузур наёфтанд ва Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, ноиби президенти Академияи илмҳо, роҳбарии ин нишастро ба зимма гирифт.

Ноиби президенти Академияи илмҳо дар робита ба ин рӯйдод гуфт, "фикр мекунам ин ҷашн барои мардуми тоҷик хеле арзишманд аст. Дуруст аст, ки ҳоло дар робита ба фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ андешаҳо зиёд аст. Ҳамчунин, миёни таърихшиносони кишварҳои пасошӯравӣ дар бораи вуҷуди Иттиҳоди Шӯравӣ назарҳо мухталифанд. Бо вуҷуди ин, Инқилоби Октябр барои тоҷикон дастовардҳои зиёде овард. Муҳимтарин нукта ин аст, ки мо давлатдории ҳазорсолаамонро баргардонидем. Дуруст аст, ки тӯли асрҳои гузашта дар сари қудрат муғулҳову туркнажодон нишаста буданд, аммо давлат ва забони он тоҷикӣ боқӣ мемонд".

Дар ин ҳамоиш ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон дар пайи Инқилоби Октябр нахуст ба унвони ҷумҳурии худмухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон таъсис шуда буд. Аммо, дар пайи муроҷиатҳои пайдарпайи Шириншоҳ Шоҳтемур ба Иосиф Сталин, роҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ, роҳбарият дар бораи таъсиси ҷумҳурии мустақили шӯравии Тоҷикистон тасмим гирифтааст.

Убайдуллои Насрулло, мудири Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар ҳайати Узбекистон тоҷикон бо ноадолатиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ буданд. Ба ин далел, рӯшанфикрони он замон ба хулосае расиданд, ки таъсиси ҷумҳурии мустақил роҳи ҳалли ин мушкил аст.

Убайдуллои Насрулло афзуд, зимни таъсиси ҷумҳурии мустақил масоҳати Тоҷикистон ҳамагӣ 135,35 ҳазор километри мураббаъро ташкил медод. Аҳолии он 739 ҳазору 503 нафар буд. Танҳо як каме беш аз 65 дарсади аҳолӣ тоҷик буданд. Дар замоне, ки Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон қарор дошт, забони давлатии ин ҷумҳурӣ русӣ ва узбекӣ буданд.

Мӯминҷон Назаров, мудири Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳарчанд дар ду марҳилаи соҳибихтиёрӣ ба унвони вилояти мухтор ва сипас ҷумҳурии мухтор тоҷикон тавонистанд давлатдории миллии худро эҳё кунанд.

Вай гуфт, "то расидан ба истиқлоли комил Тоҷикистон аз марҳилаи тақсимоти миллӣ-ҳудудии соли 1924, таъсиси ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон ва сипас таъсиси ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ гузашт. Сарфи назар аз ҳама нуқсу беадолатиҳои нисбати тоҷикон зоҳиршуда, ин падидаҳо аз эҳёи давлатдории тоҷикон дарак медоданд".

Дар идомаи ин ҳамоиш Виктор Дубовитский, таърихшиноси тоҷики рустабор аз нақши донишмандон ва пажӯҳишгарони рус дар рушди Тоҷикистон изҳори назар кард. Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, ноиби президенти Академияи илмҳо аз ӯ пурсид, ки чаро бештаре аз донишмандону пизишкони аз Русия ба Тоҷикистон омада, низомӣ буданд. Аммо, Виктор Дубовитский аз посух ба ин савол сарфи назар кард.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озоди Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз худ ба ин савол посух дод ва гуфт, ки "бештаре аз ин низомиён ё мухолифони сиёсӣ буданд, ки ба ҷойи бадарға ба Тоҷикистон фиристода мешуданд ё ҷосусони хадамоти махсус буданд, ки дар қаламрави Тоҷикистон дар бораи бойигариҳои он иттилоъ ҷамъоварӣ мекарданд".

Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлоли худро ба даст овард. Вале ҳамагӣ дар чанд моҳи баъд аз эълони истиқлол, кишвар ба домани ҷанги дохилӣ афтод. Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар Маскав созишномаи истиқрори сулҳ имзо шуд ва ба ин даргирӣ хотима бахшид.





Губернаторы России
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин





Москва

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Музыка и стихи: концерт к 100-летию со дня рождения Булата Окуджавы состоится в Троицке




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Онлайн-лекторий «Иннагрика»: подкасты с учеными и экспертами об агротехе доступным языком

Четырёх футболисток самарских "Крыльев" сняли с поезда за дебош

Персонажи «Дракошии» и «Команды МАТЧ» примут участие в театрализованном шествии на Московском детском фестивале искусств «Небо» в Парке Горького


Андрей Рублёв

Теннисист Рублев объяснил, почему проиграл сет в первом круге "Ролан Гаррос"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


#123ru.net

Сотрудники Росгвардии задержали устроившего стрельбу с балкона мужчину в Подмосковье 



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России