Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Натоиҷи бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022

0
Натоиҷи бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022

Рӯзи 15-уми октябр 16 бозии даври чаҳоруми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар қораи Осиё дар ҳамаи ҳашт гурӯҳ баргузор шуд.

Ҳисоби аз ҳама бузург дар ин давр дар бозии гурӯҳи В миёни тимҳои миллии Тайбейи Чин ва Австралия ба назар расид. Австралиягиҳо ба дарвозаи мизбонон ҳафт гол зада, аз дарвозаи худ танҳо як гол сар доданд.

Инчунин дар даври чаҳорум Сурия бар Гуам (гурӯҳи А) ва Ироқ бар Камбоҷа (гурӯҳи С) бо ҳисоби якхелаи 4:0, Урдун бар Непал (гурӯҳи В), Ҷопон бар Тоҷикистон (гурӯҳи F) ва Лубнон бар Шри-Ланка (гурӯҳи H) бо натиҷаи мушобеҳ – 3:0 пирӯз шуданд. 

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, даври 4-ум, 15-уми октябр:

Гурӯҳи А:

Чин, Сурия, Филиппин, Молдив, Гуам

Сурия – Гуам – 4:0

Филиппин – Чин – 0:0

Дар ин гурӯҳ Сурия бо 9 имтиёз пешсаф аст. Чин бо 7 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Филиппин бо 4 имтиёз ҷойи севумро касб намудааст. Молдив бо 3 имтиёз дар ҷойи чаҳорум мебошад. Гуам бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Гурӯҳи В:

Австралия, Урдун, Тайбэйи Чин, Кувайт, Непал

Урдун – Непал – 3:0

Тайбейи Чин – Австралия – 1:7

Дар ин гурӯҳ Австралия бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Урдун бо 7 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Кувайт бо 4 имтиёз мақоми севумро ишғол кардааст. Непал бо 3 имтиёз дар ҷойи чаҳорум мебошад. Тайбейи Чин бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор дорад.

Гурӯҳи С:

Эрон, Ироқ, Баҳрайн, Ҳонконг, Камбоҷа

Камбоҷа - Ироқ – 0:4

Баҳрайн - Эрон –– 1:0

Дар ин гурӯҳ Ироқ ва Баҳрайн бо 7-имтиёзӣ пешқадаманд. Эрон бо 6 имтиёз мақоми севумро касб намудааст. Ҳонконг ва Камбоҷа бо якимтиёзӣ дар зинаҳои чаҳоруму панҷум қарор доранд.

Гурӯҳи D:

Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Фаластин, Яман, Сингапур

Фаластин - Арабистони Саудӣ –– 0:0

Сингапур - Узбекистон – 1:3

Дар ин гурӯҳ Узбекистон бо 6 имтиёз пешсаф аст. Арабистони  Саудӣ бо 5 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Фаластин ва Сингапур бо 4-имтиёзӣ дар зинаҳои севуму чаҳорум ҷойгир шудаанд. Яман бо ду имтиёз дар зинаи панҷум қарор дорад.

Гурӯҳи E:

Қатар, Умон, Ҳиндустон, Афғонистон, Бангладеш

Ҳидустон - Бангладеш – 0:0

Қатар - Умон – 2:1

Дар ин гурӯҳ Қатар, ки 4 бозӣ анҷом додааст, бо 10 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Умон бо 6 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Афғонистон бо 3 имтиёз дар ҷойгоҳи севум мебошад. Ҳиндустон бо 2 имтиёз дар зинаи чаҳорум ва Бангладеш бо як имтиёз дар ҷойгоҳи панҷум қарор доранд.

Гурӯҳи F:

Ҷопон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Мянмар, Муғулистон

Муғулистон - Қирғизистон - 1:2

Тоҷикистон - Ҷопон - 0:3

Дар ин гурӯҳ Ҷопон бо 9 имтиёз пашсаф аст. Қирғизистон ва Тоҷикистон бо 6-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум қарор доранд. Муғулистон бо 3 имтиёз мақоми чаҳрумро касб кардааст. Мянмар бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Гурӯҳи G:

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ветнам, Тайланд, Малайзия, Индонезия

Тайланд - Иморот – 2:1

Индонезия – Ветнам - 1:3

Дар ин гурӯҳ Тайланд ва Ветнам бо 7-имтиёзӣ ҷойҳои якуму дувумро гирифтаанд. Иморот бо 6 имтиёз дар ҷойи севум аст. Малайзия бо 3 имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол намудааст. Индонезия бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Гурӯҳи H:

Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Шри-Ланка

Кореяи Шимолӣ – Кореяи Ҷанубӣ – 0:0

Шри-Ланка – Лубнон - 0:3

Дар ин гурӯҳ Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ бо 7-имтиёзӣ пашсафанд. Лубнон бо 6 имтиёз дар мақоми севум аст. Туркманистон бо 3 имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол кардааст. Шри-Ланка бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол 40 даста ширкат дорад, ки ба 8 гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ тақсим шудааст.

Марҳилаи интихобӣ, ки 5-уми сентябри имсол шуруъ шуд, 9-уми июни соли 2020 ба поён мерасад. 8 ғолиби гурӯҳ ва 4 дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Қатар роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.





Губернаторы России
Москва

Собянин сообщил о планах благоустройства Южного округа Москвы





Москва

Эксперт по семейному капиталу Светлана Петрова: как быстро накопить на авто


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: На городском вокзале Зеленоград — Крюково появился еще один переход



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Элджей

Члены «Русской общины» хотят отменить концерт Элджея в Новосибирске




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В новой Москве соревновались нештатные формирования

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ


Андрей Рублёв

Теннисист Рублев объяснил, почему проиграл сет в первом круге "Ролан Гаррос"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Минск

Минск приостановил действие ДОВСЕ



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России