Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Донишҷӯ худро аз ошёнаи дувум партофт, мақомот мегӯянд, ин "облава" набуд. ВИДЕО

0
Донишҷӯ худро аз ошёнаи дувум партофт, мақомот мегӯянд, ин

Як донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб гуфт, аз хавфи он ки ба дасти кормандони комиссариати ҳарбӣ наафтад, худро аз ошёнаи дувум ба замин партофт ва ҳоло бо як пойи шикаста дар бемористон хоб аст. Ҳодиса рӯзи 7-уми октябри имсол рух додааст. Аҳмадҷони Амир мегӯяд, кормандони комиссариати ҳарбӣ барои доштани ҷавонҳо ба коллеҷ рафта буданд, вале раҳбарияти омӯзишгоҳ ин иддаоро рад карданд. 

Аҳмадҷони Амир, донишҷӯи соли севуми Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, мехоҳад, онҳое, ки ӯро ба ин ҳол овардаанд, ҷавоби амали худро диҳанд.

"Маро бо пойи шикаста ба комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб бурданд ва баъд аз ташхис дар беруни бино гузоштанд. Бо як азоб худро то хонаи иҷора расондам ва субҳ падару модар ба бемористон оварданд",- нақл кард ӯ рӯзи 17-уми октябр.

Ин донишҷӯи 22-сола дар факултаи математикаи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб мехонад ва мегӯяд, ҳодиса баъд аз анҷоми дарс ва дар дохили синф рух додааст. Роҳбарияти коллеҷ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, "ҳеч кас донишҷӯёнро "облава" накардааст ва ин бофтаи худи онҳост". Аҳмадҷони Амир мегӯяд, вагарна чӣ чиз маҷбур кардааст, ки худро аз ошёнаи дувум партояд ва маъюб кунад?

Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш аз аввали моҳи октябр шуруъ шуд. Дар ин муддат сокинон аз чанд мавриди "облава" ё маҷбурӣ бурдани ҷавонон ба артиш хабар доданд. Чанд видео ҳам нашр шуд. Вокунишҳои мардум ба рафтори кормандони пулис ва комиссариати ҳарбӣ тунд буд, аммо мақомот ҳеч як мавриди онро тасдиқ накарданд.

Баъзе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд, донишҷӯёни омӯзишгоҳҳо дар Тоҷикистон аз имтиёзи нарафтан ба артиш дар замони таҳсил маҳруманд ва эҳтимол ба ҳамин хотир ҳадаф қарор гирифтаанд. "Танҳо донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар ҳақ доранд, ки то замони ба поён расидани таҳсил ба артиш бурда нашаванд", - гуфт мусоҳиби мо.

Ин дар ҳолест, ки як ҷавони дигар аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон иддао дорад, ҳангоми "облава" дар хонаашон аз ҳуш рафта, ҳадди ақал як рӯзро дар бемористон гузарондааст. Дилшод Муродов, сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ, гуфт, рӯзи 11-уми октябри имсол ҳамроҳи чанд дӯсташ дар хона нишаста буд, ки чаҳор нафар ба манзили онҳо даромада, кӯшиши бурданашро кардаанд.

"Баъд аз кашмакаш ҳуш аз сарам рафт ва дигар дар ёд надорам, ки чӣ шуд. Замоне ба худ омадам, аллакай дар бемористони марказии ноҳия хобида будам", - гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед: 

Ҳамон рӯз падари Дилшод ба бозор ва модараш ба пахтачинӣ рафта будааст. Волидони Дилшод Муродов мегӯянд, "бино ба қонунҳои кишвар манзили шахс дахлнопазир аст ва ба зӯр ворид шудан амали хуб нест". Вале мақомот мегӯянд, ҳар касе даъватнома гирифтаасту дар вақташ ба комиссариати ҳарбӣ намеравад, маҷбурӣ ҳозир карда хоҳад шуд.

Нуралӣ Муродов, падари Дилшод, гуфт, писарашро бе даъватнома хостаанд ба хизмат баранд. Ӯ гуфт, "се писарам дар артиш хидмат кардаанд. Агар даъватнома меоварданд, худам ӯро мебурдам. Наход қонун иҷозат диҳад, ки ба хонаи шахси дигар бе иҷоза зада дароӣ? Агар ба келинҳои хона ягон ҳодиса мешуд, кӣ ҷавоб мегуфт? Ҳеч кас. Боз пинҳон мешуданду мерафтанд. Ин рафтори ғайриахлоқӣ аст".

"Облава" дар Тоҷикистон расман манъ аст. Мақомот борҳо барои аз байн бурдани ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш дастур додаанд, чун ба гуфтаи онҳо, дар чунин ҳолатҳо баъзе аз ҷавонони бемор ба артиш бурда шудаанд. Вале баъзе аз коршиносон мегӯянд, ё ин дастур барои ором кардани мардум аст ё дастури дигари ниҳоние вуҷуд дорад, ки ба мақомот ҳақ медиҳад барои пур кардани "нақша" аз даъвати маҷбурӣ кор гиранд.

Бо ин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин даъват ҳам вуҷуд дорад, ки "ҷавонон нотарсона ба хидмати ҳарбӣ раванд, вагарна кӣ аз ватан ҳимоят хоҳад кард?" Баъзе аз волидон мегӯянд, аз шароити ба гуфтаи онҳо бади хидмат ва ҳолатҳои маргу мир ва маъюб шудани ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ меҳаросанд ва ба ҳамин хотир аз фиристодани фразандони худ ба артиш истиҳола мекунанд.

Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, "зӯроварӣ дар артиш, набуди кафолати амният, паст будани сифати ғизо ва дигар шароитҳои лозима ва баъди анҷоми хидмат пешбинӣ нагардидани имтиёзҳои воқеан ҳам умедворкунанда аз омилҳоеянд, ки бархе ҷавононро аз хидмат дар артиш дур намудааст".

Мақомот иддао доранд, ки шароит дар қисмҳои низомӣ беҳбуд ёфтааст ва бо ёрии дурбинҳои назоратӣ рафтори сарбозону афсарон аз назар дур намемонад. Онҳо ҳамчунин мегӯянд, сафи ихтиёриёни хидмати сарбозӣ афзудааст ва аллакай баъзе аз ноҳияҳо аз пур шудани "нақша" хабар додаанд.

Баъзе аз гуруҳҳои дигар даъват доранд, ки хидмат дар Тоҷикистон як сол таъйин шавад ва ё ҳар касе имкони хидматро надорад, ба будҷа расман пул супорад. Муҳлати ҳатмии дусолаи хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳои Тоҷикистон аз муқарраротест, ки аз замони Шӯравӣ омадааст. Тарҳи ислоҳот дар бахши низомӣ, ки қаблан аз сӯи вазорати адлия ва дифои Тоҷикистон таҳия шуда буд, то ним сол кам кардани мӯҳлати хидмат дар артишро дар назар дорад, вале ҳанӯз қабул нашудааст.





Губернаторы России
Москва

Собянин посетил фестиваль "Москва – на волне. Рыбная неделя"





Москва

«Райский цветник» Бакиханова и азербайджанские фальсификации. ВИДЕО


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин посетил фестиваль "Москва – на волне. Рыбная неделя"



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Михаил Кутушов

Компания ICDMC приняла участие в торжественном открытии выставки “Тульское качество”




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Вышел второй подкаст онлайн-лектория «Иннагрика» о возможностях аграрной генетики для молодых исследователей

МегаФон привёз спасателям и пожарным грузовик связи

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)


Миомир Кецманович

Кецманович отказался от борьбы в игре с Медведевым на "Ролан Гаррос"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Дивный новый мир цифровизации: в Москве пройдет Форум «Время цифры»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России