Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Аз "қарори махфӣ" то ҳиҷобу "ҷиҳодиён". Бознигарии озодиҳои динӣ дар Узбекистон?

0
Аз

Мақомоти Узбекистон ба ниҳодҳои умури дохилии ноҳияҳои Бешариқ, Фурқат ва Узбекистони вилояти Фарғона дастур додаанд, ки назоратро ба тақводорони тундрав дар ин минтақаҳо сахттар кунанд. Ба гуфтаи як намояндаи ниҳодҳои интизомӣ, ин қарор замоне гирифта шуд, ки рӯзи 10-уми октябр дар деҳаи Деҳқонтӯдаи ноҳияи Бешариқ гуруҳи махфие бо номи "Ҷиҳодиён" кашф ва чанд узви он боздошт шуданд. "Боздоштшудаҳо аз 10 нафар бештаранд", -- гуфт ин манбаъ.

Аммо Вазорати корҳои дохилии Узбекистон рӯзи 16-уми октябр аз боздошти чандин узви созмони мамнӯи "Ҳизби Таҳрир" дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона хабар дод.

"Солимгардонии муҳити динӣ" 

Ба маълумоти "Озодлик" ё Бахши узбекии Радиои Озодӣ, ҳоло дар ин се вилоят таҳти унвони "Солимгардонии муҳити динӣ" бо ширкати намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти Амнияти Узбекистон ва омӯзгорони мактабҳо вохӯриҳо бо аҳолӣ ҷараён доранд. Дар онҳо гуфта мешавад, бояд ба наврасону ҷавононе диққати махсус дод, ки дар телефонҳои худ мавъиза ё даъватҳои диниро насб ва паҳн мекунанд.

Сабти садоии яке аз чунин ҷамъомадҳо дар як мактаби Андиҷон, ки дастрас шудааст, нишон медиҳад, онро намояндагони ВКД, Кумитаи занон ва Иттиҳоди ҷавонон раҳбарӣ кардаанд.

Айни чунин наворро як корбар аз ҷаласае дар деҳаи Қалъачаи ноҳияи Шаҳрихон фиристодааст.

"Парвандаҳои динӣ" ба додгоҳҳо баргаштанд

Ба қавли як корманди Додгоҳи вилояти Андиҷон, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, пас аз танаффуси дусола додгоҳҳо ба баррасии парвандаҳои динӣ оғоз кардаанд. Аммо, афзуд ӯ, ба монанди гузашта барои солҳои зиёд маҳкум кардани гумонбарони тундгароии динӣ дида намешавад.

"Ҳоло бештар ҷарима ё ҳабси маъмурӣ мешаванд. Ба наздикӣ таҳти сарварии додрас Носирҷон Расулов ду бародар -- Н.Э. ва А.Э. яке ба 4 ва дигаре дуним сол зиндонӣ шуданд", -- гуфт ин корманди додгоҳ.

Вай афзуд, дар як моҳи гузашта зидди чандин гумонбаршудаи омодагии сафар ба Сурия ва Ироқ ё узвияту ҳамдастӣ бо Ҳаракати Исломии Узбекистон, Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ ва ДОИШ парванда оғоз ёфтааст. 

Озодшудагонро дубора ба зиндон андохтанд

Таҳқиқи хабарҳои боздошти тундгароёни исломӣ дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона нишон дод, ки чанде аз боздоштшудагон аз зумраи афроде ҳастанд, ки дар гузашта бо айни иттиҳомот ба муддатҳои гуногун зиндонӣ шудаанд.

Инро худи Вазорати корҳои дохилии Узбекистон низ дар баёнияи расмияш зикр намуда, гуфтааст: "Бо вуҷуди ёриҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ, ин афрод таблиғоти ғайриқонунии худро дар байни аҳолӣ идома дода, шахсони наверо ба сафҳои худ фаро мехонанд. Як дафъа пушаймон шуда, аз андешаҳои тундгароёна даст кашида, дар маҳбас адои ҷазо карда, имрӯз боз ҳамон ҷиноятҳои гузаштаро такрор мекунанд." 

Шумораи умумии дубора боздоштшудагон маълум нест, вале тахмин меравад, ки ҷустуҷӯ, назорат ва боздоштҳо хосияти маъракаро касб кардаанд ва пеш аз ҳама се вилоятеро фаро мегиранд, ки дар гузашта, ба гуфтаи мақомот, тундгароии исломӣ дар онҳо бештар будааст.

"Қарори махфӣ"

Манобеи "Озодлик" мегӯянд, дар асоси қарори махфии №4437, ки раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 4-уми сентябри соли 2019 имзо кардааст, дар саросари кишвар аз нав ба таҳияи рӯйхатҳои махсус шуруъ кардаанд.

Қарори махфӣ

Бино ба ин санад, ба Вазорати корҳои дохилии Узбекистон фармуда шудааст, ки ба диндорони тундрав дар кишвар назорати ҷиддӣ ҷорӣ намояд.

Дар он гуфта мешавад: "Вазорати корҳои дохилӣ шахсонеро шиносоӣ мекунад, ки ба равияҳои ғайрирасмии динӣ пайвастаанд, ҳамчунин раҳбарони созмонҳои тундрав ва ифротиро муайян мекунад ва аз чораҳои амалии худ дар ин самт гузориш медиҳад."

Дар ҳамин қарор, ки "Солимгардонии муҳити динӣ" унвон шудааст, аз тоҷирону соҳибкорон тақозо меградад, воридоти сарулибоси динии мавсум ба ҳиҷобро аз хориҷа ба Узбекистон қатъ кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар шаҳрҳои Узбекистон ва матбуоту шабакаҳои телевизионии он таблиғи сарулибоси исломӣ бемонеа идома дорад.

Бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон бар хилофи давраи президентии Ислом Каримов ба озодиҳои динӣ вусъат дода шуд, аммо ба назар мерасад, акнун давраи маҳдудиятҳои динӣ дубора фаро мерасад.





Губернаторы России
Москва

Собянин: Благодаря модернизации театры Москвы создают уникальные декорации





Москва

В ПРЕДДВЕРИИ ДНЯ РОССИИ РОСГВАРДЕЙЦЫ ПРОВЕЛИ ПРАЗДНИЧНОЕ МЕРОПРИЯТИЕ ДЛЯ ДЕТЕЙ


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Москва — мировой лидер по динамике развития транспортной инфраструктуры



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Звонкий

Звонкий вспомнил первый успех и представил неожиданный фит




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«Локомотив» готов рассмотреть продажу Баринова, футболистом интересуются клубы Испании, Франции и Турции

В Москве 14-летний мальчик ранил ножом 16-летнего юношу на футбольном поле

Что можно отметить в этот день


Александр Зверев

Зверев сыграет с Алькарасом в финале "Ролан Гаррос"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Александр Градский

Гагарина рассказала об отношениях с Градским



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России