Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Рӯйхати "сиёҳ"-и Бонки Миллии Тоҷикистон 2392 нафарро ҳадаф қарор дод. Киҳоро?

0
Рӯйхати

Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати нави "афроди алоқаманд ба терроризм"-ро нашр кард, ки тақрибан 2 ҳазору 400 нафарро дар бар мегирад. Баъзе аз шахсиятҳое, ки дар ин рӯйхат ҳастанд, дар гузашта ҳама гуна иртиботи худро бо терроризм рад карда буданд.

Як сол пеш Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати "афроди алоқаманд ба экстремизм"-ро низ нашр карда буд, ки 122 нафар, аз ҷумла рӯзноманигори мухолиф Додоҷони Атовулло ва фаъоли сиёсӣ Шабнам Худойдоваро дар бар мегирифт. Ин рӯйхат то оғози моҳи октябри имсол дар торнамои расмии Бонки Миллӣ истода буд, вале ҳоло "пок шудааст". Мақомот тасмими худро шарҳ надодаанд.   

Феҳрасти нави "ашхоси алоқаманд ба терроризм" аз тарафи Департаменти мониторинги молиявии Бонки Миллӣ омода шудааст. Департамент бо Созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул ё FATF (Financial Action Task Force) ҳамкорӣ дорад.

Рӯйхати нави Бонки Миллӣ охири ҳафтаи гузашта дар торнамои расмии ин ниҳод нашр шуд. Дар садри рӯйхат номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, истодааст, ки ӯро ба чанд ҷиноят айбдор ва ғоибона ба муддатҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардаанд. Вале Кабирӣ ин айбномаҳоро беасос ва дорои ангезаи сиёсӣ донистааст.

Ба ҷуз аз Муҳиддин Кабирӣ дар рӯйхати Бонки Миллӣ ном чанде аз наздикони ӯ, аз ҷумла писараш Абузар Кабирӣ, бародарзодаҳояш Муҳаммадҷон Кабиров, Эмомалӣ Кабирзода, Бибируқия Кабирова ва муовинаш Шоҳнаими Карим шомиланд. 

Дар баробари садҳо номи барои матбуот ношинос ба ин рӯйхат номи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи пешини Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ва ду фарзанди Саидумар Ҳусайнӣ – Маҳмадиқбол ва Сайфуллоҳ – низ ҷой дода шудаанд.

Ба ҷуз аз фаъолони ҳизбу созмонҳои сиёсии мухолифи давлат ба ин феҳраст номи баъзе аз нафароне, ки бо аҳли оила ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд, низ дохил шудааст. Аз ҷумла, Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН ва Гулрӯ Олимова, ҳамсари яке аз ҷанҷӯёни тоҷики ДИИШ.

Масъулони Бонки Миллӣ дар шарҳи рӯйхати нашркардаашон иттилое надоданд ва талошҳои мо низ барои гирифтани иттилои бештар аз ин ниҳод то ин дам бенатиҷа буд. Шарҳи меъёрҳо ва овардани далоил метавонист, ба амаҳияти ин феҳраст афзояд. 

Аммо мутахассисони соҳаи молия ва бонк гуфтанд, “ин феҳраст пеш аз ҳама бонкҳои Тоҷикистонро вазифадор мекунад, ки аз хидматрасонӣ ба ин афрод парҳез кунанд”. Рӯйхати Бонки Миллӣ бори аввал се сол пеш таҳия шуд ва ҳар сол сафи “афроди алоқаманд ба терроризм” дар он бештар мешавад.

Вале баъзе афроде, ки номи худро дар ин рӯйхати “сиёҳ” ёфтаанд, бо ин иттиҳом розӣ нестанд. Ин ашхос мегӯянд, “дар як гуруҳ ҷой додани террористон ва мухолифин аз рӯи адолат нест”.

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо, низ шомили рӯйхати “сиёҳ”-и Бонки Миллӣ шудааст. Вай бовар дорад, далели асосии ворид шудани номаш ба ин рӯйхат интиқодҳояш аз сиёсатҳои ҳукумат мебошад.

“Дар Прокуратураи генералӣ ҳамчун узви “Гуруҳи 24” сабт шудаам, ки намедонам ба он гуруҳ чӣ рабт дорам. Инҳо аз вожаи терроризм сӯистифода мекунанд ва ин истилоҳро ҳамеша дар аксар маврид ба зидди рақибони сиёсии худашон истифода мекунанд,” -- гуфт ӯ.

Ин рӯзномагори тоҷик, ки ҳоло дар яке аз кишваҳои аврупоӣ паноҳанда аст, мегӯяд, ворид шудани номаш ба рӯйхати Бонки Миллӣ мумкин аст ба сафарҳои ӯ мушкил эҷод кунад.

Тағйироти нав ин аст, ки Бонки Миллӣ рӯйхати дувум, яъне “ашхоси алоқаманд ба экстремизм”-ро аз сомонааш тоза кардааст. Ҳанӯз маълум нест, ки пок шудани рӯйхати шахсони ба экстремизм алоқаманд аз сомонаи расмии Бонки Миллӣ ба чӣ маъност? Оё муомилаи пулии бонкҳои Тоҷикистон бо ин афрод иҷоза дода шудааст ва ё ин феҳраст дар ҳоли такмил буда, аз нав интишор меёбад? Масъулони Бонки Миллӣ дар ин бора шарҳе намедиҳанд.

Зимнан дар гузашта маҳз ба далели дар ин рӯйхат қарор доштани номи ду нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Суҳроби Зафар ва Насим Шарипов аз сӯи мақомоти Туркия боздошт шуда буданд. Онҳо дертар озод гардиданд.  

Бонки Миллӣ дар ҳоле ба рӯйхати “афроди алоқаманд ба терроризм” тағйирот ворид мекунад, ки соли гузашта Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, номи 14 нафарро аз ин рӯйхат берун кунанд. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо мегӯяд, дар миёни афроди муттаҳам ба терроризм номи 14 журналист ва блогери тоҷик ҳам ҳаст, ки матолиби интиқодӣ ба нашр расонидаанд.

Феҳрасти созмонёфтаи "шахсони алоқаманд бо терроризм" ба созмонҳои молиявӣ ва ташкилоти қарзии кишварҳои узви созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул дастрас хоҳад буд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

В исторических парках покажут любимые мультфильмы от СТС Kids ко Дню защиты детей


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Арутюнов

Исполнитель хита “На Заре 2020” Сергей АРУТЮНОВ оживил ещё один хит из 20-го века и выпустил песню “Лететь” вместе с её создателями - группой Амега.




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Москве 1 июня стартует чемпионат по игре «Камень, ножницы, бумага»

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Онлайн-лекторий «Иннагрика»: подкасты с учеными и экспертами об агротехе доступным языком


ATP

Российский теннисист Сафиуллин опустился на две позиции в рейтинге ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Как вывести никотин из легких?



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России