Даҳҳо нафарро аз як раёсати Хадамоти гумрук ронданд
Барканории 36 корманди раёсати минтақавии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, дар наздикии марз бо Узбекистон, ҷанҷолбарангез шуд. Кормандони пешини Хадамоти гумрук иддао доранд, ки дар натиҷаи аттестатсия ё санҷиши, ба гуфтаи онҳо, ғайришаффоф "ноодилона аз кор ронда шудаанд". Мақомот мегӯянд, онҳо ба пурсишҳо ҷавоби пурра надоданд ва ба вазифаҳои худ муносиб набуданд.