Дар Узбекистон мардҳо барои ҳомиладорӣ ва таваллуд кумакпулӣ гирифтаанд
Давоми 2,5 соли охир дар муассисаҳои буҷавии Узбекистон дар доираи харҷҳои кумакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд 330 ҳазор доллар ғайримақсаднок харҷ шудааст. Дар ин бора аз Додситонии кулли Узбекистон хабар доданд.
Ба иттилои додситонӣ, дар муассисаҳои буҷавии он кишвар ҳолатҳое мушоҳида шудааст, ки бо роҳи тақаллубкорӣ ба мардон кумакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд додаанд. Барои мисол, ба як коргари бемористони вилояти Ҷиззах 2,1 миллион сӯм ва ба муҳофизи мактаби №20 дар Ҷиззах 900 ҳазор сӯм пардохт шудааст.
Хабар дода мешавад, ки дар дуздии ин маблағҳо афроди масъули давлатӣ даст доштанд. Ба вижа иқтисоддони Раёсати молии вилояти Сирдарёи Узбекистон О.А. бо масъулони дигар забон як карда, 358 млн сӯмро аз худ кардааст.
Барои ин қонуншиканӣ бархе аз афроди масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ ва бархеи дигар ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудаанд.
Зарар дар ҳаҷми 1,1 млрд сӯм ба давлат баргардонида ва ҳаққи 30 шаҳрванди дигар барқарор шудааст.