Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

165 сомонӣ ҷарима. Барои ҳиҷоб ё итоат накардан ба милиса?

0
165 сомонӣ ҷарима. Барои ҳиҷоб ё итоат накардан ба милиса?

Як духтари ҷавон дар Душанбе иддао дорад, ки мақомот ӯро барои сатр доштан дар кӯча дастгир карда, ҷарима бастаанд. Мақомоти додгоҳ мегӯянд, Мунавварахон Исломова на барои сатр, балки бо айби “итоат накардан ба амри милиса” ҷарима шуд.

Баҳсҳо дар бораи пӯшидани сатру ҳиҷоб, ки мақомоти Тоҷикистон онро “либоси бегона” мехонанд, чанд сол боз идома дорад. Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ онро маҳдуд кардани озодиҳои интихоби одамон номидаанд.   

Мунавварахон Исломова, сокини 20-солаи шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, 22-юми октябр, замоне ки дар назди фурӯшгоҳи “Пайкар” мунтазири нақлиёти ҷамъиятӣ истода буд, як гуруҳ аз занон ӯро ба мошин бор карда, ба идораи пулис бурдаанд. Дар ин миён байни онҳо чӣ гузаштааст, маълум нест. Ҳарду тараф фарзияи худро доранд.

Исломова рӯзи 23-юми октябр гуфт: “Як мусофирбари хурд омад ва дар дохилаш 6-7 зан буданд. Онҳо ба ман ишора карданд, ки ин ҷинояткор аст ва гуфтанд, бор кунед, мисли дафъаи гузашта мегурезад. Як дафъаи дигар низ маро барои сатр пӯшидан дар кӯча дошта буданд. Ман ҳуҷҷат талаб кардам, онҳо гуфтанд, дар идораи милиса нишон медиҳанд.”

Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур-1, ки Мунавварахон Исломова иддао дорад, ӯро ба он ҷо бурдаанд, аз шарҳи расмии ҳодиса худдорӣ карданд, вале гуфтанд, қазия ба додгоҳ фиристода шудааст. Дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 23-юми октябр тасдиқ карданд, ки Мунавварахон Исломова бар асоси моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне итоат накардан ба амри корманди милиса 165 сомонӣ ҷарима шудааст.

Хешовандони Исломова низ бо фиристодани расид ё чек ҷарима шудани ӯро тасдиқ карданд. Мунавварахон Исломова мегӯяд, ҳарчанд ҷаримаро супурд, мехоҳад барои ҳифзи ҳуқуқаш ба додситонӣ шикоят барад.  

Рӯзи 23-юми октябр масъулони дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтанд, ки баъд аз таҳқиқи қазия суҳбат мекунанд. Мудири бахши занони ноҳияи Шоҳмансур Муборак Бадалова гуфт, дертар дар ин бора шарҳ медиҳад, вале афзуд, “ҳар зани сатрпӯше, ки аз назди бинои ҳукумат гузарад, ба  ӯ “корҳои фаҳмондадиҳӣ” мебаранд.”

Дар Тоҷикистон чанд соли ахир мақомот назоратро аз болои либос ва намуди зоҳирии сокинон сахттар карда, аз ҷумла, барои донишомӯзону кормандони идораҳои давлатӣ пӯшидани либоси мазҳабиро манъ кардаанд. Мухолифони ин муқаррарот мегӯянд, шаҳрвандон бояд дар интихоби либос ва намуди зоҳирӣ озод бошанд. Бархеи онҳо ин иддаоро ҳам пеш меоранд, ки "агар либоси мазҳабӣ ба фарҳанги тоҷикон бегона бошад, пас, барои мисол либосҳои аврупоӣ чӣ ҳисобида мешавад?"

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, як китоби либосҳои тавсиявӣ барои занонро нашр кардаанд, ки асосан аз атласу чакан иборат аст ва либосҳои мазҳабӣ ва нимаурёнро дар бар намегирад.

Мавзӯи назорат аз либоси мазҳабии шаҳрвандон дар Тоҷикистон борҳо мавриди интиқоди гузоришгарони Кумисюни озодиҳои динии Амрико ва нозирони дигари ҳуқуқи башар гардидааст. Вале мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин маҳдуд кардани озодиҳои сокинон нест, балки ба танзим даровардани фарҳанги миллист.





Губернаторы России
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 5 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Михаил Кутушов

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Персонажи «Дракошии» и «Команды МАТЧ» примут участие в театрализованном шествии на Московском детском фестивале искусств «Небо» в Парке Горького

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Онлайн-лекторий «Иннагрика»: подкасты с учеными и экспертами об агротехе доступным языком


Сюзанн Ленглен

Матч Котова и Вавринки перенесли на корт Сюзанн Ленглен



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Киев

Белый дом признал причастность к выработке «формулы мира» Киева



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России