Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Салоҳиддин Раббонӣ, вазири хориҷии Афғонистон истеъфо дод

0
Салоҳиддин Раббонӣ, вазири хориҷии Афғонистон истеъфо дод

Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон аз мақомаш истеъфо дод. Оқои Раббонӣ аз моҳи январи соли 2015 ба ин тараф дар ин мақом кор мекард. Ӯ аз наздиктарин муттаҳидони Абдуллоҳ Абдулоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон -- рақиби умдаи президент Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури он кишвар мебошад.

Салоҳиддин Раббонӣ, рӯзи 23-юми октябр дар истеъфономаи худ ба президент Ашраф Ғанӣ навишт, ки "дар ин муддат фазои корӣ дар ҳукумати ваҳдати миллӣ, аз ҳамон оғози рӯзҳои ин ҳукумат то ин рӯзҳои поёнӣ, матлуб набуд".

Ӯ дар матни истеъфономаи худ интиқод кардааст, ки "дар ин муддат зери шиори ислоҳот, чунон бархӯрдҳое ғаразолуде сурат гирифт, ки дар дарозмуддат тарвиҷкунанда ва ниҳодинасози табъиз ва таассуб дар ҷомеа аст ва бунёдҳои ваҳдат ва ҳамдилии ҷомеаро ба шиддат осеб мерасонад".

Вай ҳамчунин гуфтааст, бо он, ки давраи кории ҳукумати ваҳдати миллӣ ба поён расида ва дар вазъияти шиканандаи кунунӣ бештар аз пеш ба эҷоди фазои ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ зарурат аст, тахриби ниҳодҳои давлатӣ ба шеваҳои гуногун аз сӯи ниҳодҳое, ки худ иддаои давлатсозӣ дорад, ғайри қобили таҳаммул аст.

Ӯ аз фард ва ё афроди мушаххасе ёд накард, аммо афзудааст, ки "бо сохтори давлат ҳамчун як NGO-и (созмони ғайридавлатӣ) шахсӣ бархӯрди салиқаӣ сурат мегирифт ва ҳамаи давлат огоҳона ва ноогоҳона тахриб мешавад". Салоҳиддин Раббонӣ идомаи корашро ба салоҳ надониста ва гуфтааст, ки бо истеъфо додан аз мақоми вазири умури хориҷӣ, фаъолиятҳои худро аз роҳҳои сиёсӣ дунбол хоҳад кард.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон то кунун ба хабари истеъфои Салоҳиддин Раббонӣ вокунише нишон надодааст ва маълум нест, ки Ашраф Ғанӣ ба он чӣ гуна бархӯрд хоҳад кард. Ва низ то ба ҳол маълум нест, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ин тасмими ҳампаймони худ Салоҳиддин Раббонӣ чӣ назар дорад ва ин иқдом дар ҳамоҳангӣ бо ӯ сурат гирифтааст ё на.

Равобити оқои Раббонӣ аз муддатҳо пеш бо Ашраф Ғанӣ тира буд ва ду ҳафта пеш дар пайи барканории Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷи бо дастури Ғанӣ, равобити онҳо тиратар шуд.

Дар рӯзҳои ахир вазорати умури хориҷӣ ҳамчунин эътироз кард, ки аз фиристодани ҳайати Афғонистон ба Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид хабардор набуд ва Афғонистон "заъифтарин" ҳузур дар солҳои ахирро дар нишасти имсоли Маҷмаи умумии СММ доштааст. Дар нишасти Маҷмаи умумии СММ ҳайати Афғонистонро Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амниятӣ миллӣ ва аз наздикони оқои Ғанӣ раҳбарӣ мекард.

Истеъфои Салоҳиддин Раббонӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, ки рӯзи 28-уми сентябр баргузор то ба ҳол эълон нашудааст ва коршиносон ва маҳофили сиёсӣ аз бурузи боз як бӯҳрони дигар дар ин кишвар, сухан мегӯянд. Интихоботи президентии Афғонистон дар соли 2014 ин кишварро дар вартаи як ҷанги дохилӣ қарор дода буд ва танҳо бо миёнҷигарии вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керри ҳукумат миёни номзадҳои пештоз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ тақсим шуд ва аз сар задани ин буҳрон ҷилавгирӣ шуд.

Салоҳиддин Раббонӣ писари Бурҳониддин Раббонӣ, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон аст. Падари ӯ моҳи сентябри соли 2012 дар натиҷаи як ҳамлаи маргталабона дар манзилаш дар Кобул кушта шуд. Салоҳиддин Раббонӣ баъди даргузашти падараш муддате раҳбарии Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро бар ӯҳда дошт ва ҳоло раиси Ҷамъияти исломӣ, ҳизби таъсисдодаи падараш низ мебошад.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 5 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Виктор Пинчук

Фотовыставка «Древнейшие пирамиды мира» пройдёт в Крыму




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России


Арина Соболенко

Разгром за час определил следующую соперницу Арины Соболенко на «Ролан Гаррос»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России