Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Бозгашти пирӯзмандонаи Сомон Маҳмадбеков ба Тоҷикистон. ВИДЕО, АКС

0
Бозгашти пирӯзмандонаи Сомон Маҳмадбеков ба Тоҷикистон. ВИДЕО, АКС

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 24-уми октябр пуродам буд, чун садҳо нафар ба пешвози Сомон Маҳмадбеков, нахустин қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон оид ба ҷудо (миёни ҷавонон) рафта буданд. Маҳмадбеков шаби 17-уми октябр дар сабқати қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар Марокаш дар вазни 73 кило ғолиб омад ва аввалин медали тиллои ин сабқати бонуфузро ба Тоҷикистон овард.

Ин паҳлавони тоҷик дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, ки дар ин мусобиқа танҳо дар бораи аз худ кардани нишони тилло фикр мекард. 

"Худоро шукр, ҳамин хел ҳам шуд. Ман пас аз мусобиқа дар Токио 2-3 шаб хоб карда натавонистам. Дар он ҷо нишони биринҷиро гирифта будам. Бо хости Худо, дар ин сабқати ҷаҳонӣ байни ҷавонони то 21-сола нишони тиллоро соҳиб шудам", -- афзуд ӯ. 

Гузориши видоеиро дар ин ҷо бинед:

Ба табрики паҳлавони тоҷик масъулини Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ҳамчунин варзишгарони дигари маъруфи кишвар омада буданд. Тибқи анъана, ба тани гуштигир ҷомаи гулдӯзиву тоқӣ пушонданд.

Масъулини соҳаи варзиши кишвар гуфтанд, бо таваҷҷӯҳ ба натиҷаҳое, ки Сомон Маҳмадбеков дар сабқатҳои ҷаҳонӣ дошт, аз ӯ медали тиллоро интизор доштанд. Муҳаммад Абдураҳмонов, сармураббии тими ҷудои Тоҷикистон рӯзи 24-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ин дар таърихи Тоҷикистон нахустин медали чемпионати ҷаҳон дар байни ҷавонон аст. Ӯ соли 2017 байни ҷавонон сазовори нишони биринҷӣ шуда буд ва мо бовар доштем, ин дафъа сазовори медали тилло мегардад. Мо аз ӯ ояндаи хуб интизорем".

Масъулони варзиши кишвар дар ин маросим умедворӣ карданд, ки Сомон дар Бозиҳои олимпӣ ҳам Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард. Худи Сомон Маҳмадбеков, нахустин қаҳрамони мусобиқоти ҷаҳон оид ба ҷудо ҳам гуфт, ҳамакнун ягона ҳадафи ӯ ва муррабиёнаш ширкат ва пирӯзӣ дар Бозиҳои олимпӣ аст.

Ин паҳлавони ҷавон, гуфт, тасмим дорад дар Тоҷикистон барои ҷудокорони наврасу ҷавон мастер-классҳо гузаронад.

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, аз хонаводаи варзишгарони маъруфи тоҷик Маҳмадбековҳо аст, ки дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии муррабиён ё амакҳояш тамрин мекунад. Аммо дар тамоми мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ин паҳлавон аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад. Ӯ борҳо пешниҳод гирифтааст, ки аз Русия намояндагӣ кунад, вале ҳамеша ба ин дархост посухи рад додааст.

Ҷамила Парвонаева, модари Сомон, ки ба пешвози писари қаҳрамонаш ба фурудгоҳи Душанбе омада буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ман фахр мекунам, ки писарам қаҳрамони ҷаҳон дар мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо шуд. Ифтихор мекунам, ки парчами миллати моро баланд бардошт".

Сомон Маҳмадбеков бо муроҷиат ба ҳамсолони худ гуфт, вақти худро беҳуда нагузаронанд ва бештар тамрину таҳсил кунанд.

Гуштигири шинохтаи тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар миёни беш аз 80 кишвари дунё, бо шикаст додани панҷ рақибаш дар вазни то 73 кило ғолиб шуда, ба медали тилло ва 2500 доллар ҷоиза сарфароз гашт. 

Дар Тоҷикистон низ аз ӯ қадрдонӣ шуд ва барояш ҷоизаи президентӣ дар ҳаҷми беш аз 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад. Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи милии олимпӣ ҳам барои Сомон 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ доданд.

Бо ба даст овардани нишони тилло дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни варзишгарони то 21-сола дар Марокаш, Сомон Маҳмадбеков мавқеашро дар раддабандии нави ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ, ки дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, хеле беҳтар намуд.

Ӯ дар раддабандии ҷаҳонии ҷудо миёни навҷавонон (juniors) якбора 57 зина боло шуд ва бо 559 имтиёз ба ҷойгоҳи аввал баромад. Мақоми дувумро Виктор Стерпу аз Молдова бо 551 имтиёз азони худ кардааст. Георгий Елбакиеви русиягӣ бо 472 имтиёз дар ҷойгоҳи севум қарор гирифтааст.

Сомон дар раддабандии инфиродии олимпӣ дар вазни то 73 кило бо 2060 имтиёз ҷойгоҳи 14-умро ишғол кардааст.





Губернаторы России
Москва

Собянин: 1 июня начнется фестиваль «Лето в Москве. Все на улицу!»





Москва

Книжные новинки, лаборатория текста и иллюстраций — ждут гостей Московского детского фестиваля искусств «НЕБО»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: фонд музея "Царицыно" собрал 61 тыс. произведений искусства



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Михаил Кутушов

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

МегаФон привёз спасателям и пожарным грузовик связи

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)


Виктория Азаренко

Андреева назвала важнейшей в карьере победу над Азаренко на "Ролан Гаррос-2024"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Жизнь

Всеармянский союз «Гардман-Ширван-Нахиджеван» осуждает лживое заявление президента Азербайджана Алиева



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России