Кашфи 39 ҷасад дар даруни контейнер
Пулиси Бритониё рӯзи 24-уми октябр гуфт, ки дар робита ба марги 39 нафар, ки ҷасадҳояшонро дар дохили як мошини боркаше ёфтанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мошинро шаби чаҳоршанбе дар шаҳри Грейс 30 километрии Лондон пайдо кардаанд. Ронандаи 25-солаи он аз Ирландияи Шимолӣ дастгир шудааст.