Ҳомии ҳуқуқи мусалмонҳои Чин Илҳом Тоҳтӣ барандаи ҷоизаи имсолаи ба номи Сахаров шуд
Парлумони Аврупо ҷоизаи имсолаи ба номи Сахаровро ба Илҳом Тоҳтӣ, ҳомии зиндонии уйғурҳои Чин тақдим кард. Девид Сассулӣ, президенти парлумони Аврупо зимни эълони хабари тақдими ҷоиза аз мақомоти Чин хост, ки Тоҳтиро “билофосила” озод кунанд. Тоҳтӣ бар асоси моддаи ҷудоиталабӣ ба зиндони абад маҳкум шудааст. Ду номзади дигари бурдани ҷоиза – созмони кениягии The Restorers ва се ҳомии ҳуқуқ аз Бразилия буданд. Ҷоизаи Тоҳтӣ эҳтимолан боиси хашми Чин шавад, чунки ҳама интиқодҳоро дар заминаи поймолшавии ҳуқуқи мусалмонҳо нодида гирифтааст.
Бовар меравад, ки тахминан 1 миллион уйғур ва мусалмонони дигар дар қароргоҳҳои бозтарбияи Чин дар вилояти Шинҷон нигаҳдорӣ мешаванд.
Ҷоизаи солонаи Парлумони Аврупо шурӯъ аз соли 1988 ҳар сол барои шахсият ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон тақдим мешавад ва ба номи физики машҳури шӯравӣ Андрей Сахаров гузошта шудааст.