Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2019

Даргузашти Валӣ Самад, адабиётшинос ва ангезандаи ғурури миллӣ

0
Даргузашти Валӣ Самад, адабиётшинос ва ангезандаи ғурури миллӣ

Адабиётшиноси тоҷик, корманди собиқи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон Валӣ Самад рӯзи 24 октябр дар синни 83-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Валӣ Самад, ки ӯро «таърихи зиндаи адабиётшиносии шӯравии тоҷик ва муборизи зидди фарҳангзудоии шӯравӣ” низ меноманд, 20 январи соли 1936 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара зода шудааст. Пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд даст ба пажуҳишҳои илмӣ зада, дертар барои навиштани рисола дар бораи равобити адабӣ миёни тоҷикон ва озариҳо дар Академияи илмҳои Озарбойҷон кор кардааст.

Аз он ба баъд бахши умдаи ковишҳои илмии ӯ ба масъалаҳои робитаҳои адабӣ миёни ақвоми форсизабон ва марказҳои адабию фарҳангии Қафқоз ихтисос ёфтааст. Дар ду даҳаи ахир ӯ бештар машғули таҳқиқи пайвандҳои адабиёти классикии форсу тоҷик ва афкори бедии сокинони Аврупо, аз ҷумла Русия гардид. Натиҷаи ин ҷустори илмӣ китобе бо номи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский» шуд, к иду дафъа ба нашр расидааст. Пеш аз он Валӣ Самад рисолаи «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» дар Қафқоз»-ро мунташир намуд, ки баъдан дар Эрон низ ба чоп расид. Равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои русу озар, гурҷию арманӣ, туркману тотору ӯзбек аз мавзуи 15 рисола ва наздики 400 мақолаи ин муҳаққиқанд.

Аммо шуҳрати Валӣ Самад аз фаъолиятҳои ҷамъиятии ӯ низ маншаъ мегирад, ки бештар ба ҳифзи забони модарӣ ва эҳтирому ифтихори миллӣ дар давраи фарҳангзудоии Шӯравӣ рабт доштанд. Доираҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангииТоҷикистон ӯро ҳамчун “катализатор” ё фурӯкушои ташаббусҳои мадание медонанд, ки гоҳе бо мақомоти сиёсии ҷумҳурӣ сари масъалаҳои нодидагирӣ ё камбинӣ нисбат ба забону фарҳанги миллӣ, ҳамла ба донишмандон, беадолатӣ нисбати мероси таърихӣ ва ғайра вориди мухолифат ва ҳақталошӣ мешуданд.

Валӣ Самад узви раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, узви Анҷумани ховаршиносони Арманистон, узви раёсати Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Рӯдакӣ» (Эрон) ва «Адаб» (Тоҷикистон) буд.





Губернаторы России
Москва

Собянин посетил фестиваль "Москва – на волне. Рыбная неделя"





Москва

Книжные новинки, лаборатория текста и иллюстраций — ждут гостей Московского детского фестиваля искусств «НЕБО»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: фонд музея "Царицыно" собрал 61 тыс. произведений искусства



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Ирина Серегина

Концерт студии "Жерминаль"




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Вышел второй подкаст онлайн-лектория «Иннагрика» о возможностях аграрной генетики для молодых исследователей

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)


Ролан Гаррос

Синнер повторил достижение Джоковича и Надаля по победам на "Больших шлемах"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

«Восход», Тинькофф Банк и Альфа объявили о совместном pre-IPO фонде в секторе tech на 4 млрд рублей



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России