Хабарҳо дар бораи кушта шудани Абубакри Бағдодӣ дар Сурия
Дар пасманзари хабарҳои кушта шудани Абубакри Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ", сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки президент Доналд Трамп рӯзи 27-уми октябр "суханронии муҳим" хоҳад кард, вале нагуфт, дар чӣ бора. Пас аз чанд лаҳза худи Трамп дар Твиттер навишт: "Алъон иттифоқи бисёр бузурге рӯй дод."
Чанде аз хабаргузориҳо, аз ҷумла CNN, Newsweek ва Reuters гуфтанд, нерӯҳои амрикоӣ рӯзи шанбе дар шимоли Сурия, маҳалле ки гумон мерафт раҳбари ДОИШ дар онҷо паноҳ бурдааст, амалиёт гузарондаанд. Аммо ҳеч далеле дар даст нест, ки мавзӯи изҳороти Трамп ҳамин аст, ё чизи дигар.
Як мансабдори Кохи Сафед ба CNN гуфтааст, изҳороти Трамп ба сиёсати хориҷӣ рабт дорад. Newsweek аз қавли як манбаъ дар артиши Амрико навишт, дар ҷараёни амалиёти рӯзи шанбе Абубакри Бағдодӣ кушта шудааст.
Хабаргузории Reuters бо такя ба як мақоми низомии Амрико гуфт, амалиёт дар вилояти Идлиби Сурия баргузор шуд.
Дар гузашта низ дар бораи кушта шудани Абубакри Бағдодӣ чанд дафъа хабарҳо нашр шуда буд, аммо тасдиқи худро наёфт. Моҳи феврали соли 2018 чанд мақоми амрикоӣ гуфтанд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии моҳи майи 2017 Бағдодӣ сахт маҷруҳ шуда, назорати ин гуруҳи тундравро аз даст додааст.
Намояндагони Амрико ва Ироқ тахмин зада буданд, ки Бағдодӣ дар Сурия ва дар наздикии марз бо Ироқ қарор дорад.
Абубакри Бағдодӣ зодаи Ироқ аст. Амрико барои ёфтани ӯ 25 миллион доллар ҷоиза таъйин карда буд.