Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2020

Новости за 11.06.2020

RSF аз Тоҷикистон хост, ҷарима барои нашри хабарҳои "носаҳеҳ"-ро бекор кунад

Ozodi.org 

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders), қароргоҳаш дар Париж, таъйини ҷарима барои ба истилоҳ нашри хабарҳои носаҳеҳ ё дурӯғ дар бораи коронавирусро дар Тоҷикистон маҳкум кард.

Кӯмаки ИА ва UNICEF ба 153 беморхонаи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо  ва бахши СММ дар умури кӯдак (UNICEF) ба 153 беморхонаи  Тоҷикистон дар ҳаҷми 24,7 тонна муҳимоти тиббӣ тақдим карданд. Дар изҳороти матбуотии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 11 июн гуфта шуд, ки ин кӯмакҳо дар чаҳорчӯби кӯмакҳои изтирории ИА ҳамчун вокуниши сареъ дар қиболи пандемияи COVID-19 ироа шудааст. Ин кӯмакҳо аз “таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ, аз ҷумла ҳароратсанҷҳо, либосҳои муҳофизатии тиббӣ ва ниқобҳои навъи N95/FFP” иборат мебошанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки рӯйхати беморхонаҳо... Читать дальше...

Озодиҳои динӣ. Амрико танқид кард, Тоҷикистон розӣ нест. Роҳи ҳал кадом аст?

Ozodi.org 

Баҳои Амрико ба вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон тағйир накардааст ва Вашингтон бори дигар Душанберо барои риоя накардани ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандон танқид кард. Мақомоти Тоҷикистон бо чунин арзёбӣ розӣ нестанд ва мегӯянд, "баҳогузории Амрико воқеиятро инъикос намекунад".



Талафот аз коронавирус дар Тоҷикистон як нафар зиёд шуд. Беш аз 3000 кас шифо ёфтаанд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта як нафар аз бемории COVID-19 фавтидааст ва шумори умумии ҷонбохтагон рӯзи 11-уми июн ба 49 нафар расид. Дар феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативӣ дар Интернет теъдоди фавтидагон аз бемории ҳамагир ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад кас ҳисоб шудааст. Мақомот ин рӯйхатро қабул надоранд ва мегӯянд, дар ҳашт рӯзи ахир марги танҳо як нафар аз бемории ҳамагир тасдиқ шуд.    Аммо он чи омори расмиро зери шубҳа мегузорад... Читать дальше...

Президент гуфт, барои ду сол хӯрок захира кунед. Сокинон: "Аз куҷо захира кунем?" ВИДЕО

Ozodi.org 

Дастури такрории раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи доштани захираи дусолаи хӯрокворӣ баъзе аз сокинон аз нигоҳи назариявӣ "фикри хуб", вале амалан "иҷронашуданӣ" медонанд.

Ҳамлагари масҷиде дар Норвегия ба 21 соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Рӯзи 11 июн додгоҳе дар Осло як шаҳрванди Норвегияро бар асоси иттиҳоми куштор бар пояи эҳсосоти нажодпарастӣ ва талоши куштори намозгузорони масҷиде ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Соли гузашта, пеш аз он ки ҳамлаҳои худро содир кунад, Филип Мансҳаус эҳсосоти зидди муҳоҷирон ва зидди мусалмононро баён карда, дар охирин суханаш дар додгоҳ ҳам эҳсоси пушаймонӣ накард.  Мансҳаус, ки ҳоло 22 сол дорад, духтари чинии аз ҷониби волидонаш ба фарзандӣ хондашударо дар хонаи волидон кушт ва баъдан гуфт,... Читать дальше...

Озмуни сафорати Амрико барои ширкат дар барномаи "Фулбрайт"

Ozodi.org 

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе барои иштирок дар барномаи "Фулбрайт" барои мутахассисон озмун эълон кард. Мӯҳлати охирини супурдани ҳуҷҷатҳо якуми август таъин шудааст. Барнома ба созмону муассисаҳо имконият медиҳад, мутахассисонеро бипазиранд, ки дар амалӣ кардани тарҳҳои таҳсилӣ кумак карда метавонанд. Тибқи иттилои сафорати Амрико дар Душанбе муддати барнома аз 14 то 42 рӯзро дар бар мегирад. Мактабҳои олӣ, вазорату оҷонсиҳо, мақомоти қонунгузор, муассисаҳои фарҳангӣ, созмонҳои... Читать дальше...



Парвандаи нав дар доираи қазияи Михаил Ефремов

Ozodi.org 

Дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи садамаи автомобилӣ бо ширкати ҳунарпешаи маъруфи рус Михаил Ефремов дар Русия парвандаи нави ҷиноятӣ дар бораи фурӯши маводи мухаддир ифтитоҳ шудааст. Владимир Васенин, сухангӯи раёсати умури дохилии Маскав  гуфт, ки «дар ҷараёни тафтишот маълум шудааст, ки шахсони номаълум ба ронанда маводи нашъа фурӯхтаанд». Таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ нисбати ҳунарпешаи маъруф ба сарраёсати ВКД Маскав супурда шудааст.  Тафтишот мегӯяд, ки рӯзи 8 июн Михаил Ефремов замоне, ки аз майдони Смоленская дар Маскав ҳаракат мекард... Читать дальше...

Истеҳсоли семент кам нашуд, вале сохтмони корхона ба таъхир уфтод

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар панҷ моҳи аввали имсол беш аз 1,5 миллион тонна семент истеҳсол кардааст, вале густариши бемории COVID-19 сохтмони корхонаи нави сементбарориро дар шаҳри Душанбе то ба ду соли дигар ба таъхир андохтааст. Қобил Ташрифов, як масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, 11-уми июн гуфт, бо вуҷуди паҳншавии бемории ҳамагир корхонаҳои кишвар тавонистаанд "сатҳи истеҳсоли сементро ба гунаи соли қаблӣ ҳифз кунанд".  "Сементи корхонаҳои Тоҷикистон асосан ба Узбекистон ва Афғонистон содирот мешавад. Читать дальше...

Путин шахсан аҳамияти тағйироти конститутсиониро шарҳ медиҳад

Ozodi.org 

Нашрияи “Ведомости” бо такя ба ду шахси наздик ба маъмурияти президенти Русия навишт, ки ба сокинони ин кишвар мӯҳтавои тағйироти конститутсионии кишварро худи Владимир Путин шарҳ хоҳад дод. Эҳтимолан президент бо фаъолони ҷамъиятӣ чанд ҷаласа барпо карда  ба мардуми кишвар ҳам муроҷиат хоҳад кард. Феълан маълум нест, ки ин ҳама корҳо кай анҷом мешаванд. Як мақомдори маъмурияти президент гуфт, ки “худи президент беҳтар аз дигарҳо тағйироти қонунро шарҳ дода метавонад”. Бархе сиёсатшиносон мегӯянд... Читать дальше...

Олмон тасдиқ кард, ки  ИМА дар фикри коҳиши нирӯҳояш аст

Ozodi.org 

Ҳукумати Олмон гуфт, ки огаҳии расмии эҳтимоли қисман берун шудани нирӯҳои амрикоӣ аз хоки Олмонро дарёфт кард, тасмиме, ки ба андешаи таҳлилгарон, ба Русия паёмҳои иштибоҳӣ фиристода амнияти НАТО-ро ба ҳам мезанад. Хабар рӯзи 10 июн дар матбуот баъди он нашр шуд, ки президенти ИМА Доналд Трамп амр дод, ки аз 34,500 низомии амрикоии мустақар дар Олмон 15 ҳазор нафарашон берун бурда шаванд. Кохи Сафед аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ кард. Улрике Деммер, сухангӯи садри аъзами Олмон ба хабарнигорон дар Берлин гуфт... Читать дальше...

Ҳукми як муҳоҷири тоҷик барои "шантаж" ва ришва дар Русия

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои "шантаж"-и зане ва пешниҳоди ришва ба маъмурони пулис ба зиндони низомаш умумӣ андохтааст.  Ному насаби шаҳрванди маҳкумшудаи Тоҷикистон ва ҳамчунин мавқеи ӯ ва ё вакили мудофеаш ба қазия маълум нест. Ҳодиса дар шаҳри Черкесск рӯй додааст. Додситонии шаҳри Черкесск гуфтааст, шаҳрванди Тоҷикистон гӯё пинҳонӣ иртиботи маҳрамонаи як занро ба навор гирифта, бо таҳдиди ин ки видеоро паҳн мекунад, аз ӯ даҳ ҳазор рубл ситондааст. "Зан барои додхоҳӣ ба... Читать дальше...

632 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Ба иттилои вазорати тандурустии Қазоқистон, дар як рӯзи охир дар ин кишвар 632 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируст сабт шудааст. Хадамоти матбуотии вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, шоми 10 июн шаш тан аз гирифторони коронавируст дар он кишвар фавтидааст. Дар маҷмуъ шумори умумии гирифторони коронавирус дар Қазоқистон, ҳам касоне, ки нишонаҳои ошкор ва ҳам касоне, ки нишонаҳои пӯшида доранд, ба наздики 16 ҳазор расидааст. Шумори умумии фавтидагон аз ин вирус дар Қазоқистон ба 67 расидааст... Читать дальше...

Абдунабӣ Сатторзода: "Дар кишвар ҳеч тоҷик дар фикри ҷанги шаҳрвандӣ набуд" САДО

Ozodi.org 

"Ман гунаҳкорам, Ман гунаҳкори гунаҳнокардаам, Ман гунаҳкорам барои он ки тоҷик будаам..." Ин шеър ин ҳафта моро ба суроғи Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик, узви пешини Кумисюни оштии миллӣ ва муовини собиқи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бурд.

Боздошти масъули шоҳроҳи Бишкек -Ӯш бо гумони фасодкорӣ

Ozodi.org 

Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон мудири кулли Дирексияи давлатии роҳи мошингарди Бишкек - Ӯш ва сардорони нақбҳои "Сосновка"-ву "Қаракӯл"-ро боздошт кард. Аз маркази матбуотии Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон гуфтанд, "низоми густардаи фасодолудро дар зерсохторҳои Дирексияи давлатии роҳи мошингарди Бишкек - Ӯш" ошкор кардаанд. "То имрӯз 12 тан аз масъулони ниҳоди тобеи вазорати нақлиёт ва роҳҳои кишвар бо гумони фасодкорӣ боздошт шудааст. Зиёни... Читать дальше...


Музыкальные новости
Алла Пугачёва

Исполнительницу Аллу Пугачеву на официальном уровне признали в Израиле





Rss.plus
Подмосковье

Таунхаусы в Подмосковье за год подорожали в среднем на 6% — до $258,9 тыс




Туристы стали проводить в Нижнем Новгороде вдвое больше времени

Примадонна оперной сцены Хибла Герзмава споет в ...

У тюменцев в 5,5 раза вырос спрос на покупку дач

Врачи НИКИ детства вместе с пациентами высадили сиреневую аллею




Шурӯи мурофиаи 16 афсари низомиву мақомоти вазорати дифоъ дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Дар додгоҳи низомии шаҳри ҷанубии Шимкенти Қазоқистон  рӯзи 11 июн мурофиаи додгоҳии 16 афсари низомиву мақомоти вазорати дифоъ шурӯъ шуд. Ин афрод дар робита бо силсилатаркишҳо дар анбори силоҳе дар моҳи июни соли 2019, ки боиси ҳалокати чор нафар шуд,  ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар ҳодисаҳои як сол пеш дар анбори силоҳи воқеъ дар шаҳри Арис, 67-километрии Шимкент, давоми чаҳор рӯз таркишҳои пайдарҳам рух дод ва ба иловаи чаҳор кушта даҳҳо сокини маҳаллӣ маҷрӯҳ шуданд. Қурбонии чоруми ин ҳодисаҳо... Читать дальше...

ИМА дар масоили озодиҳои динӣ Узбекистонро ситоиш ва Тоҷикистонро интиқод кард

Ozodi.org 

Департаменти давлатии ИМА гуфт, ки озодиҳои динӣ дар Узбекистон дар ҳоли беҳбуд ёфтан аст ва Чину Эрон дар миёни озордиҳандагони бадтарин дар ҷаҳон номбар мешаванд. Сэм Браунбек, сафири супоришҳои махсус дар умури озодиҳои динӣ рӯзи 10 июн гуфт, “дар бисёр нуқоти ҷаҳон назар ба озодиҳои бештари динӣ, нафарони ҳарчи бештар мавриди фишор қарор мегиранд”. Гузориши солонаи ИМА мегӯяд, Узбекистон соли гузашта аз феҳристи “бадтарини бадтаринҳо” дар поймолкунии озодиҳои динӣ хориҷ карда шуд ва ҳамоно дар ин самт қадамҳои мусбат мегузорад. Читать дальше...

Шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар ИМА аз 2 миллион гузашт

Ozodi.org 

Дар ИМА шумори ҳодисаҳои тасдиқшудаи олудагӣ ба коронавирус то поёни рӯзи 10 июн аз марзи 2 миллион нафар гузашт. Масъулини беҳдоштӣ дар чандин аёлати ИМА гуфтанд, ки баъди ду ҳафта пеш баргузор шудани Рӯзи хотира ҳодисаҳои олудашавӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Рӯзи 10 июн дар аёлати Аризона шумори рекордии беморон ба қайд гирифта шуд ва бисёри онҳо дар маконҳои серодами туристӣ дар рӯзҳои истироҳати охири моҳи май мушоҳида шуданд. Техас, Флорида ва Каролинаи Шимолӣ аввалин иёлоте буданд, ки муқаррароти... Читать дальше...

Муҷассамаҳо хароб, парчамҳои конфедератсия ҳамчун рамзи нажодпарастӣ дар ИМА манъ мешаванд

Ozodi.org 

Муҷассамаи кашшофи итолиёӣ Христофор Колумб ва шахсиятҳои маъруфи даврони ҷанги шаҳрвандии ИМА, ки дар ҷануби ин кишвар аз ғуломдорӣ ҳимоят кардаанд, дар пасманзари амалҳои зидди рамзҳои нажодпарастӣ дар паи марги амрикоии африқоитабор аз дасти полиси Миннеаполис мавриди ҳадаф қарор гирифтанд. Шоми 10 июн дар шаҳри Ричмонди Вирҷиниа муҷассамаи Ҷефферсон Девис, президенти ҷудоиталаби даврони ҷанги шаҳрвандии ҷануби Амрико барчида шуд. Аз ин пеш даҳҳо нафар дар Миннеаполис пайкараи Христофор Колумбро барчиданд. Читать дальше...

Фавти 11 маҳбус. Мақомот марги онҳоро аз пневмония гуфтанд, наздикон аз COVID-19

Ozodi.org 

Аз оғози моҳи май ва баъд аз онки мақомот мавҷудияти коронавирусро дар кишвар тасдиқ карданд, 11 маҳбус бо нишонаҳои монанд ба ин беморӣ фавтидаанд. Аммо масъулини Идораи зиндонҳо мегӯянд, марги ин маҳбусон на аз COVID-19, балки аз илтиҳоби шуш ё пневмония буд. Расонаӣ шудани хабари бемории маҳбусон дар пасманзари пандемия нигаронии наздикони зиндониён ва ҳомиёни ҳуқуқро ба миён овардааст. Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шумори маҳбусоне... Читать дальше...



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о перспективном развитии соцполитики государства


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Песня

Вывод Песни, Альбома, Клипа в ТОП Музыкальных Чартов!




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

"Зенит" в Москве обыграл ЦСКА и сравнял счет в серии

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

Пензенские регбистки выиграли первенство России


Новак Джокович

Кто транслирует бой Табило против Джоковича на турнире Rome Masters 1000?



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Киев

Мечтающего по победе Киева Макаревича* проверят на экстремизм



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России