Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2020

Новости за 04.06.2020

"Агар коронавирус дубора авҷ гирад..."

Ozodi.org 

Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон рӯзи 3-юми июн гуфтааст, дар сурате ки ҳушдорҳо ҷиддӣ гирифта нашаванд ва коронавирус "дубора авҷ" бигирад, масъулон маҷбур хоҳанд буд, маҳдудиятҳоро дигарбора ҷорӣ кунанд.

Нигарониҳо аз афзоиши фишор болои хабарнигорони ошкоргӯ

Ozodi.org 

Ду дафъа латукӯб шудани хабарнигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ осебпазир будани рӯзноманигорони расонаҳои мустақил ва ошкоргӯйро дар Тоҷикистон ба намоиш гузошт. Мақомот қазияро тасодуфӣ номиданд, вале созмонҳои мустақили журналистӣ ва ҳомиёи ҳуқуқ талоши ошкорои маҳдуд кардани озодии баён хонданд.



Манобеъ гуфтанд, COVID-19 ба тақрибан 50 бемори рӯҳӣ сироят кардааст

Ozodi.org 

Ҳудуди 50 бемори Маркази равонпизишкии вилояти Суғд ба коронавирус мубтало шудаанд. Равуо ба дохили шифохона зери назорат аст ва маълум нест чӣ гуна бемории ҳамагир ба бошандагони он сироят кардааст. Маъмурият гирифтор шудани беморони руҳиро ба COVID-19 рад мекунанд, вале манобеъ чизи дигар мегӯянд.

Афсари пешини амрикоӣ баъди ду соли зиндон Эронро тарк кард

Ozodi.org 

Президенти Амрико гуфт, афсари пешини нирӯҳои баҳрии кишвараш Майкл Вайт, ки дар Эрон боздошту зиндонӣ шуда буд, он кишварро тарк кард ва ба зудӣ ба дидори наздиконаш мерасад. Доналд Трамп рӯзи 4-уми июн дар Твиттер навишт, "Вайт дар ҳавопаймои Швейтсария аст".  Майкл Вайтро соли 2018 дар Эрон бо иттиҳоми "тавҳин" ба раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ва нашри акси хусусӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум карданд. Вай дар пайи густариши бемории коронавируси нав ба сафорати Швейтсария дар Теҳрон интиқол ёфта буд.

Лукашенко аз ошӯби Андиҷон ва ворид шудани Э.Раҳмон ба Душанбе ёд овард

Ozodi.org 

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, рӯзи 4-уми июн дар ҷаласаи бахшида ба таъйини ҳукумати нав дар кишвараш гуфт, Беларус ягона кишвари Шӯравии собиқ аст, ки шоҳиди хунрезӣ нашуд. Вай барои тақвияти суханҳояш даргириҳои Украинаву ошӯби Андиҷон ва ҷанги солҳои 90-и Тоҷикистонро намуна овард.   Ба қавли хадамоти матбуоти президенти Беларус, Лукашенко гуфтааст, яке аз дастовардҳои муҳими кишвараш сулҳу субот аст, аммо ҳамзамон гила карда, ки баъзеҳо инро фаромӯш мекунанд. Вай гуфтааст: "Баъзе аз мардум меандешанд... Читать дальше...

98 мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик эълон карданд, ки дар кишвар давоми шабонарӯзи гузашта 98 мавриди гирифторӣ ба бемории СОVID-19 сабт шудааст. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, давоми 24-соати ахир дар кишвар ҳеҷ кас аз COVID-19 нафавтидааст. Вазорати тандурустӣ шоми 4-уми июн бо нашри иттилоия эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашта 202 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Ҳамакнун 1418 нафари дигар зери муроқибати табибон қарор доштаанд. Ин вазорат шумораи... Читать дальше...



Дар ҳамла ба кӯдакистоне дар Чин 39 нафар, аксар кӯдакон маҷрӯҳ шуданд

Ozodi.org 

Дар як ҳамла бо корд ба кӯдакистоне дар ҷануби Чин рӯзи 4 июн дастикам 39 нафар, аксар кӯдакон ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти ноҳияи Кангвуи  вилояти Гуансӣ гуфтанд, ки дар ҳамла 37 кӯдак ва ду калонсол маҷрӯҳ шуданд. Матбуоти давлатӣ хабар дод, ки ин ҳамла кори дасти нигаҳбони ҳамин кӯдакистон Лии 50-сола мебошад. Сабаби даст ба ин кор задани мард феълан маълум нест, вале ӯ аллакай дар боздошт аст. Телевизиони давлатӣ гуфт, ки дар ин ҳамла 40 нафар маҷрӯҳ шуданд, аз ҷумла се нафар – мудири  кӯдакистон... Читать дальше...

Ҳукми додгоҳи таҷдиди назари Париж дар робита бо маблағгузори наслкушиҳои Руанда

Ozodi.org 

Додгоҳи таҷдиди назар дар Париж  рӯзи 3 июн амр дод, ки гумонбар дар наслкушиҳои Руанда Фелисиен Кабуга ба додгоҳи байналмилалӣ таслим шавад. Додситонҳои СММ Кабугаро дар маблағгузории наслкушии 800 ҳазор намояндаи қавми тутси бо дасти ниманизомиёни ҳутӣ ва ҳам қатли ҳутиҳои мӯътадил дар Руанда дар соли 1994  гунаҳгор мекунанд. Ӯ аз рӯи моддаҳои наслкушӣ, ҳамдастӣ дар наслкушӣ, таъқиб  ва решаканкунӣ гумонбар мешавад. Вакили дифои Кабуга дар мурофиа гуфт, ки зерҳимояи 84-солааш бояд бо назардошти синну сули зиёд... Читать дальше...

Ширкатҳо билет мефурӯшанд, Тоҷикистон ҳанӯз ба парвозҳо иҷоза надодааст

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи оғози парвозҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла ба самти Русия, рад карданд. Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ ва баръакс аз нимаи дувуми моҳи март қатъ шудааст. ​

Имсол хатмкунандагони тоҷик бе имтиҳон баҳо мегиранд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ситоди муқобила бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон хостааст, имтиҳони хатм барои хонандагони синфҳои 9 ва 11 баргузор карда нашавад. Мутахассисон аз он нигаронанд, ки ҷамъшавии хонандагон метавонад боис ба густариши бемории ҳамагир гардад. Ин тасмим гуруҳеро хурсанд, вале бархеро норозӣ кардааст.

Маросими ёдбуди Флойд ва иттиҳоми дигар афсарони полис дар куштори ӯ

Ozodi.org 

Дар остонаи баргузории маросими ёдбуди Ҷорҷ Флойди 46-сола, амрикоии африқоитаборе, ки ба ҳангоми боздошташ аз ҷониби ходимони сафедпӯсти полис кушта шуд, дар саросари ИМА намоишҳои эътирозӣ алайҳи нажодпарастӣ ва озори полис идома меёбад. Қарор аст аввалин маросиме аз се маъракаи ёдбуди Флойд рӯзи 4 июн дар Миннеаполис баргузор шавад ва дар он Реверенд Ал Шарптон, як раҳбарии ҳаракати ҳуқуқи инсон суханронӣ мекунад. Як рӯз баъди намоишҳои ҳамраъйӣ бо эътирозагрон дар Амрико, ки дар Лондону Париж баргузор шуд... Читать дальше...

Лукашенка ду моҳ пеш аз интихоботи президентӣ ҳукуматро ба истеъфо фиристод

Ozodi.org 

Президенти Беларус Аляксандр Лукашенка ду моҳ пеш аз интихоботи президентӣ ҳукуматро ба истеъфо фиристод. Дар ин бора рӯзи 3 июн телевизиони давлатии Беларус хабар дод. Интихобот рӯзи 9 август баргузор мешавад ва интизор меравад, ки Лукашенкаи 65-сола бори шашум дар овоздиҳӣ пирӯз эълон мешавад. Ҳеҷ як интихобот дар Беларус баъди соли 1994, замони сари қудрат омадани Лукашенка, мутобиқ ба меъёрҳои интихоботи шаффофу демократӣ эътироф нашудааст. Соли 2004 дар Беларус маҳдудият дар ширкати номзади интихоботи  президентӣ бардошта шуд. Читать дальше...

Маросими гиромидошти кушторҳои соли 1989 дар Тянанмин онлайнӣ барпо мешавад

Ozodi.org 

Рӯзи 4 июн фаъолони демократӣ ва ҳомии ҳуқуқ дар саросари Ҳонгконг кушторҳои ҷамъии мардум дар майдони Тянанминро дар соли 1989 гиромӣ хоҳанд дошт. Нахустин бор дар 31 соли охир маъракаҳои асосӣ дар ин замина бекор шуданд, вале маросими дигаре бар ивази он ба нақша гирифта шудааст. Дар саркӯбҳои беш аз се даҳсола пеш садҳо ва шояд ҳазорҳо эътирозгари режими Чин кушта шуданд ва то ҳол ин мавзӯъ дар Чин ба таври рӯшод матраҳ намешавад.  То соли ҷорӣ дар Ҳонгконг ҳамеша маросими хосе ба ёди қурбониҳои он саркӯбҳо  баргузор мешуд... Читать дальше...


Музыкальные новости
Юрий Лоза

Певец Лоза заявил, что Влада Листьева убили из-за денег





Rss.plus
Бато Багдаев

Дети из землячества Узбекистана в Улан-Удэ стали зрителями театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура




Новым главным раввином Москвы стал Йосеф Каменецкий

Суд смягчил приговор осужденному за вымогательство у топ-менеджера Ростеха

В Подольске завершили строительство детского сада на 240 мест в мкр Климовск

В мире: Зачем России дружба между Китаем и Индией




Раҳбари Пентагон ба истифодаи артиш дар саркӯби эътирозгарон зид баромад

Ozodi.org 

Вазири дифои ИМА Марк Эспер зидди ҷалби артиш ба саркӯби эътирозҳои оммавие баромад, ки беш аз як ҳафта мешавад дар ин кишвар ҷараён доранд. Ба ин эътирозҳо марги марди сиёҳпӯст Ҷорҷ Флойд сабаб шуд, ки дар натиҷаи боздошти бераҳмонаи пулис ҷон бохт. Президенти ИМА Доналд Трамп исрор кард, ки барои барқарории тартибот артиш ҷалб шавад. Ба гуфтаи Эспер, қонуни соли 1807 ба президент ҳақ медиҳад, ки танҳо дар буҳронитарин ё хатарноктарин вазъ ҳамчун охирин чора аз артиш истифода кунад. Вале ба гуфтаи вазири дифои Амрико... Читать дальше...

Ширкатҳо билет мефурӯшанд, Тоҷикистон ҳанӯз ба парвозҳо иҷоза надодааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи оғози парвози ҳавопаймоҳо ба Русия рад карданд. Масъулони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтанд, ба ягон ширкат иҷозаи парвоз дода нашудааст ва рафтуои ҳавоӣ танҳо баъди ба эътидол омадани вазъи вобаста ба коронавирус имконпазир хоҳад шуд.

Омӯзгорони Қазоқистон аз пардохти ҳаққи узвияти иттифоқи касаба даст мекашанд

Ozodi.org 

Беш аз ҳазор омӯзгор бо нашри як номаи боз ба унвони вазири маорифи Қазоқистон Асхат Аймагамбетов гуфтанд, пардохти ҳаққи узвияти иттифоқи касабаро қатъ мекунанд. Зеро ба гуфтаи омӯзгорон, ин ниҳод аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят намекунад. "Мутаассифона мо иттифоқи касабаеро надидем, ки аз ҳаққи омӯзгорон дифоъ кунад. Ҳар вақте омӯзгор дар мактаб ба кор ҷалб шавад, бояд узви иттифоқи касаба гардад. Ин як қонуни нонавишта дар муассисаҳои таълимӣ аст. Дигар ин, ки муҳосибони мактабҳо бидуни розигии омӯзгорон ҳаққи узвияти иттифоқро меситонанд. Читать дальше...

Трамп хостори даъвати Путин ба ҷаласаи G7 шуд

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки барои даъвати раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин ба ҷаласаи сарони кишварҳои узви Гурӯҳи Ҳафтгона (G7) “ақли солим” вуҷуд дорад. Зимни сӯҳбаташ бо радиои Фокс Нюс рӯзи 3 июн, Трамп гуфт, ки кишварҳои санъатии (G7)  бо вуҷуди мавқеи Путин дар саҳнаи байналмилалӣ ва азхудкунии нимҷазираи Қрими Украина бояд бо Русия дар муколама бошанд. Трамп гуфт: “Масъала дар он нест, ки ӯ чӣ кор кард. Ин ҷо гап дар бораи ақли солим меравад”. Ӯ гуфт: “Масъала ин аст, ки гапи бисёри мо дар бораи Путин аст. Читать дальше...

Узбекистон аксиз аз воридоти мошинро бекор кард

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 3 июн қарори "Тадбирҳои иловагӣ барои ба тартибдарории фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳавасмандгардонии рушди бозори дохилии мошин"-ро имзо кард. Ба огаҳии Вазорати адлияи Узбекистон, фармон аз 1 августи соли равон аксиз аз воридоти нақлиёти зерин бекор карда мешавад: – тракторҳо (рамз ТН ВЭД – 8701); – нақлиёти дорои муҳаррик барои интиқоли 10 одам ё зиёда аз он (8702); – мошини сабукрав ва нақлиёти дорои муҳаррик, ки барои интиқоли одамон пешбинӣ шудааст (ба ҷуз аз 8702)... Читать дальше...



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Урганта и Смехова исключили из концерта памяти Окуджавы: Вдова барда извинилась - в том числе, за проведение события




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Пензенские регбистки выиграли первенство России

В Москве пройдет Братский кубок с "Динамо", ЦСКА и сербскими "Партизаном" и ОФК

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)


WTA

Саснович вышла в третий раунд турнира WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Столичные службы приступили к работам по капремонту фасадов многоквартирных домов



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России