Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2020

Новости за 12.06.2020

Ихроҷи беш аз 50 муҳоҷири тоҷик аз Қазоқистон дар аҳди коронавирус

Ozodi.org 

Беш аз 50 муҳоҷири тоҷик мегӯянд, додгоҳи Қазоқистон дар аҳди коронавирус ҳукми ихроҷи онҳоро содир кардааст. Ин гуруҳи муҳоҷирон дар гузаргоҳи Жибек Жоли, байни Қазоқистону Узбекистон, ҳастанд. ​Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи ихроҷ шудани шаҳрвандон ҳеч иттилоъ нагирифтааст.

Як сокини Душанберо барои таҳқири духтари ҷавон боздошт карданд

Ozodi.org 

Масъулони Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтанд, мардеро, ки рӯзи 11-уми июн дар маҳаллаи Сирки пойтахт духтари ҷавон Маҳин Исрофилро таҳқир кардааст, дастгир карданд ва ӯ ба майдаавбошӣ муттаҳам аст.

Донишмандони Чин ба зидди СОVID-19 ваксина сохтаанд

Ozodi.org 

Пажӯҳишгарони Чин мегӯянд, як ваксинаи умедбахши бемории COVID-19-ро офаридаанд, ки озмоиши он дар маймунҳо натиҷаи мусбат додааст. Ба гуфтаи онҳо, ваксина дар бадани маймунҳо подтанҳои маҳвкунандаи вирусро ба ҳаракат меорад ва айни замон ҳеч асари манфии дигар надорад.



Дар Қирғизистон мардеро ҳабс карданд, ки ҳамсарашро зери навори видео латукӯб мекард

Ozodi.org 

Дар як деҳаи ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон мардеро боздошт карданд, ки дастони ҳамсарашро аз пушт баста ба гарданаш ду чархи резинии пур аз сангро овехта ӯро зери навори видео латукӯб мекард. Марди 51-сола аз ҷониби полиси вилоятӣ бар асоси моддаи “шиканҷа” боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилӣ гуфт, ки ин мард рӯзи 11 июн боздошт ва ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфт. Қабл аз он дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие паҳн шуд, ки дар он мард ба сари ҳамсараш об рехта ба рӯяш мезанад. Читать дальше...

Албания Комрон Зуҳуровро ба Олмон истирдод мекунад

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Тирана, пойтахти Албания, қарор кардааст, ки шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Комрон Зуҳуровро барои бозпурсӣ ба Олмон истирдод кунад. Вай ба тарҳрезии амали террористӣ аз номи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ муттаҳам аст. Дар ин бора хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" рӯзи 12-уми июн иттилоъ дод. Додгоҳи ноҳиявии Тирана гуфтааст, Зуҳуровро "бо сабаби эҳтимолан мавриди шиканҷа қарор гирифтанаш" ба Русия ва Тоҷикистон намефиристад. Комрон Зуҳуров моҳи майи имсол бо дархости Олмон дар Албания боздошт шуд. Читать дальше...

Путин бовар дорад, ки “аксари кулл”-и сокинони Русия ҷонибдори тағйири конститутсия ҳастанд

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, “аксари кулли” шаҳрвандони кишвар аз мавқеи ӯ барои тағйири Конститутсия пуштибонӣ мекунанд. Зимни суханронӣ дар маросими тақдими нишонҳои Қаҳрамони меҳнат дар рӯзи 12 июн дар боғи ғалабаи Маскав Путин сокинонро бо Рӯзи Русия табрик гуфт. Путин гуфт, мардуми Русия ба “таърихи бисёрасраи худ, анъанаву фарҳанг”, “эҳтироми волидон ва оила”, “муҳаббат ба сарзамин ва тамомияти арзӣ” арҷ мегузорад ва ҳамин арзишҳо, ба гуфтааш, баёнгари тағйирот ба конститутсияи Русия мебошад. Читать дальше...

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар сохтмони Санкт-Петербург ҷароҳати сангин бардошт

Ozodi.org 

Нашрияи “Фонтанка” хабар дод, ки рӯзи 11 июн дар корҳои тахриби бинои маҷмааи варзишию  консертии “Петербургский” як шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд. Нашрия мегӯяд, ки ҷавони 18-сола зери пиллаи сангине монда сутунмӯҳраашро шикаст ва ҳоло дар ҳолати сангин қарор дорад. Исми  ӯ феълан маълум нест. Ин ҷавон коргари ширкати “Балтийский синдикат” аст, ки яке аз ширкатҳои масъули тахриби сохтмон мебошад.  Маҷмааи “Петербергский”-ро 31-уми январи имсол ба тахриб кардан шурӯъ намуданд ва худи ҳамон рӯз боми он сарозер шуд. Читать дальше...

Меҳрубони Равшан: "Мунтазири боз шудани марз ҳастам, ба Тоҷикистон бармегардам" ВИДЕО

Ozodi.org 

Овозхони тоҷик Меҳрубони Равшан, ки ҳоло дар Русия аст, пас аз чанд соли хомӯшӣ ва набудан дар рӯйи саҳна дубора аз худ дарак дод. Аммо на бо таронаву эҷоди нав, балки бо ду паём, ки бисёриҳоро ҳайратзада кардааст.



Шумори гирифторон ба панҷ ҳазор наздик шуд. 3158 кас шифо ёфтаанд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, то рӯзи 12-уми июн 3158 нафар ё зиёда аз 64 дарсади гирифторони коронавируси нав шифо ёфтаанд. Мақомот мегӯянд, дар шабонарӯзи гузашта бемории 68 кас собит шуд. Шумори умумии гирифторон ба 4902 нафар расид. Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти вируси нав 49 нафар фавтидаанд. Дар феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативӣ дар Интернет теъдоди фавтидагон аз бемории ҳамагир ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад кас ҳисоб шудааст. Мақомот ин рӯйхатро қабул надоранд ва мегӯянд... Читать дальше...

Меҳрубони Равшан: "Ин ҳама овозаҳо кори дасти рақибони ман аст". ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъд аз чанд соли хомӯшӣ овозхони шинохтаи тоҷик Меҳрубони Равшан замоне дигарбора сари забонҳо афтод, ки пас аз ду ҳафтаи нашри видеои кумакхоҳияш аз мардум, бо як ролики таблиғотӣ муҳоҷирони корӣ дар Русияро барои ширкат дар як бозии бурдноки мошинҳо даъват кард. Амалкардҳои аҷибу ғариби як моҳи ахири ин овозхон боиси нигаронии блогерҳо ва низ шуморе аз муҳоҷирон шуд ва баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла "Ютуб" доғ кард. Чанде аз блогерони тоҷик ҳам, ки дар Русия барои кумак ба Меҳрубон талош карда буданд... Читать дальше...

Сабтиноми электронии муҳоҷирон дар Русия имконпазир мешавад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Русия қонун дар бораи тартиби сабтином (регистратсия)-и муҳоҷирону шаҳрвандони хориҷиро тағйир дод. Ҳоло муҳоҷирон метавонанд, тавассути Хадамоти давлатии Русия (Госуслуга) ва бе навбатпоӣ худро дар ҷойи зисти муваққатӣ дар қайд гузоранд.

Қирғизистон созишномаро дар бораи пойгоҳи Русия тағйир дод ва пули бештар мегирад

Ozodi.org 

Вакилони порлумони Қирғизистон ба созишнома дар бораи мақоми пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ислоҳ ворид карданд. Бар асоси тағйироте, ки рӯзи 12-уми июн қабул шуд, нархи солонаи иҷораи замини пойгоҳ афзоиш меёбад. Дар натиҷаи омӯзиши топографии замини пойгоҳ маълум шудааст, ки ҳудуди он назар ба он чи ки дар созишномаи пешина зикр шудааст, 58,32 гектар бузургтар мебошад. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, пойгоҳи низомии Русия дар 924,52 ҳектар замин ҷойгир аст. Баъд аз тағйири... Читать дальше...

Дар Қазоқистон 12 август интихоботи сенат баргузор мешавад

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон интихоботи вакилони сенати кишвараш, палатаи болоии порлумонро 12 август таъйин кард. Дар фармони президент омадааст, ки интихоботи сенат "дар робита ба анҷоми муҳлати ваколати сенат дар моҳи октябри соли 2020" таъйин мешавад. "Ҳукумат, ҳокимони шаҳрҳои Нурсултон, Алмато ва Чимкент, вилоятҳо вазифадор мешаванд, ки корҳои ташкилӣ, харҷҳои молии баргузории интихоботро таъмин кунанд", - омадааст дар фармон. Ин дар ҳолест, ки Тоқаев рӯзи 2 май ваколати раиси сенат Дариға Назарбоева... Читать дальше...

Дар Бишкек хавфи зиёди гирифторӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад

Ozodi.org 

"Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон хавфи зиёди гирифторӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад", гуфт Татяна Кузнетсова, ноиб-раиси шаҳри Бишкек. Ба гуфтаи вай, 29 дарсади тамоми гирифторони Қирғизистон ба шаҳри Бишкек рост меояд. Дар ин шаҳр мубталошавии 610 тан ба коронавирус сабт шудааст. 60 дарсади маҷмуи гирифторони коронавируси Бишкек шифо ёфта, 5 тан фавтидааст. "Бархе аз гирифторон гуфтанд, ки дар маконҳои ҷамъиятӣ мубтало шудаанд. Мо ин ҳолатро ба эътибор гирифта, тарғиби риояи тартибот ва фосилаи иҷтимоиро бештар кардем", - гуфт Кузнетсова.

Ахбори Озодӣ

Ozodi.org 

Табибони Кӯлоб талош доранд, баъди талоши худсӯзӣ зани 34-соларо наҷот диҳанд, паноҳҷӯйи тоҷикро баъди истирдод аз Австрия ба Душанбе 20 сол зиндонӣ кардаанд, дар Русия сабти номи муҳоҷирон ба воситаи телефони ҳамроҳ имконпазир мешавад, меҳрубони Равшан мегӯяд, авомфиреб нест ва матолиби дигар.


Музыкальные новости
Бато Багдаев

Дети из землячества Узбекистана в Улан-Удэ стали зрителями театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура





Rss.plus
ЦСКА

ЦСКА обыграл «Зенит» в Санкт-Петербурге впервые за 13 лет




Теперь амурчане могут прокатиться на теплоходе в Благовещенске только с паспортом

Директора школ Подмосковья изучают стратегии развития образования

Открытие сезона: Московский мотофестиваль стартует с Садового кольца

Разрушение здания усадьбы Поречье предотвратят в Звенигороде




Дар як таркиши масҷид дасти кам чор нафар кушта ва бисёриҳо захмӣ шуданд

Ozodi.org 

Дар як таркиши масҷиди Кобул рӯзи 12 июн дастикам чор нафар кушта ва шумори зиёди номзгузорони дигар маҷрӯҳ шуданд.  Дар изҳороти вазорати умури дохилии Афғонистон гуфта шуд, ки маводи таркандаи дар масҷиди “Шершоҳи сурӣ” ҷогузоришуда дар ҷараёни намози ҷумъа таркид. Дар миёни кушташудаҳо муллои масҷид низ мебошад. То ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст. Ҳафтаи ҷорӣ Залмай Халилзод, фиристодаи ИМА дар Афғонистон дар талоши суръат бахшидан ба иҷрои созиши сулҳи Вашингтон ва Толибон буд... Читать дальше...

Танбеҳи одамони бениқоб ва боғпарварии занони тоҷик дар Куриёи Ҷанубӣ. Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Ozodi.org 

Имрӯз дар бораи ҷарима барои надоштани ниқоби тиббӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунем, заминҳои хушку зироатҳои ташналаб дар Мастчоҳро мебинем, шикояти сокинонро мешунавем ва волейболи муҳоҷирони тоҷику узбек дар Краснодар ва кори занони тоҷик дар Кореяи Ҷанубиро мебинем.

Танбеҳи одамони бениқоб ва боғпарварии занони тоҷик дар Куриёи Ҷанубӣ дар Озодӣ Онлайн

Ozodi.org 

Дар ин барнома дар бораи ҷарима барои надоштани ниқоби тиббӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунем, заминҳои хушку зироатҳои ташналаб дар Масчоҳро мебинему шикояти сокинонро мешунавем. Волейболи муҳоҷирони тоҷику узбек дар Краснодарро тамошо мекунем ва кори занони тоҷик дар Кореяи Ҷанубиро мебинем.

Ӯҳдадории ИМА ва Ироқ барои идомаи хуруҷи  нирӯҳои амрикоӣ аз хоки Ироқ

Ozodi.org 

Дар изҳороти муштараки ИМА ва Ироқ рӯзи 11 июн гуфта шуд, ки ИМА ӯҳдадорӣ супурдааст, ки хуруҷи нирӯҳояшро аз хоки Ироқ идома медиҳад. Чунин ваъда баъди муколамаи стратегии байни ду кишвар садо дод. Қонунгузорони ироқӣ баъди дар моҳи январи имсол дар хоки кишварашон аз дрони амрикоиҳо кушта шудани генерали эронии Сипоҳи посдорон  аз ИМА талаб мекарданд, ки нирӯҳояшро аз хоки ин кишвар берун кашад. Дар изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки коҳиши нирӯҳо бо “пешрафти назаррас дар муқобили таҳдидҳои “Давлати исломӣ” рабт мегирад. Читать дальше...

Паноҳҷӯи тоҷикро баъди истирдод аз Австрия ба Душанбе 20 сол зиндонӣ кардаанд

Ozodi.org 

Ҳизбуллоҳ Шовализода, паноҳҷӯи 29-солаи тоҷикро, ки моҳи март аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод шуд, ба 20 соли зиндон маҳкум кардаанд. Мурофиаи ӯ дар боздоштгоҳ гузашт. Мақомоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо далели махфӣ будани парванда тафсилот надоданд. Наздиконаш рӯзи 12-уми июн гуфтанд, дар бораи ҳукм телефонӣ хабар ёфтанд. Шовализодаи 29-сола қаблан ба мақомоти Австрия барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат карда буд, вале дархосташ рад шуд. Вай пеш аз истирдод ба Тоҷикистон ду моҳро дар боздоштгоҳе дар Вена сипарӣ кард. Читать дальше...



Москва

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Пианист

Пианист Мирослав Култышев выступит с концертом в "Зарядье"




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса


Новак Джокович

Новак Джокович с позором вылетел с турнира в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России