Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2020

Новости за 03.06.2020

Мансабдори узбек ба хат задани "деҳаи ҷанҷолӣ"-и Сӯх аз харита таҳдид кард

Ozodi.org 

Дар шабакаҳои иҷтимоии Узбекистон чанд навору видеое паҳн шудааст, ки дар онҳо марде садояш монанд ба садои раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев сокинони ноҳияи Сӯхро ба бастани марз ва хат задани "деҳаҳои ҷанҷолии ноҳия" аз харитаи он кишвар таҳдид мекунад. Маъмурияти вилояти Фарғона то ҳол ин наворҳоро шаҳр надодааст. Вале садои марде, ки сокинонро дар он наворҳо таҳдид мекунад, ба садои раиси ин вилоят монанд аст. Марде, ки дар наворҳо садояш сабт шудааст, ба зиндонӣ кардани 74 сокини маҳаллӣ... Читать дальше...

Вазири пешини корҳои дохилии Қирғизистон "сафед" шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми зинаи поёнии додгоҳро дар мавриди бегуноҳии вазири пешини корҳои дохилии он кишвар Молдомусо Конгантиев бетағйир боқӣ гузошт. Ин қарор 3 июн қабул шуд, гуфт Икромиддин Айткулов, вакили мудофеи вазири пешин. Айткулов гуфт, додгоҳи олӣ дар рафторҳои Конгантиев таркиби ҷиноятро пайдо накард. Ба гуфтаи вакили дифои вазири пешин, дар мурофиаҳои гузашта шахсоне бозпурсӣ шуданд, ки дар доираи парвандаи марбут шоҳиди ҳодисаи 24 марти соли 2005 дониста мешуданд. Яке аз шоҳидон... Читать дальше...

Шарҳ: "Сарчашмаи хашму ноумедӣ дар тазоҳуроти Амрико на танҳо марги Ҷорҷ Флойд аст"

Ozodi.org 

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико яке аз тазоҳуроти азим ба зидди табъизи нажодӣ дар солҳои ахир идома дорад. Сабабаш марги марди сиёҳпӯсте буд, ки як маъмури сафедпӯсти пулис мехост, ӯро дастгир кунад.



IOM: "Ҳадди ақал 60%-и муҳоҷирон дар Русия бекору даромад мондаанд"

Ozodi.org 

Коршиносони умури муҳоҷират мегӯянд, дар шароити пандемияи коронавируси нав бо падидаи нави "муҳоҷирони дармонда ё бандмонда" (stranded migrants) рӯбарӯ шудаанд. Бар асоси арзёбиҳои тахминии Хадамоти муҳоҷирати Қазоқистон, танҳо дар ин кишвар тахминан 10 ҳазор нафар дар чунин ҳолат қарор доранд.

Вазорат гуфт, талафот аз COVID-19 дар Тоҷикистон зиёд шуд. Инфографика

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта 91 мавриди собитшудаи бемории СОVID-19-ро сабт кардааст ва як нафар низ бар асари ин беморӣ ҷон додааст. Дар умум, ба гуфтаи вазорат, то рӯзи 3-юми июн дар саросари Тоҷикистон 4191 нафар ба бемории нав гирифтор шудаанд ва 2347 нафар аз бемории ҳамагир шифо ёфтаанд. Талафот аз беморӣ дар кишвар 48 нафар ҳисоб шудааст. Аммо мутахассисон ва бисёриҳо мегӯянд, миқёси беморӣ ва маргумир аз СОVID-19 дар Тоҷикистон зиёд аст ва мақомот... Читать дальше...

Масъулони ҳамла ба хабарнигори Азия Плюс ҷазо гирифтанд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар як иттилояи ба қазияи латтукӯби хабарнигори Азияи Плюс посух дод. Дар ин ҷавобнома омадааст: "дар пайи шикояти Абдуллоҳ Ғурбати се сокини ноҳия Хуросон, ҷарима шудаанд.



Аз собиқадорони ҷанг дар Туркманистон харҷи туҳфаҳои давлатиро талаб доранд

Ozodi.org 

Отаниёзи 90-сола, сокини ноҳияи Дарганати Туркманистон дар солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар ақибгоҳ хизмат кардааст. Соли гузашта ҳукумати Туркманистон тасмим гирифт, ки ба муносибати 75-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ собиқадоронро қадрдонӣ кунад. Аммо ин қадрдонӣ барои Отаниёз ташвиши иловагӣ ба бор овард. Мақомоти ноҳияи Дарганит собиқадоронро маҷбур карданд, ки харҷи туҳфаҳои давлатиро пардозанд. Ба ҷуз ин, аз собиқадорон талаб карданд, ки ҳуҷҷатҳои худро барои дарёфти туҳфаҳо омода кунанд. Читать дальше...

Хушунат дар Амрико коҳиш ёфт, вале тазоҳурот идома дорад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Амрико эътирозгарони куштори марди бесилоҳи сиёҳпӯсте аз ҷониби полиси Миннеаполис ба раҳпаймоиҳои навбатии рӯзона омода мешаванд, дар ҳоле ки маъмурияти шаҳрҳо дар саросари кишвар қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардаанд. Чунин муқаррарот баъди ба хушунат печидани раҳпаймоиҳои эътирозӣ ҷорӣ шуд.

Дар Норилски Русия вазъи фавқуллода эълон карданд

Ozodi.org 

Баъди рехтани солярка ба яке аз рӯдхонаҳои шаҳри дурдасти Норилски Русия, мақомот дар инҷо вазъи фавқуллода эълон карданд. Маводи сӯхт, ки аз як нерӯгоҳи барқӣ ҷорӣ шуд, мумкин аст, барои табиат ва муҳити осебпазири Арктика фалокатбор бошад. Рӯзи 29-уми май 20 ҳазор литр солярка аз нерӯгоҳи барқи бухорӣ дар шаҳраки саноатии Норилск дар наздикии Ҳалқаи Арктикӣ берун рехт. Бунёди Ҷаҳонии Табиат аксҳои рӯдхонаҳои Далдикан ва Амбарнаяро нашр кард, ки дар он доғҳои бузурги сурхи солярка дида мешавад. Читать дальше...

Аз "мусулмонӣ" то ба бедодгарии боду зебоӣ дар Озодӣ Онлайн

Ozodi.org 

Баҳси заъфи бемористонҳои Тоҷикистон дар қабули беморон ва тарафдорӣ аз табибон, бедодгарии бод дар Хатлону хатар ба ҷони кишоварзон аз видеоҳоест, ки мебинему дар бораашон суҳбат мекунем ва ба суроғи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав меравем ва як гӯшаи дигари зебои Тоҷикистонро бо ҳам мебинем.

Донишманди эрониро дар Амрико озод карданд

Ozodi.org 

Як донишманди эронӣ, ки дар Амрико боздошт шуд, ин кишварро тарк карда ва дар роҳ ба сӯи ватанаш аст. Мақомоти Эрон дар ин бора рӯзи 2-уми июн хабар доданд, вале гуфтанд, ки раҳоии ӯ ҳеҷ робитае ба табодули зиндониён байни ду кишвар надорад. Сирус Асғарӣ, пажӯҳишгар ва профессори Донишгоҳи Технологии Шариф соли 2016 ба талош барои дуздии асрори тиҷоратӣ аз як донишгоҳ дар иёлати Оҳайо муттаҳам ва дастгир шуд. Ӯ тамоми иттиҳомотро рад кардааст ва моҳи ноябр додгоҳи федералие дар Амрико ӯро орӣ аз гуноҳ эълон кард. Читать дальше...

Дар Париж сокинон зидди хушунати пулис эътироз карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Париж ҳазорон нафар дар эътирозҳои зидди хушунати пулис ширкат карданд. Ин эътироз дар солгарди фаронсавии сиёҳпӯст, Адам Траореи 24-сола баргузор гардид. Траоре дар соли 2016 баъди боздошт аз сӯи пулис фавтид. Сарфи назар аз манъи баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар робита ба коронавируси нав, ба иттилои мухталиф дар эътирози ахир аз 15 то 20 ҳазор кас ширкат кард. Эътирози сокинони Париж дар ҳолест, ки дар Амрико ҳам баъди марги Ҷорҷ Флойди сиёҳпӯст зери пойи пулис, сокинон даст ба эътироз ва харобкорӣ заданд. Читать дальше...

Парвозҳои дохилӣ дар Қирғизистон аз сар гирифта мешаванд

Ozodi.org 

Парвозҳои дохилӣ дар Қирғизистон, ки дар пайи густариши коронавируси нав қатъ гашта буданд, 5-уми июни имсол аз сар гирифта хоҳанд шуд. Ҳамчунин ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ миёни минтақаҳо оғоз мешавад. Муовини аввали сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов ҳушдор дод, ки назорат дар нақлиёти ҷамъиятӣ бояд сахт ба роҳ монда шавад. Пӯшидани ниқоб ва санҷидани ҳарорати бадан ҳангоми дохил шудан ба нақлиёт ҳатмӣ хоҳад буд. "Ҳамагуна ташкили интиқоли мусофирон тавассути автобус ё таксӣ бояд бехатар бошад. Читать дальше...

Дар Амрико нигаронанд, ки тазоҳурот, бемории навро зиёд мекунад

Ozodi.org 

Идомаи тазоҳурот дар чандин шаҳри Амрико сабаби авҷ гирифтани нигарониҳо шудааст, ки издиҳомҳои бузург метавонанд, сабаби доман задани коронавирус дар кишваре, шаванд, ки бештар аз дигарон аз СOVID-19 осеб дидааст. Дар бисёре аз кишварҳои Аврупо теъдоди беморон камтар шудааст ва онҳо маҳдудиятҳои ҳаракату кор сабуктар мекунанд. Итолиё, ки аз ҳама пештар дар Аврупо ҷабри коронавирусро кашид, аз рӯзи 3 июн сафар ба кишварро иҷоза доданд. Фаронса ҳам дари ресторанҳоро ба рӯи мизоҷон боз кард. Дар Амрико ҳашт рӯз боз аст... Читать дальше...


Музыкальные новости
Булат Окуджава

Урганту не дали выступить на вечере памяти Окуджавы





Rss.plus
Россия

Аналитики оценили изменение высоты новостроек в городах России за 5 лет




В Москве прошла Премия Green Awards 23/24, которая объединила более 250 ведущих компаний и экспертов в ЗОЖ/ЭКО индустрии, инфлюенсеров

Участники более 2 тыс аварий обратились в Службу помощи при ДТП Подмосковья

Врач МОДКТОБ рассказал об опасности открытых окон для детей

Президент РФ: мы должны больше сближаться с нашими партнерами по СНГ




Тоқаев такрори эҳтимоли "сенарияи Қрим"-ро дар Қазоқистон рад кард

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар остонаи сафараш ба шаҳри Маскав, ки қарор аст 24-уми июн баргузор шавад, дар суҳбат бо расонаҳои Русия эҳтимоли сурат гирифтани "сенарияи Қрим" ё "сенарияи Донбасс"-ро дар кишвараш рад кард. "Ин гуна пешбиниҳо асоси воқеӣ нахоҳанд дошт. Ба эҳтимоли зиёд, ҳадаф аз онҳо ноором кардани вазъ дар Қазоқистон ва ба ҳам задани ҳусни ҳамҷавориву робитаҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвар аст. Пешбиниҳои ҳамсонро танҳо одамони бесавод, бадбин ва онҳое ироа мекунанд... Читать дальше...

Муфаттишони қирғиз иддао карданд, ки марди кушташуда ба хабарнигорони Озодӣ "пул дода буд"

Ozodi.org 

Мақомоти амниятии Қирғизистон бо изҳороте беасос иддао карданд, ки рӯзноманигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз касе, ки пулшӯиро эътироф кард, 100 ҳазор доллар гирифтаанд. Ин шахс манбаи таҳқиқоти рӯзномангорӣ дар бораи фасодкорӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ буд.

15 созмони ҷамъиятӣ аз ҳукумат хостанд, ба қазияи Абдуллоҳ Ғурбатӣ расидагӣ кунад

Ozodi.org 

15 созмони ҷамъиятӣ ва як гуруҳ хабарнигорон аз Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур, Додситони кулл ва Омбудсмен хостанд ба қазияи латту кӯби рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ расидагии қонунӣ шавад. Созмонҳои ҷамъиятӣ тақозо карданд, ки ба таҷрибаи таъқиби рӯзноманигорон дар кишвар поён дода шавад ва давлат ба санадҳои байналмилалии озодии баён пойбанд бимонад. Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори ҷавони хабаргузории "Азия-Плюс" моҳи гузашта ду маротиба мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт ва созмонҳои байналмилалии... Читать дальше...

Муҳоҷирони дармондаи тоҷик дар марзи Қазоқистону Узбекистонро ба ватан оварданд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки 237 шаҳрванди дармондаи кишварро аз марзи Қазоқистону Узбекистон ба ватан овардаанд. Ин нафарон дар пайи баста шудани марзҳо ба хотири пешгирӣ аз коронавирус, дар марз дармонда буданд. Масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, шоми 2-юми июн шаҳрвандони Тоҷикистон аз гузаргоҳи "Жибек Жолӣ" ба хона баргаштанд. ВКХ ба мақомоти Узбекистон ва Қазоқистон изҳори ташаккур кардааст, ки барои убури бемамониати сарҳад мусоидат карданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба гуфтаи худашон чандин ҳафта аст... Читать дальше...

Баҳогузории оши палав дар Узбекистон: гаронтарин дар Тошканд, арзонтарин дар Намангон

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии омори Узбекистон "шохиси оши палав"-ро нашр кард. Бино бар иттилои кумита, гаронтарин оши палав дар Узбекистон дар шаҳри Тошканд мавҷуд аст. Дар он шаҳр як табақ оши палав ба ҳисоби миёна 1,75 доллар ва як килои он 12,26 доллар арзиш дорад. Арзонтарин ошро дар Узбекистон мешавад, дар Намангон пайдо кард. Як табақ оши Намангон 1,14 доллар ва як килограми он 8 доллар арзиш дорад. Дар шаҳрҳо ва минтақаҳои дигари Узбекистон қимати як табақ оши палав байни 1,14 то 1,75 доллар ва як килограми он байни 8 то 12 доллар арзиш дорад. Читать дальше...

Қирғизистон иҷораи пойгоҳи низомии Русияро гаронтар мекунад

Ozodi.org 

Порлумони Қирғизистон ворид кардани тағйирот ба созишномаи шароити ҷойгиршавии пойгоҳи низомии Русия дар Канти ин кишварро ба баррасӣ мегирад. Русия барои пойгоҳи низомии худ дар Қирғизистон 866,2 гектар заминро ба иҷора гирифта, солона 4,5 миллион доллар медиҳад. Ҷониби Қирғизистон дар пайи як санҷиш муайян кардааст, ки низомиёни рус 100 гектар замини бештар истифода мебаранд. Баъди имзои созишномаи нав пули иҷораи пойгоҳи низомии Русия дар сол то ба 4,7 миллион доллар боло меравад. Русия дар ҳудуди Қирғизистон чаҳор иншооти низомӣ... Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Пианист

Пианист-виртуоз Култышев исполнит редкие сочинения Баха и Брукнера на концерте в «Зарядье»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Пензенские регбистки выиграли первенство России

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

«Бавария» победила «Вольфсбург» в 500-м матче Нойера в Бундеслиге


WTA

Потапова проиграла Остапенко во втором круге турнира WTA 1000



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России