Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2020

Новости за 25.06.2020

Кай ва аз куҷо? Ҷадвали парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷадвали парвозҳои чартериро аз Русия ба Тоҷикистон нашр кард. Мақомот гуфтанд, ки аз 25-уми июн то 14-уми июл бо ҳашт парвози ғайринақшавӣ аз Маскаву Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Новосибирску Қазон даҳҳо нафарро ба ватан бармегардонанд.  Парвозҳои чартерӣ аз тарафи ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" анҷом мешаванд. Ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Русия рафта, ҳангоми бозгашт шаҳрвандонро меоранд, вале шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия намебаранд.  Ҷадвали парвозҳо чунин аст... Читать дальше...

Кори якҷояи хешони наздик дар бонкҳои Тоҷикистон манъ шуд

Ozodi.org 

Фаъолияти якҷояи хешовандони наздикро дар бонкҳои Тоҷикистон манъ карданд. Мақомот гуфтанд, ин кор яке аз сабабҳои ба буҳрон печидани ду бонки калонтарин мебошад. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ, рӯзи 24-уми июн дар порлумон гуфт, ба хотири кам кардани хавфҳои бонкӣ фаъолияти хешовандони наздик дар бонкҳо манъ аст. Ба гуфтаи Нурмуҳаммадзода, акнун хешовандони наздик наметавонанд дар вазифаи узви шӯрои нозирон, раис, муовинони ӯ, узви раёсат, сараудитор, сармуҳосиб ё хазинадори ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кунанд. Читать дальше...



Песков иттиҳоми Лукашенко дар бораи дахолат ба интихоботи Беларусро рад кард

Ozodi.org 

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков изҳороти раиси ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро дар бораи дахолати Кремл ба интихоботи кишвараш рад кард. Песков гуфт, ҷонибе, ки чунин айбмонӣ мекунад, “пеш аз ҳама бояд далел пешкаш кунад”, вале чунин далел вуҷуд надорад. Песков гуфт, “дар робита бо таҳқиқоти дохилӣ бошад, худоро шукр, мо дар Вашингтон зиндагӣ намекунем”.  Рӯзи 25 июн президенти Беларус Лукашенко дар бораи дахолати Русияву Полша ба умури дохилии кишвараш сӯҳбат кард. Ҳеҷ шарҳе дар ин замина надод... Читать дальше...

Фаъолони ҳуқуқ: ТВ-и давлатии Эрон дар даҳ соли ахир 355 эътирофи маҷбурии ҷиноятро намоиш додааст

Ozodi.org 

Ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, телевизиони давлатии Эрон дар солҳои 2009 то 2019 ҳадди аққал 355 ҳолати эътирофи ҷиноятро намоиш додааст, ки барои эҷоди фазои тарс аз дигарандешӣ равона шудааст. Гузориши рӯзи 25 июн нашршуда таҳқиқоти муштараки созмони “Адолат барои Эрон”, мақарраш дар Лондон ва Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башар, қароргоҳаш дар Париж мебошад. Гузориш мегӯяд, ки ин таҷрибаи қадимии режими ҷумҳурии исломӣ барои таҳти назорати додситонҳо ва бо ширкати ТВ-и давлатӣ маҷбур... Читать дальше...

Вазири беҳдошти Қазоқистон, ки дар давраи пандемия бисёр танқид шудааст, барканор шуд

Ozodi.org 

Бо қарори президенти Қазоқистон рӯзи 25 июн вазири беҳдошти ин кишвар Елжан Биртанов аз мақомаш озод ва ба ҷои ӯ Алексей Тсой таъин шуд. Биртанов дар ин мақом се сол кор кард, вале сабаби расмии барканории ӯ нашр намешавад.  Рӯзи 14 июн Биртанов гуфт, ки ба коронавирус олуда шудааст ва баъди чанде маълум шуд, ки пневмония дорад. Вазорати беҳдошт таҳти раҳбарии Биртанов тадбирҳои зидди паҳншавии COVID-19-ро амалӣ мекард. Аввалин ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус дар Қазоқистон расман дар моҳи март расонаӣ шуд. Читать дальше...

Додгоҳ дар Қрими  таҳти назари Русия мурофиаи пешакии Ҷемилевро ба таъхир гузошт

Ozodi.org 

Додгоҳе дар ниҷазираи Қрими таҳти контроли Русия мурофиаи пешакии пешвои тоторҳои Қримро дар ғайбаш ба таъхир гузошт. Мустафо Ҷемилов як дигарандеши даврони шӯравӣ ва мухолифи сарсахти ишғоли нимҷазираи Украина дар соли 2014 мебошад. Никола Полозов, вакили дифои Ҷемилев гуфт,  додгоҳ бояд рӯзи 25 июн дар шаҳри Армянск шурӯъ мешуд, вале бо сабаби ин ки на айбдоршаванда ва тими ҳимоятгари ӯ аз додситонӣ дар бораи иттиҳомоти зидди Ҷемилев ҳеҷ санади расмӣ дарёфт накардаанд, мурофиа ба 9 июл таъин шуд. Читать дальше...

Дар Санкт-Петербург ҷасади бесари як узбекистонӣ пайдо шудааст

Ozodi.org 

Ҷасади бесаре, ки дар ноҳияи Кирови вилояти Ленингради Русия пайдо гардид, шаҳрванди Ӯзбекистон будааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ бо такя ба Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Ленинград хабар доданд. Бино ба хабарҳо, ҷасадро як хонандаи синфи 11, ки 15 июн дар дарёи Мгаи ноҳияи Киров оббозӣ дошт, пайдо кардааст. Ӯ дар ин бора ба пулис хабар дод. Дар ҷараёни тафтиш маълум гардидаааст, ки ҷасади бе дасту по ва сар, аммо бо синаи сунъӣ ба мард таалуқ дорад. Ташхиси судӣ-тиббӣ муайян кардааст,... Читать дальше...



Дар ИМА олудагӣ ба коронавирус дар як рӯз рекордӣ шуд

Ozodi.org 

Дар ИМА рӯзи 24 июн шумори рекордии сокинони олудашуда ба коронавирус – 34,700 нафар ба қайд гирифта шуд. Ин омор аз моҳи апрел ба ин сӯ баландтарин ба ҳисоб меравад. Афзоиши фавқулоддаи шумори олудашавиҳои нав аз сӯе ба тавсеаи тестҳои санҷишӣ дар кишвар рабт дорад, вале нигаронӣ аз он ҷост, ки беш аз як моҳ дар кишвар поинравии нишондодҳо мушоҳида мешуд. Волии Техас аз мардум тақозо кард, ки дар хона бимонанд, чунки давлат дар муқобили хатари “олудашавии оммавӣ” аст, дар Аризона мақомот пӯшидани ниқобро талаб карданд. Читать дальше...

Саакашвили нақл кард, Туркманбошӣ чи гуна вазиронашро таҳқир мекард

Ozodi.org 

Михаил Саакашвилӣ, президенти пешини Гурҷистон нақл кард, ки роҳбари пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов дар як ҷаласаи кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар ҳузури дигарон вазиронашро чи гуна таҳқир карда буд. Саакашвилӣ, ки айни ҳол раисии кумитаи иҷроияи Шӯрои миллии ислоҳоти Украинаро бар дӯш дорад, таҳқири вазирони туркманро дар мусоҳибаи рӯзноманигор Дмитрий Гордон ёдовар шуд. Вай гуфт, дар ҷаласаи ИДМ Ниёзов вазиронашро маҷбур карда буд, ки чорпо биистанд ва "мисли саг" ба онҳо қанд дода буд. Читать дальше...

Эътирози Қирғизистон зидди амалҳои марзбонони Узбекистон

Ozodi.org 

Мақомоти марзбонии Қирғизистону Узбекистон рӯзи 24 июн дар деҳаи Чашмаи ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон мулоқот карданд. Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки марзбонони Узбекистон ахиран дар назди чашмаи деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯх талоши муайянсозии марзро кардаанд. Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, ҳама гуна иқдомҳо дар минтақаи мазкур бояд бо созиш ва розигии тарафайн анҷом шаванд. "Ҷониби Узбекистон бо хулосаҳои ҷониби Қирғизистон розӣ шуд. Дар поёни мулоқот тасмим шуд... Читать дальше...

Дар рӯзи аввали раъйдиҳии конститутсионӣ дар Русия овоздиҳии такрорӣ сабт шуд

Ozodi.org 

Дар Русия рӯзи 25 июн овоздиҳӣ барои тағйири конститутсияи кишвар шурӯъ шуд, ки ба президенти амалкунанда Владимир Путин ҳақи тамдиди қудрат ба 12 соли дигарро фароҳам мекунад. Нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар тамоми 14 минтақаи Русия субҳи 25 июн боз шуданд ва қарор аст овоздиҳӣ дар саросари Русия ҳафт рӯз идома кунад. Кишваре, ки бо пандемияи коронавирус дастбагиребон аст, раъйдиҳии ба 1 июл  таъиншударо қарор кард дар ҳафт рӯз баргузор кунад. Овоздиҳӣ, ки бо ширкати шумори зиёди мардум мегузарад, мавриди нигаронии мақомоти беҳдоштӣ шуд. Читать дальше...

Нахуствазири Косово гуфтугӯ бо президенти Сербия дар Вашингтонро бекор кард

Ozodi.org 

Абдуллоҳ Ҳотӣ, нахуствазири Косово аз ширкат дар гуфтугӯ бо президенти Сербия Александр Вучич дар Вашингтон, ки бо миёнҷигии ИМА ба рӯзи 27 июн таъин шуда буд, даст кашид. Таҳаввулот дар ҳолест, ки рӯзи гузашта додраси додгоҳи Гаага президенти Косово Ҳошим Тачӣ, раиси собиқи парлумон Қадрӣ Весели ва “дигарҳоро” барои нақшашон дар ҷангҳои Косово дар солҳои 1998-99 дар “ҷиноятҳои ҷангӣ” ва “ҷиноят алайҳи башарият” гумонбар донист. Ҳотӣ рӯзи 25 июн аз шаҳри Брюссел, ки он ҷо қарор буд бо мақомоти аврупоӣ гуфтугӯ мекард... Читать дальше...

Мистер "Х". Номзадҳо маълум нестанд, вале фазои Тоҷикистон интихоботист

Ozodi.org 

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгар Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав" Фазои сиёсии Тоҷикистон дар назари аввал интихоботӣ наменамояд. Оре, рақобати байни ҳам ва муаррифии барномаву шахсияту аҳзоби сиёсиро, ки хос ба як соли сиёсӣ аст, эҳсос намекунем. Танҳо Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ буд, ки пеш аз интихоботи парлумонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол гардид. Вале пас аз ин маърака ва вакил шуданаш, ӯ ҳам хомӯширо беҳтар донист. Инро мешавад то ҷое ба вазъи саломатии демократи №1 нисбат дод... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ

Ozodi.org 

Фаъолони боздоштшудаи "Гурӯҳи 24" дар додгоҳи Маскав муҳокима мешаванд, шумори зиёди чароғакҳои раҳнамои Кӯлоб хомӯш шудаанд, сокинони як маҳаллаи ноҳияи Рӯдакӣ санади сабтином надоранд ва поксозии санитарии давраи сирояти коронавирус боиси вайрон шудани телефонҳои мобил шудааст.

Худсӯзии писари донишманди маъруфи афғон дар эътироз ба табъизи муҳоҷирон дар Эрон

Ozodi.org 

Донишманди маъруфи афғон Наҷиб Моили Ҳиравӣ аз наздик ба 50 сол дар ҳамсоякишвари Эрон зиндагӣ мекунад ва хизматҳои қобили мулоҳизае дар нусхашиносии қадими форсӣ, таҳқиқи адабиёт ва тасаввуфи исломӣ анҷом додааст. Ин донишманди 68-солаи зодаи Ҳирот дар ғарби Афғонистон, хонуми эронӣ дорад ва ду писараш дар Эрон ба дунё омадаанд. Аммо бо танҳо иқомати муваққатӣ, Наҷиб Моили Ҳиравӣ барои даҳсолаҳо аст, ки дар тарси ҳамешагӣ аз ихроҷ аз ин кишвар зиндагӣ кардааст. Эрон ба таври маъмулӣ шуморе аз муҳоҷирони афғонро... Читать дальше...


Музыкальные новости
Юрий Визбор

На летнем джазовом фестивале в Перми выступит внучка барда Юрия Визбора





Rss.plus
Подмосковье

Таунхаусы в Подмосковье за год подорожали в среднем на 6% — до $258,9 тыс




Актриса Равшана Куркова показала кадры с дочкой от мужчины, которого скрывает

Путин рассказал о налаживании более тесного взаимодействия в инновациях между РФ и КНР

Отравление с последствиями: врач Королева оценила вред зеленого картофеля

В Москве мужчина попытался достать кота с балкона и упал с третьего этажа




Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, поккории қисми низомии Арис 5 сол вақт мегирад

Ozodi.org 

Поккории ҳудуди қисми низомӣ дар шаҳри Ариси Қазоқистон, ки соли гузашта дар онҷо анбори аслиҳа таркид, то панҷ сол вақт мегирад. Дар ин бора Асилбек Сатвалдинов, сардори раёсати ақибгоҳ ва таслиҳотии неруҳои мусаллаҳи Қазоқистон хабар дод. Ба гуфтаи вай, поккорӣ дар маркази таркиш идома дорад. "Дар бораи поёни поккорӣ сухан гуфтан барвақт аст", - афзуд Сатвалдинов рӯзи 24 июн. "Ҳудуди таркиш бештар аз 500 га заминро дар бар мегирад",-гуфт вай. "Поккории сатҳӣ дар майдони бештар аз 133 га анҷом шудааст. Читать дальше...

Русия ба 8 парвози чартерӣ иҷозат дод. Тоҷикистон шаҳрвандонро бармегардонад

Ozodi.org 

Аз 25-уми июн Тоҷикистон бо ҳашт парвози чартерӣ шаҳрвандони ниёзмандашро аз Русия ба ватан бармегардонад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Русия барои иҷрои парвозҳо иҷозат додааст, аммо нархи билет расман маълум нест.

Дархости афзоиши сарбозони ИМА дар хоки Лаҳистон

Ozodi.org 

Лаҳистон аз Иёлоти Мутаҳҳида хост, ки шумори сарбозони амрикоиро дар ҳудуди кишвар бештар кунад. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарии муштарак президентҳои ду кишвар иттилоъ доданд. Анҷей Дуда, президенти Лаҳистон нахустин роҳбари хориҷӣ аст, ки Кохи Cафед баъди хуруҷи коронавирус қабул мекунад. Трамп дар ҳузури хабарнигорон гуфт, бо беқарорӣ мунтазири бастани созишномаи ҳамкориҳои низомӣ бо Варшава аст. Вай ёдовар шуд, ки соли гузашта ду эъломияи муштараки амниятӣ ба имзо расида буд. Читать дальше...

Камбуди васоили ташхис монеи табобати COVID-19 дар Қазоқистон шудааст

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Қазоқистон ахиран иттилоъ дод, ки дар ин кишвар 7 тани дигар аз вируси корона фавтидааст. Дар маҷмуъ дар он кишвар 134 ҳолати фавт аз вируси корона сабт шуд. Ахиран шумори касоне, ки талош доранд, бидуни тавсияи табибон аз ташхиси коронавирус гузаранд ва табобат гиранд, афзоиш ёфтааст. Аз субҳи барвақт пушти дари ташхисгоҳҳои хусусӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон навбатпойии тӯлонӣ дида мешавад. Касоне, ки бо тавсияи табибон инҷо омадаанд, хеле каманд. Аксарият довталабона барои супоридани санҷиши коронавирус омадаанд. Читать дальше...

Лукашенко ба президенти фирории Қирғизистон дар канори худ ҷой дод

Ozodi.org 

Александр Лукашенко, президенти Белорус ба Қурмонбек Боқиев, президенти фирории Қирғизистон дар наздикии қароргоҳи президентии "Заславл-2" дар соҳили кӯли Минск ду қитъаи замин дод. Дар ин бора расонаҳои Белорус бо такя ба Руйхати ягонаи амволи ғайриманқули кишвар иттилоъ доданд. Як қитъаи замин ба Боқиев ҳамчун замини кишту кор рӯзи 17 март дода шудааст ва қитъаи замини дигар, ки низ ҳамон рӯзи 17 март ҷудо шудааст, барои сохтмони манзил пешбинӣ гардидааст. Қурмонбек Боқиев солҳои 2005-2010 президенти Қирғизистон буд. Читать дальше...



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: Обеспечим ученикам комфортные условия



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Концерт

Концерт «Моя Москва» покажут на mos.ru




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании


WTA

Павлюченкова не смогла выйти в третий круг турнира WTA 1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Мода

Делаем образ стильным при помощи одной яркой детали



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России