Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2020

Новости за 15.06.2020

Раиси Додгоҳи ноҳияи Айниро барои "кирдораш" барканор кардаанд

Ozodi.org 

Шараф Турсунзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Айниро, ки ҳамагӣ чаҳор моҳ пеш ба ин мақом таъйин шуда буд, барканор кардаанд. Дар фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми июн сабаби чунин тасмим кирдоре гуфта шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад". Тафсилоти аз ин бештар дар даст нест. Турсунзода то моҳи феврали имсол ба ҳайси додраси Додгоҳи ноҳияи Айнӣ кор мекард ва чаҳор моҳ пеш масъули додгоҳ таъйин шуд. Ҳафтае пеш раиси Додгоҳи шаҳри Ҳисор Зайдулло Собирзода низ бо айни иттиҳом аз мансабаш барканор гардид. Читать дальше...

Гирифтории 62 нафари дигар ба коронавирус тасдиқ шудааст

Ozodi.org 

Дар як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 62 нафари дигар ба коронавируси нав гирифтор шудаанд. Бино ба иттилои расмӣ, бемории COVID-19 то 15-уми июн ба 5097 нафар дар Тоҷикистон сироят кардааст. 3503 кас ё 68,7 дарсади беморон шифо ёфта, 50 нафар фавтидаанд. Дар феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативӣ дар Интернет теъдоди қурбониёни эҳтимолии бемории ҳамагир ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон беш аз 430 кас ҳисоб шудааст. Мақомот ин рӯйхатро қабул надоранд. Аммо он чи омори расмиро зери шубҳа мегузорад, нашри... Читать дальше...

Мубаллиғи тоҷикистонии ДОИШ аз зиндони Африн "ғайб задааст"

Ozodi.org 

Як узви гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ аз Тоҷикистон аз зиндони зери назорати Туркия ғайб задааст. Парвиз Саидраҳмонов бештар бо номи Абу Довуд машҳур аст ва дар маҳбаси Африни Сурия нигоҳдорӣ мешуд.



Муҳоҷирон то 15 сентябр имтиёз гирифтанд, аммо дигар аз пули патент озод нестанд

Ozodi.org 

Муҳлати будубоши муваққат ва сабтиноми муҳоҷирон (регистратсия) дар Русия то 15-уми сентябри имсол дароз карда шуд. Дар ин бора рӯзи 15-уми июн Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, қарори наверо имзо гузошт. Матни қарор дар пойгоҳи иттилооти санаду ҳуҷҷатҳои расмии ҳукумати Русия нашр шудааст.  Путин дар қарори пешина, ки рӯзи 18-уми апрел содир шуда буд, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷикро аз пардохти пули патент (аз 15-уми март то 15-уми июн) озод кард. Аммо муҳоҷирон минбаъд... Читать дальше...

Пайвандони Сайфуллозода гуфтанд, аз вазъи ӯ бехабаранд

Ozodi.org 

Пайвандони Ҳикматулло Сайфуллозода, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, гуфтанд, беш аз як моҳ инҷониб дар бораи вазъи саломати ӯ чизе намедонанд ва хабари марги баъзе аз маҳбусон онҳоро нигарон кардааст. Аз оғози моҳи май ва баъди он ки мақомот мавҷудияти коронавирусро тасдиқ карданд, 11 маҳбус фавтидаанд. Масъулони Идораи зиндонҳо гуфтанд, марги маҳбусон аз илтиҳоби шуш аст, на коронавируси нав.  Лутфулло Сайфуллозода, писари Ҳикматуло Сайфуллозода, мегӯяд, аз 12-уми май то ҳол бо падараш тамос надоранд. Читать дальше...

СММ ҳодисаҳои “нажодпарастӣ ва ваҳшонияти полис”-и ИМА-ро таҳқиқ мекунад

Ozodi.org 

Бахши СММ дар умури ҳуқуқи башар гуфт, ки баъди мавҷи эътирозҳои ҷаҳонӣ бар зидди нажодпарастӣ дар заминаи иттиҳомоти марбут ба “нажодпарастии системавӣ, ваҳшонияти полис ва хушунат алайҳи эътирозгарон” ҷаласае барпо хоҳад кард. Эътирозҳо баъди он шурӯъ шуд, ки дар як ҳодисаи боздошти полис 25 май як амрикоии африқоитабор Ҷорҷ Флойд аз дасти як афсари полиси сафедпӯсти Миннеаполис кушта шуд ва чанд ҳафта баъдаш рӯзи 12 июн як амрикоии сиёҳпӯсти дигар Райшард Брукс ҳам дар Атланта аз тири ходими полис ҷон дод. Читать дальше...



Президент ва коронавирус. Бовари мардум ба Лукашенко рахна дид

Ozodi.org 

Дар Беларус корзори интихоботи президентии соли 2020 оғоз ёфт. 9-уми август дар ин кишвар президенти нав интихоб хоҳад гашт. Александр Лукашенкои 66-сола, ки аз соли 1994 идораи кишварро дар даст дорад, мехоҳад, ҳокимияташро идома диҳад.

Се муовини вазири тандурустиро барканор карданд

Ozodi.org 

Се муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро аз мақомҳояшон барканор кардаанд. Дар ин бора рӯзи 15-уми июн қарори ҳукумати Тоҷикистон содир шуд.  Хадамоти матбуоти президент гуфт, Саида Умарзода аз вазифаи муовини аввал, Азиз Одиназода ва Мирҳомуддин Камолзода аз вазифаи муовинони вазири тандурустӣ озод шуданд.  Сабаби барканории Саида Умарзода "ба нафақа баромадан" ва аз Азиз Одиназода ва Мирҳомуддин Камолзода "гузашта ба кори дигар", гуфта шудааст Бо қарори нави ҳукумати Тоҷикистон... Читать дальше...

Бахше аз маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус дар Тоҷикистон бекор шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон маҳдудиятҳои вобаста ба коронавируси навро дар шаҳри Душанбе бекор карданд ва ба фаъолияти дубораи даҳҳо кошонаи ҳусну сартарошхона, нуқтаҳои фурӯши телефон ва бозорҳои либос иҷозаи фаъолият доданд.

Баррасии 111 парванда дар 30 дақиқа

Ozodi.org 

Як таҳқиқоти муштараки журналистӣ собит кард, ки дар ҷумҳурии Тотористон муовини раиси додгоҳи Набережние Челни Ленор Хасимов рӯзи 27 май 252 протоколи нақзи “режими хонашинӣ”-ро баррасӣ карда, барои ҳар як парванда седақиқагӣ сарф кардааст.  Таҳқиқоти нашрияҳои "Холод" ва "Важные истории" мегӯяд, 111 протоколро Хасимов дар 30 дақиқа баррасӣ карда, барои ҳар яки онҳо 16-сониягӣ сарф кардааст.  Муаллифони ин таҳқиқоти журналистӣ мегӯянд, ки додрасҳо на танҳо садҳо протоколи марбут ба нақзи режими хонашиниро дар як рӯз муҳокима мекарданд... Читать дальше...

Дар посух ба Прага Маскав ду дипломати чехро ихроҷ мекунад

Ozodi.org 

Русия ду дипломати чехро шахсони номатлуб (персона нонграта) номида амр дод, ки то 17 июн хоки ин кишварро тарк кунанд. Дар ин бора ВКХ Русия хабар дод. Рӯзи 15 июн сафири чех Витезслав Пивонка ба вазорати хориҷаи Русия фаро хонда шуд. Баъди гуфтугӯ дар ВКХ сафир тасдиқ кард, ки ба ӯ дар бораи қарори ихроҷи ду дипломат хабар доданд. Ном ва вазифаҳои онҳо феълан нашр намешавад. ВКХ Русия гуфт, ки ин иқдоми ҷавобии онҳо ба ихроҷи ду дипломати рус аз Прага аст, ки дар намояндагии Россотрудничество кор мекарданд. Читать дальше...

SIPRI: қудратҳои ҳастаӣ силоҳҳоро навсозӣ ва кулоҳакҳоро камтар мекунанд

Ozodi.org 

Як созмони таҳқиқотии воқеъ дар Шведсия мегӯяд, бо вуҷуди коҳиши шумори кулоҳакҳои ҳастаӣ, қудратҳо захираҳои силоҳҳои худро навсозӣ мекунанд. Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти сулҳи байналмилалии Стокҳолм (SIPRI) рӯзи 15 июн бо нашри гузорише гуфт, ки нӯҳ қудрати ҳастаӣ – ИМА, Русия, Бритониё, Фаронса, Чин, Ҳинд, Покистон, Исроил ва Кореяи Шимолӣ – аз оғози соли 2020 дар маҷмӯъ 13,400 адад силоҳи ҳастаӣ истеҳсол карданд. Ин шумор 465 адад камтар назар ба соли гузашта мебошад. Гузориш мегӯяд, ки “коҳиши силоҳҳо бештар ба он рабт дорад... Читать дальше...


Музыкальные новости
Сергей Брановицкий

Как надо ПРОДАВАТЬ СЦЕНАРИЙ, ПЬЕСУ, СИНОПСИС.





Rss.plus
Спартак

"Спартак" обыграл "Краснодар" и продлил беспроигрышную серию до 7 матчей при Слишковиче




В Подмосковье на майских выходных прошли рейды по нецелевому использованию земли

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.

Житель Заречного занял у своих знакомых более двух миллионов рублей на азартные игры

Парк «Зеленый узел» на берегу Клязьмы в Павловском Посаде благоустроят в 2024 г




Кормандони чанд корхонаи муҳими Тоҷикистон аз нагирифтани маош шикоят мекунанд

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки кормандони чанде аз корхонаҳои бузург ва сохтмонҳои азим аз нагирифтани музди кор шикоят мекунанд, мудирияти ин ниҳодҳо вазъро шарҳ намедиҳанд. Агентии омори назди президенти Тоҷикистон бар ин аст, ки қарзи маош дар Тоҷикистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 27 дарсад бештар шудааст.​

Додгоҳи Маскав собиқ маллоҳи амрикоӣ Виланро ба 16 соли зиндон маҳкум кард

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Русия Пол Вилан, собиқ узви нирӯҳои баҳрии ИМА-ро дар ҷосусӣ муттаҳам кард, вале худи ӯ ин иттиҳомро қотеона рад мекунад.  Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 15 июн Виланро дар як мурофиаи пушти дарҳои баста ба 16 соли зиндон маҳкум кард. Мақомот гуфтанд, ки мурофиа бо сабаби баррасӣ шудани маводи махфӣ ва ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баста сурат мегирад. Вилани 50-сола шаҳрвандии Бритониё, Канада ва Ирландияро дорад. Ӯро моҳи декабри соли 2018 боздошт карданд ва моҳи марти имсол... Читать дальше...

Гузориши тиббӣ: полиси Атланта ду тирро ба пушти Райшард Брукс холӣ кардааст 

Ozodi.org 

Гузориши тиббӣ дар бораи куштори як марди амрикоии африқоитабори дуюм дар  ҳодисаи боздоште дар Атланта, ки билофосила мавриди эътирозҳои нави зидди нажодпарастиву бадрафтории полис дар ИМА шуд, машаххас кард, ки ӯ аз ду тири туфанг ба пушташ кушта шудааст. Дафтари санҷишҳои тиббӣ рӯзи 14 июн гуфт, ки Райшард Брукс рӯзи 12 июн аз хунравии зиёд  ва осори ҷароҳате, ки узвҳои баданаш аз ин ду тир бардоштааст, даргузашт. Санҷиши тиббӣ гуфт, ки сабаби марг куштор будааст.  Марги Брукс ба оташи эътирозҳои... Читать дальше...

Аврупо марзҳоро боз мекунад, Амрикову Осиё ҳамоно бо хуруҷи вирус дастбагиребонанд

Ozodi.org 

Бисёр кишварҳои аврупоӣ шурӯъ аз 15-16-уми июн марзҳои худро ба рӯи кишварҳои ҳамсоя  боз мекунанд ва ин як қадами бузург дар паи се моҳи маҳдудиятҳо мебошад. Олмон, Белгия, Фаронса, Юнон ва Ҷумҳурии Чех дар миёни кишварҳое мебошанд, ки аз имрӯз ва Австрия аз 16 июн марзҳоро боз мекунанд. Бозкушоии ҳамоҳангшудаи марзҳо дар ҳоле ҷараён дорад, ки ҳафтаи гузашта Комиссиюни Аврупо машварат дод, ки кишварҳои узв марзҳояшонро боз кунанд. Бозкушоии марзҳо бештар марбут ба шаҳрвандони ИА, Бритониё ва аксар кишварҳои ҳавзаи Шенген мебошад. Читать дальше...

RSF аз Тоҷикистон хост, ҷаримаро бекор кунад

Ozodi.org 

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders), қароргоҳаш дар Париж, таъйини ҷарима барои ба истилоҳ нашри хабарҳои носаҳеҳ ё дурӯғ дар бораи коронавирусро дар Тоҷикистон маҳкум кард.



Москва

Правительство РФ сообщило о перевыполнении планов по достижению цифровой зрелости национальной экономики


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Тимати

На восстановление уйдет год: невеста Тимати пострадала на Мальдивах




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«Бавария» победила «Вольфсбург» в 500-м матче Нойера в Бундеслиге

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

Пензенские регбистки выиграли первенство России


WTA

Александрова не смогла обыграть Саснович и покинула турнир WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Лунный свет в ваших волосах: Как выбрать благоприятные дни для стрижки в мае



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России