Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2020

Новости за 16.06.2020

Раиси боздоштшудаи Кӯлоб аз коронавирус муолиҷа мегирад

Ozodi.org 

Раиси собиқи шаҳри Кӯлоб, ки рӯзи 8-уми июн аз сӯйи нирӯҳои амниятӣ дастгир шуд, дар бемористони касалиҳои сироятии Кӯлоб аз коронавируси нав муолиҷа мегирад. Мақомот ва пайвандони Баҳром Иноятзода рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабарро тасдиқ карданд.

Омори нави беморон. Ҳушдор аз эҳтимоли дубора "зинда шудан"-и вирус

Ozodi.org 

Шумори умумии гирифторони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн ба 5160 нафар расид. Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, дар шабонарӯзи гузашта коронавируси нав ба 63 каси дигар сироят кард. Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти вирус дар Тоҷикистон 3624 нафар ё зиёда аз 72 дар сади беморон шифо ёфта, 50 кас ҷон бохтаанд. Дар рӯйхатти алтернативии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 16-уми июн номи беш аз 430 нафарро навиштаанд. Читать дальше...

Посухи мақомот ва ширкатҳо ба муҳоҷирон: То охири июн парвози доимӣ намешавад

Ozodi.org 

Ҷавоби мақомоти расмии Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ тақрибан як аст: то охири моҳи июн парвозҳои доимӣ шуруъ намешавад ва баъд аз он машварат мекунанд, ки парвозҳоро чӣ гуна ва кай ба роҳ монанд.



Омӯзгоронро ба сохтмони хонаҳои мардуми осебдида дар Хуросон ҷалб кардаанд

Ozodi.org 

Омӯзгорони донишгоҳҳои энергетикӣ ва Носири Хусрави шаҳри Бохтарро барои кумак ба сокинони аз сел зарардидаи ноҳияи Хуросон ҷалб кардаанд. Ҳоло дар деҳаи Чорбоғи ноҳия сохтмони хонаҳои нав ба осебдидагон оғоз шудааст. На мақомот ва на устодон нагуфтанд, ки ин кор ихтиёрист, ё маҷбурӣ. Ҳотам Каримов, раиси ҷамоати ба номи Садриддин Айнӣ гуфт, хонаҳои навро ба таври ҳашар месозанд ва ҳар рӯз аз ҳар корхона 15-нафарӣ меоянд.  Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон, рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард... Читать дальше...

Маросими эътои “Оскар” ба далели коронавирус ба таъхир афтод

Ozodi.org 

Маросими эътои ҷоизаи “Оскар”, ки мебоист 28 феврали соли 2021 баргузор шавад, то 25 апрели соли 2021 ба таъхир афтод. Ин яке аз охирин чорабиниҳои ҷаҳонӣ аст, ки аз вабои коронавирус таъсир мепазирад. Маросими 93-уми эътои “Оскар” ба он хотир ба таъхир афтод, ки коронавирус боис шуд, наворбардории бархе аз филмҳо тӯл кашад. Созмондиҳандагони озмун муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва муаррифии филмҳоро тамдид карданд. Агар дар гузашта муҳлати охири нашри филм 31 декабр таъйин мешуд, ҳамакнун ин муҳлатро... Читать дальше...



Ҳувияти ҳамлагар ба бозрасони рус дар Маскав маълум шуд

Ozodi.org 

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, як зодаи Ингушетия Ратмир Галаев дар Маскав “бесабаб” ба сӯи ходимони полис оташ кушода ду нафарро маҷрӯҳ кард аа худаш ҳам маҷрӯҳ ва боздошт шуд. Дар нимаи дуюми рӯзи 15 июн дар хиёбони Ленини Маскав тирандозӣ рух дод ва дар натиҷа ду корманди БДА маҷрӯҳ шуд. Парванда бар асоси моддаи “суиқасд ба ҷони ходимони ҳифзи қонун”  боз ва тафтишот шурӯъ шудааст. Дар макони зисти Галаев санҷишу кофтуков анҷом гирифт. Тафтишот доираи наздикону дӯстони гумонбарро мавриди пурсиш қарор додааст. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 16-уми июни соли 2020 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Ҷавони тоҷики фавтида дар Русия дар Тоҷикистон ба хок супурда шуд, дар Рӯшон ҷамъомадагон аз раиси ноҳия посух талаб кардаанд ва бо фармони Поезиденти Русия муҳлати сабтиноми муҳоҷирон се моҳи дигар тамдид шуд.

Низомиёни Ҳинд гуфтанд, дар задухӯрди марзӣ бо Чин се сарҳадбони ҳиндӣ кушта шуд

Ozodi.org 

Низомиёни Ҳинд гуфтанд, ки дар як задухӯрди хушунатомез бо марзбонҳои Чин дар гузаргоҳи баҳсии Ҳимолой се сарбоз, аз ҷумла як афсари баландпояи ҳиндӣ кушта шуданд. Айни замон Чин Ҳиндро дар убури қаламрави баҳсии марз гунаҳгор кард. Ҳодиса рӯзи 15 июн дар водии Галвани Ладахш рух дод. Ин минтақа ҳафтаҳои ахир макони ихтилофҳои миёни ду ҷониб будааст. Намояндагони низомии ҳарду ҷониб барои паст кардани шиддати низоъ мулоқот мекунанд. Дар ин бора сухангӯи артиши Ҳинд полковник Амон Ананд хабар дод. Читать дальше...

Тобути 50 муҳоҷири тоҷикро аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд

Ozodi.org 

Тобути панҷоҳ муҳоҷири тоҷикро, ки бо сабабҳои гуногун дар Русия фавтида буданд, барои дафн ба воситаи мошини махсус ба Тоҷикистон фиристоданд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия гуфтанд, ин кор бо кумаки баъзе аз афроди хайрхоҳ имконпазир шуд. Каримҷон Ёров дар Фейсбук навишт, ки хароҷоти интиқоли 50 тобутро ҳамватанон аз Новосибирск дода, вале нахостаанд, номашон фош шавад. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ рӯзи 16-уми июн расман ба кумакрасонҳо изҳори сипос кард ва айни замон гуфт, санадҳои убур... Читать дальше...

Кореяи Шимолӣ дар бора ҳодисаи таркиши дафтари тамос бо Ҷануб изҳори назар кард

Ozodi.org 

Рӯзи 16 июн дар паи ахиран пуршиддат шудани муносибатҳо, Кореяи Шимолӣ дафтари тамос бо Ҷанубро дар шаҳри марзии Кесонг мунфаҷир кард. Оҷонсии расмии Кореяи Шимолӣ хабар дод, ки ин бино хароб карда шуд, то ки ба “афкору андешаи мардуми хашмгиншуда мутобиқ бошад, чун палидҳо ва онҳоеро, ки вайҳоро пинҳон мекунанд, маҷбур мекунанд, ки қимати гароне бипардзанд”. Зоҳиран манзури мақомоти Кореяи Шимолӣ мардуми фирорӣ аст, ки аз шимол дар  ҷануб панаҳ мебаранд ва давоми солиёни зиёд шабномаҳои интиқодӣ дар ҳақи режими Кореяи Шимолиро паҳн мекунанд. Читать дальше...

СҶТ аз эҳтимоли мавҷи нави коронавирус ҳушдор медиҳад

Ozodi.org 

Тедрос Аданом Гебрейесус, роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) гуфт, "кишварҳо бояд аз эҳтимоли мавҷи нав"-и густариши вируси корона эҳтиёт кунанд. Изҳороти роҳбари СҶТ дар ҳолест, ки кишварҳои Аврупо марзҳоро боз мекунанд ва дар пойтахти Чин мавҷи нави гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад. Шумори умумии гирифторони COVID-19 дар саросари дунё ба 8 миллион ва шумори қурбониён ба 436 ҳазор расид. Гебрейесус гуфт, ҳамарӯза то 100 ҳазор кас мубталои ин вирус мешаванд. COVID-19 дар Осиёву Амрико густариши бештар пайдо кардааст. Читать дальше...

Трамп хуруҷи қисми нирӯҳои амрикоӣ аз Олмонро тасдиқ кард 

Ozodi.org 

Президент  Доналд Трамп гуфт, ИМА шумори нирӯҳои мустақар дар Олмонро то 25 ҳазор нафар коҳиш медиҳад, вале ин қарор мояи нигаронии бархе қонунгузорони амрикоӣ ва муттафиқони ИМА дар НАТО шуд. Зимни суханронӣ дар Кохи Сафед рӯзи 15 июн Трамп Олмонро дар он муттаҳам кард, ки ӯҳдадориҳои худ дар заминаи афзоиши хароҷоти дифоӣ дар баробари НАТО-ро иҷро намекунад ва ҳузури низомии амрикоиҳо дар ин кишвар бисёр гарон аст.  Ин аввалин тасдиқи расмии хабарҳо дар бораи коҳиши нирӯҳои амрикоӣ дар Олмон мебошад. Читать дальше...

Трамп ният дорад қарор дар бораи ислоҳоти полисро имзо кунад 

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп нақша дорад қарореро имзо кунад, ки бар асоси он барои беҳтар шудани  тамринҳои касбии ходимони полис маблағгузории бештар равона мешавад  ва пойгоҳи федеролие барои назорат аз рафтори полис созмон хоҳад ёфт. Имзои қарор рӯзи 16 июн дар назар аст. Ҳоло бо сабаби марги Ҷорҷ Флойд аз дасти полис  шаҳру иёлоти мухталиф дар бархӯрд бо эътирозҳои сартосарӣ мустақилона амал мекунанд.  Қарори Трамп на ба ҳама талаботи ҳаракати бо номи “Зиндагии сиёҳпӯстон аҳамият дорад” ҷавобгӯ аст... Читать дальше...

Кореяи Шимолӣ сохтмони идораи тамос бо Кореяи Ҷанубиро тарконд

Ozodi.org 

Вазорати умури муттаҳидкунӣ дар Сеул хабар дод, ки рӯзи 16 июн баъди раддубадалҳои хашини Пхенян, Кореяи Шимолӣ як сохтмони идораи  тамос бо Кореяи Ҷанубиро дар шаҳраки марзии Кесонг мунфаҷир кард.  Дар як хабари мухтасар ба матбуот мақомоти Кореяи Ҷанубӣ гуфтанд, ки “Кореяи Шимолӣ соати 14:49 дафтари тамос дар Кесонгро тарконд”. Оҷонсии хабарии Yonhap гуфт, изҳороти ҳукумати Сеул чанд дақиқа баъди он садо дод, ки аввал овози таркиш баланд шуду баъдан аз болои як минтақаи саноатии Кесонг, ки идораи тамос он ҷо ҷойгир аст... Читать дальше...

Сокинони Рӯшон дигарбора дар назди бинои ҳукумат ҷамъ шудаанд

Ozodi.org 

Гуруҳе аз сокинони ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон рӯзи 16-уми июн дигарбора дар назди бинои ҳукумати ноҳия ҷамъ шудаанд. Онҳо мегӯянд, гуфтушунидҳои пешина бо раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов ва маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон натиҷа надоданд.


Музыкальные новости
Алла Пугачёва

Исполнительницу Аллу Пугачеву на официальном уровне признали в Израиле





Rss.plus
ЦСКА

Гол Чалова с пенальти принес ЦСКА победу над «Зенитом» в матче РПЛ




Благотворительный фонд Ильинской больницы провел рок-вечер в поддержку тяжелобольных людей

Необычная ночь: бесплатные программы пройдут в рамках акции «Ночь музеев»

5-9.06 Ярмарка 1703 пройдет в ЦВЗ "Манеж"

Жителям Коломны откроют новые грани творчества Айвазовского




Шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар ҷаҳон аз 8 миллион нафар гузашт

Ozodi.org 

Раҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, кишварҳо дар саросари ҷаҳон бояд гӯшбақимор бошанд, чун эҳтимолияти  дубора “зинда шудани” коронавирус вуҷуд дорад. Ин дар ҳолест, ки Аврупо маҳдудиятҳоро бекор мекунад ва Чин  бо хуруҷи дубораи вируси нав дастбагиребон аст. Бархе қисматҳои Пекин баста шудааст. Дар саросари ҷаҳон шумори гирифторони коронавирус ба 8 миллион нафар ва талафоти инсонҳо бар асари COVID-19 ба 436 ҳазор нафар расидааст. Тедрос Аданом Гебреусес гуфт, ки ҳоло вирус дар Осиёву Амрико  дар авҷ аст. Читать дальше...

Дороиҳои мусодирашудаи Гулнора Каримова дар тарҳҳои иҷтимоӣ харҷ мешаванд

Ozodi.org 

Мақомоти Узбекистон, ки 10 миллион доллари Гулнора Каримова, духтари зиндонии президенти пешини ин кишварро миёнаҳои моҳи май аз Фаронса баргардонданд, ба буҷаи давлат интиқол дода, дар тарҳҳои иҷтимоӣ харҷ хоҳанд кард. Дар ин бора Севара Уринбоева, як мақомдори вазорати адлияи Узбекистон рӯзи 15 июн хабар дод. Вай гуфт, аз ҷараёни харҷи дороиҳои мусодирашудаи Гулнора Каримова сокинонро мунтазам огоҳ хоҳанд кард. Уринбоева афзуд, мақомоти Узбекистон феълан барои баргардонии дороиҳои Каримова... Читать дальше...

Мақомоти Пекин гуфтанд, хатари паҳншавии коронавирус афзудааст

Ozodi.org 

Мақомоти шаҳри Пекини Чин гуфтанд, баъди хуруҷи коронавирус дар як бозори маҳаллӣ хатари паҳншавии ин вирус дар шаҳр афзоиш ёфтааст. "Пекин айни ҳол дар ҳолати изтирорӣ қарор дорад. Мо чораҳои пешгирӣ ва назоратиро тақвият медиҳем, ҷарима ҷорӣ мекунем. Мо роҳҳои паҳншавии вирусро мебандем", - гуфт Сю Хэтзян, намояндаи расмии ҳукумати Пекин рӯзи 15 июн. Паҳншавии коронавирус дар пойтахти Чин ҳафтаи гузашта дар як бозори фурӯши яклухти маводи ғизоӣ мушоҳида гардид. Аксари гирифторон фурӯшандаҳо ва пайвандони онҳо ҳастанд. Читать дальше...

"Ҳар кас он гуна, ки моҳи январ зиндагӣ мекард, зиндагӣ нахоҳад дошт"

Ozodi.org 

Парвоз кардан дар таътили тобистонаи замони пандемияи коронавирус то куҷо амну бехатар аст? Доктор Ҷозеф Аллен, дотсенти кафедраи арзёбиҳои илмии Донишгоҳи Ҳарвард, дар суҳбат бо Валона Тела, хабарнигори бахши балкании Радиои Озодӣ ба ин суол ва пурсишҳои дигар посух дод.

Муовини Зоиров гуфт, монеи мулоқоташ дар сафорати Олмон шуданд

Ozodi.org 

Яке аз муовинони раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон иддао дорад, ки мақомоти интизомӣ монеи мулоқоташ бо намояндагони сафорати Олмон дар Душанбе шудаанд.  Маҳмурод Одинаев гуфт, мулоқот бояд рӯзи 12-уми июн сурат мегирифт ва ӯ дар бораи вазъи ҳизбҳои сиёсӣ ва мавридҳои шиканҷа дар Тоҷикистон чанд пешниҳод карданӣ буд.  "Аз сафорат низ ба ман занг зада, гуфта буданд, ки бо ниқоби тиббӣ ҳозир шавам. Чанд лаҳза пеш аз мулоқот, ногаҳон, маро ба идораи корҳои дохилии Ҳисор даъват карда, гуфтанд, ки "беҳтар аст, наравед", - нақл кард ӯ. Читать дальше...



Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Пётр Чайковский

Фестиваль «Гений места» завершился на родине Чайковского




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании

Гепарды – новые персонажи мультсериала «Команда МАТЧ»

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса


WTA

Потапова проиграла Остапенко во втором круге турнира WTA 1000



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России