Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Новости за 02.07.2020

Дар Тоҷикистон 53 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки дар шабонарӯзи гузашта 53 ҳолати гирифторӣ ба бемории COVID-19-ро сабт кардаанд. Рӯзи 2-юми июл Вазорати тандурустӣ гуфт, дар шабонарӯзи гузашта танҳо 53 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19-ро сабт кардааст. Шумори умумии беморон дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ ба 6058 нафар расида, 77 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Теъдоди қурбониён 52 нафар мебошад.Бори охир мақомот рӯзи 20-уми июн дар бораи фавти шахси мубтало ба COVID-19 дода буданд.  Дар феҳрасти ғайрирасмӣ то... Читать дальше...

Ҷузъиёти суҳбати Майк Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ

Ozodi.org 

Муовини ёвари Вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ дар як гуфтугӯи онлайнӣ ҷузъиёти ҷаласаи навбатии гуруҳи мавсум ба С5+1-ро шарҳ дод. Ҷонатан Ҳеник гуфт, Майк Помпео бо вазирони корҳои хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар мавзӯи мубориза бо COVID-19, рушди иқтисод ва савдо ва амнияти минтақавӣ суҳбат кардаанд. Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (С5+1) рӯзи 30-юми июн онлайнӣ баргузор шуд. Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии ИМА - Майк Помпео... Читать дальше...



Сафири ИМА аз эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи Гурҷистон ҳушдор дод

Ozodi.org 

Сафири ИМА дар Тифлис Келли Дегнан Гурҷистонро аз эҳтимоли мудохилаи Русия ба интихоботи парлумонии қарибулвуқӯи ин кишвар ҳушдор дод. Дегнан, ки рӯзи 1 июл дар Пажӯҳишгоҳи умури сиёсӣ дар Гурҷистон суханронӣ мекард, гуфт: “Мо мебинем, ки чӣ гуна хабарҳои дурӯғини Русия фаъол ва эҷодкор ҳастанд ва ба бисёр интихоботҳо дахолат мекунанд ва Гурҷистон як ҳадафи воқеӣ аст”. Ӯ дар идома гуфт: “ИМА, Бритониё ва дигар дӯстони Гурҷистон ба ҷомеа кӯмак мекунанд, ки хабари воқеиро аз дурӯғин фарқ кунанд, матбуотро хондаву мешунаванд ва иттилое... Читать дальше...

Нурсултон Назарбоев аз коронавирус шифо ёфт

Ozodi.org 

Собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки ҳатто баъди тарки мақом карданаш дар соли гузашта дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебошад, тибқи гузоришҳо аз бемории коронавирус шифо ёфтааст.  Сухангӯи Назарбоев Айдос Укибай дар Твиттер навишт, ки рӯзи 2 июл тести озмоишии Назарбоев ба коронавирус манфӣ баромад. Чор рӯз баъд Назарбоев 80-сола мешавад. Укибай навишт, ки мутобиқи машварати духтурон Нурсултон Назарбоев “ҳамоно дар инзиво мемонад, аз дур кор мекунад ва зуд-зуд барои нафаскашӣ ба ҳавои тоза мебарояд”. Читать дальше...

Ихтиёриён барои беморхонаи Ванҷ мошини "Ёрии таъҷилӣ" хариданд

Ozodi.org 

Гуруҳе аз зодагони ноҳияи Ванҷ дар як маъракаи хайриявӣ ба беморхонаи ин ноҳия нақлиёти "Ёрии таъҷилӣ" ва либосҳои муҳофизатӣ тақдим кардаанд. Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор ва аз созмондиҳандагони иқдом ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз зодагони ноҳияи Ванҷ даъват карданд, то ба беморхонаи ин ноҳия кӯмак кунанд. Ба таъкиди Сулаймонӣ, дар як муддати кутоҳ ин иқдом ҳамовозии зиёд пайдо кард ва онҳо аз моҳи май то имрӯз ба беморхона ва бунгоҳҳои тиббии ноҳияи Ванҷ бештар аз 100 ҳазор сомонӣ кӯмак карданд. Читать дальше...

Таҷаммуи ҳомиёни ҳуқуқи Узбекистон бо талаби таҳқиқи марги корманди "UzAutoMotors"

Ozodi.org 

Фаъолони Эътилофи ҳомии ҳуқуқи Узбекистон рӯзи 29-уми июн бо талаби таҳқиқи марги корманди корхонаи мошинсозии шаҳри Асакаи вилояти Андиҷон таҷаммуеро баргузор карданд. А.С., корманди 53-солаи корхонаи "UzAutoMotors" дар натиҷаи кафидани кӯррӯда ва сари вақт дарёфт накардани ёрии тиббӣ ҷон бохтааст. Ба гуфтаи ҳамкорону наздикони мард, ӯ даҳ рӯз пеш аз фавт ба корфармо аз дарди шикам шикоят карда, хостааст, вайро ҷавоб диҳанд. Вале ба ӯ иҷозат надодаанд, ки маҳалли корро тарк кунад. Ба иттилои эътилоф... Читать дальше...



Ҳаёти талхи зани бефарзанд дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Зане мегӯяд, андешаи он ки дарахти умраш мева надодааст ва ҳам нигоҳҳои ба мисли тири мардум, қалабшро пора мекунад.Ин зани ба нохуни фарзанд зор дар сӯҳбат бо Саривнози Руҳулло ва Амриддин Олимов, аз кӯи андуҳи худ ки шонаҳояшро хам кардааст, қисса кард.

Аз ҳафтаи оянда дар Қазоқистон карантини сахт ҷорӣ мешавад

Ozodi.org 

Комиссияи ҳукуматии Қазоқистон нақшаи эъломи 14 рӯзи карантини сахт дар саросари ин кишварро аз 5-уми июл ба хотири беҳбуди вазъи эпидемиологӣ тасдиқ кард, ки манъи чорабиниҳои оммавӣ, гаштугузори беш аз се нафар дар кӯчаву боғҳоро пешбинӣ мекунад. Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой рӯзи 2-юми июл дар ҷаласаи ҳукумат ҷузъиёти нақшаро шарҳ дод. Ҳамин тариқ дар Қазоқистон интиқоли заминии мусофирон ба шаҳру навоҳӣ манъ шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳо маҳдуд мешавад. Читать дальше...

Маънии ҳайкалҳо. Сабақҳои Осиёи Марказӣ

Ozodi.org 

Ҳайкалшиканиҳои охир олами инглисзабонро ба ларза овард, ки гумон мекунад, ин як навоварии садаи 21 аст. Ҳол он ки барои қаламравҳои султаи пешини рус ва Иттиҳоди Шӯравӣ ин як чизи одист: онҳо аз аввали асри 20 камаш се мавҷи ҳайкалшиканиро дидаанд.

Сабти шумори рекордии мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Сардори Идораи беҳдошти умумии Қирғизистон Айнура Акматова рӯзи 2-юми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, давоми як рӯзи ахир дар ин кишвар 526 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст, ки баландтарин нишондод шумурда мешавад. Шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон то имрӯз ба 6261 расида, аз ин миён 2530 кас шифо ёфтанд ва 66 нафар ҷон бохтаанд. Сарвазири Қирғизистон дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки ҳамарӯза шумори катҳоро барои қабули беморони мубтало ба коронавирус афзоиш диҳанд. Читать дальше...

Дар Туркманистон ба хешовандони мухолифон фишор меоранд

Ozodi.org 

Дар Туркманистон наздикони муҳоҷиронро ба идораи пулис даъват карда, талаб мекунанд, ки пайвандонашон ба ҳаракатҳои мухолифон дар хориҷ аз ин кишвар напайванданд. "Дар ноҳияи Марий намояндагони ҳукумат ба хонаи онҳое мераванд, ки наздиконашон дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ қарор доранд. Аз соҳибхона талаб мешавад, ки ҳамроҳи тамоми аъзои хонавода бо шиносномаҳои худ ба идораи пулис ҳозир шаванд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Марий. Ба гуфтаи хабарнигор, мақомот тамоми онҳоеро ба қайд гирифтаанд... Читать дальше...

Эрон гуфт, дар муассисаи ҳастаии Натанз "ҳодисае" рух дод

Ozodi.org 

Эрон гуфт, ки дар яке аз муассисаҳои ҳастаии таҳти назари Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ “ҳодисае рух дод”, вале ҳеҷ чизе хароб нашудааст.  Беҳрӯз Камолвандӣ, сухангӯи созмони энержии ҳастаии Эрон гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи 2 июл дар муассисаи ҳастаии Натанз воқеъ дар Эрони марказӣ рух дод. Ӯ гуфт, ки “амбори саноатӣ”-и воқеъ дар ҳавлии муассиса осеб дид ва ҳеҷ таъсире ба сентрифугаҳои муассиса нарасонид. Дар гузашта ҳеҷ хабаре дар бораи эҳтимоли роҳандозӣ шудани корҳои сохтмонӣ дар Натанз набуд. Натанз маркази аслии ғанисозии уран дар Эрон буда... Читать дальше...

Аёсуфия масҷид мешавад ё музей мемонад?

Ozodi.org 

Қарор аст имруз, панҷшанбеи 2-юми июл ҷаласаи додгоҳӣ дар Туркия дар бораи бекор кардани тасмими ҳукумати он кишвар дар соли 1934 барои табдили Аёсуфия аз музей ба масҷид, баргузор шавад. Масъалаи табдили ин музей ба ибодатгоҳ дар ҳафтаҳои ахир мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Туркия мегӯяд, ки ин масъала ба "ҳокимияти миллии он кишвар" рабт мегирад ва касе ҳаққи дахолат кардан ба онро надорад. Раҳбарони калисои ортодоксӣ мегӯянд, ки ин иморат осори муштараки масеҳиёну мусалмонон аст ва бояд музей бимонад. Читать дальше...

Пентагон: Толибон бо гурӯҳҳои марбут ба “Ал-Қоида” “равобити наздикро ҳифз кардааст”

Ozodi.org 

Гузориши нави  Пентагон мегӯяд, гурӯҳҳои марбут ба “Ал-Қоида”-и фаъол дар минтақа бо Толибон тамосҳои наздикро ҳифз кардаанд ва дар щамла ба нирӯҳои ИМА “манфиати қавӣ” доранд. Созиши моҳи феврали миёни ИМА ва Толибон аз ин гурӯҳи шӯришӣ тақозо мекунад, ки “Ал-Қоида” истифодаи қаламрави Афғонистонро барои анҷоми амалиёти харобкоронааш хотима диҳад. Вале дар гузорише, ки рӯзи 1 июл нашр шуд, вазорати дифоъ гуфт, ки ҷангҷӯёни Толибон ҳамкории худ бо Ал-Қоида дар нимқораи Ҳинд (AQIS)-ро идома медиҳанд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Булат Окуджава

Урганта и Смехова исключили из концерта памяти Окуджавы: Вдова барда извинилась - в том числе, за проведение события





Rss.plus
Fix Price

Новая коллекция для кухни в стиле лофт в магазинах Fix Price




В Москв таксист опоздал на вызов к пожилому пассажиру и прострелил ему бедро

У подростка-зацепера из-за удара током сгорел половой орган

Tele2 первой обеспечила 100% покрытие сетью нового отрезка платной магистрали М4

Примадонна оперной сцены Хибла Герзмава споет в ...




Раиси Бонки марказии Украина гуфт, “таҳти фишори сиёсӣ” ба истеъфо меравад

Ozodi.org 

Яков Смолий, раиси Бонки марказии Украина гуфт, ки  “бо сабаби фишорҳои доимии сиёсӣ,  ки бо салоҳиятҳои кории ӯ дар ихтилоф аст”, аз мақомаш канор меравад. Смолий рӯзи 1 июл дар Твиттераш навишт, ки номаи истеъфояшро ба президент Владимир Зеленский таслим кардааст. Ӯ дар номааш гуфтааст, “бигузор ин як ҳушдор  ба талошҳои  баҳам задани истиқлолияти кори Бонки марказӣ бошад”. Дафтари Зеленский бо нашри изҳороте гуфт, ки  мустақилияти кори Бонки марказии Украина дар авлавият қарор мегирад ва бонку... Читать дальше...

Марди қирғиз барои "дарси ибрат" ба ҳамсараш муҷозот шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Сӯзаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон сокини маҳаллиеро, ки дар латтукӯби ҳамсари худ айбдор мешуд, ду сол ба назорати санҷишӣ маҳкум ва аз толори додгоҳ озод кард. Назорати санҷишӣ меъёри нав дар Кодекси ҷиноии Қирғизистон аст. Он барои айбдоршуда як қатор масъулиятҳоеро пешбинӣ мекунад, ки дар сурати иҷро нашудан маҳрум гаштан аз озодиро дар пай дорад. 12-уми июн дар Интернет видеое нашр шуд, ки дар ноҳияи Сӯзак сабт гаштааст. Дар он дида мешавад мард дар гардани ҳамсараш хишту чархҳои мошинро баста... Читать дальше...

Маҷлиси намояндагони ИМА дар посух ба қонуни амнияти Ҳонгконг тарҳе қабул кард

Ozodi.org 

Дар вокуниш ба қонуни нави амният дар Ҳонгконг Маҷлиси намояндагони ИМА тарҳеро қабул кард, ки таҳрими гурӯҳҳои баҳамзанандаи мухторияти Ҳонгконгро дар назар мегирад.  Қонунгузории нав бонку тиҷоратҳои мақомдорони чиниро ҳадаф қарор медиҳад, ки дар иҷрои қонуни нав вазифадор ҳастанд. Инчунин қонун мақомоти коммунисти Чин – масъулони қабули қонун ва  полисро  ҳадаф қарор медиҳад, ки дар иҷрои он аз роҳи саркӯби эътирозгарон дар Ҳонгконг даст доранд. Бовар меравад, ки ин тадбирҳо рӯзи 2 июл дар Сенат баррасӣ ва қабул мешаванд. Читать дальше...

Ҳушдори СҶТ дар бораи коронавирус дар ИМА

Ozodi.org 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар як ҳушдораш аз суръати тунд ва бесобиқаи паҳншавии коронавирус дар ИМА хабар дода гуфтааст, ки ҳодисаҳои рӯзонаи олудашавӣ 1 июл аз 50 ҳазор ҳодиса гузашт. Дар ҳоле, ки мизони олудагии нави рӯзона дар ҷаҳон аз 160 ҳазор ҳолат бештар шудааст, танҳо 52 ҳазор ҳодисааш дар ИМА ба қайд гирифта шуд. Мавҷи нави вирус боис шуд, ки мақомоти ИМА амрҳои қаблан содиршуда дар заминаи сабуктар кардани тадбирҳо, мисли боз шудани тарабхонаву соҳилҳоро бекор мекунанд. Шумори талафот... Читать дальше...

КМИ-и Русия: шумориши 100% баргаҳо анҷом шуд. 78% ҷонибдори тағйири конститутсия

Ozodi.org 

Комиссиюни марказии интихоботҳои Русия рӯзи 2 июл гуфт, баъди шумори 100% баргаҳо муайян шуд, ки 78 дарсади раъйдодаҳо тарафдори пешниҳоди президент Владимир Путин дар заминаи тағйироти конститутсионӣ будаанд. Каме бештар аз 21% гуфтанд, ки мухолифини тағйирот ҳастанд. Дар раъйпурӣ, ки бо сабаби пандемия ва роҳ надодан ба таҷаммӯи зиёди мардум аз 25 июн то 1 июл идома кард, 65% раъйдиҳандагон иштирок карданд. Шумори бештарини тарафдорони тағйироти конститутсионӣ дар Чеченистон будаанд. Дар ин ҷумҳурии... Читать дальше...

12 сенатори амрикоӣ аз ҳукумат хостанд Бузургмеҳр Ёров ва Далер Шарифовро озод кунад

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз аъзои Сенати Амрико бо ирсоли нома ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, хостори раҳоии зиндониёне шуданд, ки барои баёни андешаҳои озод маҳкум шудаанд. Дар ин нома, ки рӯзи 29-уми июн бо имзои 12 узви Сенат ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон фиристода шуд, гуфта мешавад, ки афрод набояд барои баёни андешаи озод ҳабс шаванд. Онҳо аз Эмомалӣ Раҳмон  даъват кардаанд, ки бидуни ҳеҷ пешшарт, ин афродро аз зиндон озод кунанд. Дар нома аз ҷумла ишора шудааст, ки дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ... Читать дальше...



Москва

Мошенники обокрали пенсионерку из Москвы на 14 миллионов рублей


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Бато Багдаев

Госцирк Бурятии возглавил Тудуп Батуев: Театр и цирк, Культура, Россия




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице


Уимблдон

Медведев рассказал, как ударился головой перед матчем с Уиллисом на Уимблдоне в 2016 году



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


News Every Day

Camila Giorgi ‘flees Italy with family’ as tennis star-turned-lingerie model breaks silence on retirement mystery



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России