Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Новости за 04.07.2020

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, номаи наздикони маҳбусонро таҳқиқ мекунанд

Ozodi.org 

Идораи Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, номаи хешовандони чанде аз маҳбусонеро, ки ба бовари онҳо бо ангезаҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд, Додситонии кул таҳқиқ дорад. Нома охири моҳи июн ба мақомоти Тоҷикистон фиристода шудааст.

Рӯҳонӣ гуфт, касе ниқоби тиббӣ намепӯшад, аз хадамоти давлатӣ маҳрум хоҳад шуд

Ozodi.org 

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, гуфт, касе, ки ниқоби тиббӣ напӯшад, аз хадамоти давлатӣ маҳрум хоҳад шуд. Вай афзуд, ҷойҳои корие, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд, барои як ҳафта баста мемонанд. Рӯҳонӣ ин суханонро рӯзи 4-уми июл ҳангоми эъломи қадамҳои баъдӣ барои муқобила бо коронавируси нав дар кишвараш баён кард. Қарор аст, аз рӯзи якшанбе истифода аз ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумӣ дар Эрон ҳатмӣ шавад. Вазорати тандурустии Эрон мегӯяд, шумори ҷонбохтагон аз коронавирус дар он кишвар ба беш аз 11 ҳазору 400 тан расида... Читать дальше...

COVID-19 дар Тоҷикистон. Чанд нафар бемор шуданд, фавтиданд ва шифо ёфтанд?

Ozodi.org 

Дар як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон гирифтории 51 нафар ба коронавируси нав тасдиқ шудааст ва бо ин шумори умумии беморон рӯзи 4-уми июл ба 6159 нафар баробар шуд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то ин дам 4809 кас ё беш аз 78 дар сади беморон шифо ёфта, 52 нафар ҷон бохтаанд. Омори фавтидагон аз коронавируси нав дар Тоҷикистон аз 20-уми июн ба ин тараф бетағйир аст. Феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни эҳтимоли коронавирус ва "илтиҳоби шуш" низ аз 14-уми июн иваз нашудааст. То он вақт номи беш аз 430 нафарро сабт карда буданд. Читать дальше...



Туркия 20 мақоми Саудиро барои қатли Хошуқҷӣ муҳокима мекунад

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Туркия рӯзи 3-юми июл муҳокимаи 20 мақоми Арабистони Саудиро, ки гуфта мешавад дар қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ даст доштанд, оғоз кард. Хошуқҷӣ аз мунтақидони Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ буд ва дар моҳи октябри соли 2018 дар консулгарии Саудӣ дар Истанбул кушта шуд. Мақомҳои Арабистони Саудӣ иддао мекунанд, ки қатли Хошуқҷӣ кори дасти “як гурӯҳи худсар” буда, давлат онро иҷоза надодааст. Дар айбномаи додситони Истанбул раиси собиқи идораи истихбороти Арабистони... Читать дальше...

Мақомоти Эрон гуфтанд, сабабҳои “ҳодиса”-и Натанзро фаҳмиданд

Ozodi.org 

Шӯрои олии амнияти миллии Эрон хабар дод, ки сабабҳои “ҳодисае” дар муассисаи ҳастаии Натанз мушаххас шудааст. Кайвон Хусравӣ, сухангӯи шӯро, 3-юми июл гуфт, ба далоили амниятӣ сабаби “ҳодиса” ва ҷузъиёти он ҳоло эълом намешавад. Аммо, ба қавли ӯ, “дар як замони муносиб дар ин бора маълумот дода хоҳад шуд”. Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи идораи энержии ҳастаии Эрон, гуфтааст, “ҳодиса” дар фазои кушод рух додааст. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд ин рӯйдод олудагӣ эҷод накарда ва талафоти ҷонӣ надошт, хисороти моливу моддӣ ба бор овардааст. Читать дальше...

Фаронса як узви ДОИШ-ро ба 30 соли зиндон маҳкум кард

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Париж, маркази Фаронса, як узви гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-ро ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Тайлер Вилюсро ба иртикоби ҷиноят дар байни солҳои 2013-2015 дар Сурия гунаҳкор донистанд. Ба қавли муфаттишон, Вилюси сисола ба дини ислом гаравида буд ва узвияти шохаи "Ал-Муҳоҷирин"-ро дошт. Ин гуруҳ бештар аз ҷангҷӯёни Қафқози Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ таркиб ёфта, дар Сурия одамонро шиканҷа карда ва куштааст. "Ал-Муҳоҷирин" соли 2015 аз баданаи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҷудо шуда, ба гуруҳи "Ан-Нусра" пайвастааст. Читать дальше...

Трамп дар суханронии бахшида ба рӯзи истиқлол аз тазоҳуроти ахир гуфт

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар суханронии худ ба муносибати рӯзи истиқлоли ин кишвар аз он чи "маъракаи бераҳмона барои аз байн бурдани таърихи Амрико ва бадном кардани қаҳрамононаш" хонд, ба шиддат интиқод кард. 4-уми июл рӯзи истиқлоли Амрикост. Трамп дар ишора ба тазоҳуроти ахир дар Иёлоти Муттаҳида гуфт, ҳадафи он нобудии арзишҳову таърихи Амрико аст, аммо ин суханон мавҷе аз интиқодҳоро ба ҳамроҳ доштааст. Пас аз марги Ҷорҷ Флойд, марди амрикоии африқоитабор, шаҳрҳои мухталифи Амрико шоҳиди тазоҳуротти густарда буданд. Читать дальше...

Омори гирифторони коронавируси нав дар Амрико афзудааст

Ozodi.org 

Дар Иёлоти Муттаҳида дар се рӯзи гузашта беш аз 50 ҳазор кас ба коронавируси нав гирифтор шудаанд. Афзоиши шумори беморон дар ҳолест, ки 4-уми июл рӯзи истиқлоли ин кишвар аст. Шаҳрвандони Амрико маъмулан бо сайру сафар ва баргузории маҳфилҳо аз ин рӯз таҷлил мекунанд. Мақомҳои беҳдоштӣ аз мардум хостаанд, ки дар хона бимонанд. Дар чанд аёлат ҷараёни азсаргирии фаъолиятҳои иқтисодӣ ба таъхир гузошта шудааст. Дар маҷмуъ, коронавирус ба тақрибан 2 миллиону 800 ҳазор кас дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сироят карда... Читать дальше...



Заминларзаи 5-дараҷаӣ Тоҷикистонро такон дод

Ozodi.org 

Рӯзи 4-уми июл (соати 14:53) заминларзаи сахт Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои идораҳои зилзилашиносии ҷаҳон, маркази заминларза дар 200-километрии шарқи Душанбе ва 50 километр дуртар аз минтақаи Рашт будааст. Маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки нирӯи заминларза дар маркази он 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 дараҷаи Рихтерро ташкил дод. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила дар гӯшаҳои кишвар чандин хона вайрон шудааст.

Кай ва аз куҷо? Ҷадвали 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон барои баргардондани муҳоҷирон аз Русия 13 парвози дигари чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳоро тартиб додаанд, вале мегӯянд, парвозҳо баъди ба даст омадани ризояти Маскав анҷом хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки бино ба ҷадвали парвозҳои иловагӣ ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" бояд 4-уми июл муҳоҷиронро аз Маскав ба Душанбе биорад.   Пештар барои овардани муҳоҷирони тоҷик аз Русия ҳашт парвози ғайринақшавӣ ташкил карда буданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи шанбе гуфт, шумори... Читать дальше...

Президент қонуни ҷазо барои "бениқобӣ" ва хабари "носаҳеҳ"-ро имзо кард

Ozodi.org 

Сарфи назар аз даъвати созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи хабарнигорон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми июл ризоят дод, ки барои нашри "ахбори носаҳеҳ" дар бораи коронавируси нав сокинону хабарнигорон ва расонаҳоро ҷарима банданд.

Вакилон ба истироҳат рафтанд. Танаффус дар кори порлумони Тоҷикистон

Ozodi.org 

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, ба рухсатии меҳнатӣ рафтаанд. Мақомот мегӯянд, истироҳати намояндагони мардум аз 1-уми июл то 15-уми август идома хоҳад дошт. Дар ин давра порлумон кор намекунад ва баррасиву қабули қонунҳо низ дар назар нест, вале дар сурати зарурат президенти Тоҷикистон ҳақ дорад, ҷаласаи ғайринавбатиро даъват кунад. 63 узви Маҷлиси Намояндагон дар панҷ сол як бор интихоб мешаванд. Интихоботи ахири порлумонӣ моҳи марти имсол баргузор шуд. Ба... Читать дальше...

Сӯхтор дар таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб. ВИДЕО

Ozodi.org 

Субҳи 4-уми июл болопӯши таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб оташ гирифт. Занон ва навзодонро аз бино ба берун баровардаанд. Бино ба наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, оташнишонҳо дар ҷойи ҳодиса ҳастанд ва талош доранд, сӯхторро хомӯш кунанд. Сабаби сӯхтор ҳанӯз дақиқ нест.



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» правит миром, расшифровал «ДНК В.И.Ленина», отменяет налоги. И… отключает институты времени. Разгадка «научных теорий заговоров».


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Стало известно об отмене выступления Урганта на вечере памяти Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Не успели программисты сдать ГТО. Теперь УМО?


Карен Хачанов

Теннисист Хачанов вышел в третий круг "Мастерса" в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Президент России утвердил Основы государственной политики РФ в области исторического просвещения: комментарий экспертов Президентской академии в СЗФО



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России