Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Новости за 10.07.2020

Дар Тоҷикистон боз як нафари дигар аз коронавирус фавтидааст

Ozodi.org 

Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки дар Тоҷикистон як нафари дигар аз коронавируси нав фавтидааст ва шумори расмии ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир то 10-уми июл ба 55 нафар расид. Дар ҳафтаи равон ин дуюмин ҳодисаи фавти шаҳрвандон аз бемории COVID-19 мебошад. Ҳарчанд бархеҳо омори ғайрирасмиро аз ин бештар медонанд. Ба иттилои расмӣ аз 30-юми апрел то 10-уми июл коронавирус ба 6457 кас дар Тоҷикистон сироят кардааст. Мақомот мегӯянд, дар шабонарӯзи гузашта 47 ҳолати нави гирифторӣ сабт шудааст. ... Читать дальше...

"Гоҳ аз пули нафақа об мехарему гоҳ аз пули муҳоҷирон". Тобистони ёздаҳ деҳаи Эсанбой. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони 11 деҳаи ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ аз муҳимтарин васила барои зиндагӣ -- об маҳруманд. Онҳо мегӯянд, мушкили беобӣ маҷбурашон кардааст, қисме аз даромади моҳонаи худро барои харидани он харҷ кунанд.

«Гоҳ аз пули нафақа об мехарему гоҳ аз пули муҳоҷирон». Тобистони ёздаҳ деҳаи Эсанбой

Ozodi.org 

Сокинони 11 деҳаи ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ аз муҳимтарин васила барои зиндагӣ -- об маҳруманд. Онҳо мегӯянд, мушкили беобӣ маҷбурашон кардааст, қисме аз даромади моҳонаи худро барои харидани он харҷ кунанд.



Ширкате, ки Конор реклама мекунад: "Parimatch" шарики асосии тими "Локомотив Помир" шуд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Ширкати байналмилалии "Parimatch" шарики асосии тими "Локомотив Помир" шуд. Минбаъд, логотипи ин ширкат дар қисми пеши либоси бозингарони  "Локомотив Помир" ҷойгир карда мешавад ва бренди он дар тамоми фаъолияти маркетингии даста дарҷ хоҳад гашт

Шуриши бошандагони бузургтарин минтақаи карантини Узбекистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар минтақаи карантини "Уртасарой"-и вилояти Тошканди Узбекистон рӯзҳои 8-9 июл шуриш баргузор шуд. Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки афроде, ки ба карантини иҷборӣ гирифта шудаанд, чи гуна талоши кушодани дарвозаи оҳанинро доранд ва болои боми контейнерҳо баромада, талаби раҳоӣ мекунанд. Бархе аз бошандагони ин минтақа гуфтанд, бо вуҷуди 30 рӯз дар контейнерҳо нигаҳдорӣ шудан ҳанӯз ҳам онҳоро раҳо намекунанд. Бархе аз занон гуфтанд, аз 20 июн ба ин тараф дар карантин... Читать дальше...

Бештар аз сад коргари як корхона дар Узбекистон мубталои COVID-19 шуданд

Ozodi.org 

Миёни сохтмончиёни корхонаи истеҳсоли сӯзишвории маснуӣ ё синтетикӣ дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон 127 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустии Узбекистон хабар дод. Айни замон бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вабо миёни сохтмончиёни дигар чораҷӯӣ мешавад. Дар Узбекистон фаъолияти корхонаҳо ва ширкатҳои бузург дар давраи вабои коронавирус манъ нашудааст. Коргарони чанде аз корхонаҳо гуфтанд, ки аз замон шуруъи густариши коронавирус онҳоро ба хонаҳояшон рухсат надода, дар дохили коргоҳ нигаҳ медоранд.



Туркия осорхонаи Аёсуфияро ба масҷид табдил дод

Ozodi.org 

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 10 июл бо имзои як фармон осорхонаи Аёсуфияро ба масҷид табдил дод. Имзои фармон пас аз он сурат гирифт, ки Додгоҳи Истанбул қарори ҳукумати ин кишварро, ки бар пояи он бинои қадимаи Аёсуфия дар соли 1934 ба осорхона табдил ёфта буд, бекор кард.

“Тоҷикистонро дӯст медоранд, Русияро эҳтиром мекунанд”

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки ин шабу рӯз садҳо шаҳрванди Тоҷикистон мехоҳанд, бо ҳар роҳе аз Русия ба ватан баргарданд, садҳо каси дигар нияти сафар аз Тоҷикистон ба Русияро доранд. Бархе аз онҳо аллакай шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, баъзеи дигар дар орзуи ба даст овардани ин санад ҳастанд. Чаро?

Пизишкони қирғизистонӣ барои мубориза бо коронавирус ба ватан баргаштанд

Ozodi.org 

Рӯзи 10-уми июл бо як парвози чартерӣ 192 қирғизистонӣ аз шаҳри Новосибири Русия ба ватанашон баргаштанд. Дар ин бора мақомоти Қирғизистон хабар доданд. Гуфта мешавад, ҳавопаймои мазкур занони ҳомила, кӯдакон ва солхӯрдагону донишҷӯёнро ба Қирғизистон овардааст. Бо ин парвоз ҳамзамон иддае аз пизишкон ва ҳамшираҳо низ ба Қирғизистон баргашта, тасмим доранд, ки дар мубориза бо вируси корона ба ҳамтоёни қирғизистониашон кӯмак расонанд. Пештар аз ин як гуруҳи дигари пизишкони ҳамшираҳои қирғизистонӣ... Читать дальше...

Қазоқистон авҷи "пневмонияи ношинос"-ро рад кард. Манбаи хабар сафорати Чин буд

Ozodi.org 

Вазорати беҳдошти Қазоқистон рӯзи 10 июл гуфт, ки хабари “дар бархе матбуоти чинӣ паҳншуда” дар бораи он ки дар кишвар ҳодисаҳои олудагӣ ба пневмонияи ношинос ва маргбортар назар ба коронавирус”  пайдо шудааст, ҳақиқат надорад. Дар асл хабари ошкор шудани “пневноманияи ношиносе” аввал дар сайти сафорати Чин дар Қазоқистон нашр шуд. Радиои Азаттиқ - бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар хабари сафорат шаҳрвандони Чин огоҳонида шуданд, ки дар Қазоқистон афзоиши бемории пневмония мушоҳида мешавад.... Читать дальше...

Вокунишҳо ба тасмими Русия. Ҳалли буҳрони демографӣ, ё тақвияти ҳузур? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки ин шабу рӯз садҳо шаҳрванди Тоҷикистон мехоҳанд, бо  ҳар роҳе аз Русия ба ватан баргарданд, садҳо каси дигар нияти  сафар аз  Тоҷикистон ба Русияро доранд. Бархе аз онҳо  аллакай  шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, баъзеи дигар дар орзуи ба даст овардани ин санад ҳастанд. Ахиран Русия низ қонуни нави тақдими шаҳрвандиашро ба хориҷиҳо тасдиқ кард. Бино бар он муҳлати баррасии ариза барои қабули шаҳрвандии Русия аз шаш моҳи пешина то ба се моҳ кӯтоҳ карда шуд.  Ҳамчунин, минбаъд аз онҳое... Читать дальше...

Эстакадаи дувум дар Душанбе боз шуд. "Мушкил дар хотираҳо мемонад". ВИДЕО

Ozodi.org 

Ифтитоҳи эстакадаи дуюм дар Душанбе садҳо сокини маҳаллаҳои ғарбии пойтахтро аз инзиво берун кард. Ин гуруҳи сокинон давоми чаҳор соли ахир бо сабаби баста будани роҳ маҷбур буданд, барои расидан ба маркази Душанбе аз роҳҳои канор истифода кунанд, ки харҷи онҳоро бештар мекард. Субҳи 10-уми июл Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳи писараш Рустами Эмомалӣ ва ҳамзамон шаҳрдори Душанбе роҳи сетабақаро ба истифода дод. Бозсозии қитъаи роҳи панҷкилометрӣ аз назди бемористони маъруф ба Қарияи боло то дарвозаи ғарбии Душанбе чаҳор сол идома дошт. Читать дальше...

Як рӯҳонии тоҷик дар Бишкек аз бемории COVID-19 даргузашт

Ozodi.org 

Домулло Мирзоалӣ, писари домулло Муҳаммадии қумсангирӣ субҳи имрӯз 10-уми июл дар Бишкек аз бемории COVID-19 фавтидаст. Дар ин бора наздикони домулло Мирзоалӣ ба Радио Озодӣ хабар доданд. Ба гуфтаи пайвандони рӯҳонӣ, Домулло Мирзоалӣ 25 рӯзи охир бо ташхиси коронавирус дар бемористон бистарӣ буд ва субҳи 10-уми июл дар синни 52-солагӣ аз дунё чашм пӯшид. Мирзоалӣ, писари домулло Муҳаммадии қумсангирӣ, яке аз уламои машҳури Тоҷикистон мебошад. Ба гуфти наздиконаш рӯҳонӣ чанд моҳи пеш ба Бишкек омада... Читать дальше...

Номаи пеш аз марги шаҳрдори Сеул: "Маро бубахшед"

Ozodi.org 

Дар Кореяи Ҷануби ҷасади шаҳрдори Сеул ва як номзади калидии интихоботи баъдӣ ошкор шуд. Баъди он ки нисбати Парк Вон-Су дар робита бо гумони озори ҷинсии як ҳамкораш таҳқиқи ҷиноӣ шурӯъ шуд ва духтараш дирӯз дар бораи нопадидшавии падар ба полис хабар дод, ҷасади ӯ дар канораҳои шаҳри Сеул пайдо шуд. Дар ҷасад нишонаҳои марги маҷбурӣ дида намешавад. Эҳтимолан шаҳрдори Сеул худкушӣ кардааст. Рӯзи чоршанбе аз болои ин мақдомдори 64-сола собиқ котибааш шикояти расмӣ кард, ки мавриди озори ҷинсии раҳбараш қарор гирифтааст. Читать дальше...

HRW аз Русия хост, ки иттиҳоми журналистони боздоштшуда бекор шавад

Ozodi.org 

Human Rights Watch аз Русия хост, ки иттиҳоми даҳҳо журналисти русро, ки барои ширкат дар намоиши эътирозии сулҳомез дар муқобили муҷозоти ҷарима ваё ҳабс қарор доранд, бекор кунад. Ин созмон дар изҳороти рӯзи 10 июлаш тақозо кард, ки иттиҳоми зидди эътирозгарон ва журналистон ва ҳам таъқиби онҳо барои озодии баён ва ширкат дар ҷамъомадҳои сулҳомез бардошта шавад. Дамелия Айтхожина, муҳаққиқи HRW гуфт, ки “дар Русия давоми солҳои зиёд журналистони мустақил таҳти ҳамла буданд ва ҳоло бо таъқибҳои... Читать дальше...

Сироятшиноси амрикоӣ: кишвар дар марҳилаи бисёр душвор қарор дорад

Ozodi.org 

Сироятшиноси аршади ИМА гуфт, ин кишвар дар як марҳилаи бисёр душвор ва чолишбарангези мубориза бо коронавирус қарор дорад ва дар 24 соати гузашта шумори рекордии нави олудашавиву марг бар асари вируси нав, яъне 1000 нафар - ба қайд гирифта шуд. Энтони Фаучи, раиси Пажӯҳишгоҳи миллии бемориҳои сироятии ИМА гуфт, ки афзоиши ҳодисаҳои  олудагиву марг баъди он мушоҳида мешавад, ки биёр тиҷоратҳо боз ва муқаррароти хонашинӣ сабуктар шуд. Беморхонаҳо пур аз муштарӣ буда бисёр иёлот дубора ба маҳдуд кардани тадбирҳо рӯ оварданд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Булат Окуджава

Ивана Урганта исключили из программы концерта памяти Булата Окуджавы





Rss.plus
Динамо

"Динамо" вышло на первое место в РПЛ за два тура до финиша




Очень хитрую схему придумали мошенники для кражи аккаунтов соцсетей у россиян

Прекрасная Айшат Кадырова: кто она, старшая дочь главы Чечни?

Артисты театра «Ленком Марка Захарова» выступят в военном госпитале им. Вишневского

В Кирове росгвардейцы присоединились к всероссийской патриотической акции "Окна Победы"




Чин гуфт, ба таҳримҳои ИМА посухи мутақобила хоҳад дод

Ozodi.org 

Чин гуфт, барои таҳрим шудани мақомоти чинӣ аз ҷониби Вашингтон бар асоси парвандаи озори “даҳшатнок ва доимии” ҳуқуқи уйғурҳову дигар гурӯҳҳои мусалмонон дар вилояти ғарбии Шинҷон, тадбирҳои мутақобила роҳандозӣ мекунад.  Вазорати хориҷаи Чин рӯзи 10 июл гуфт, ки “иқдомҳои ИМА мудохилаи ҷиддӣ ба  умури дохилии Чин аст ва меъёрҳои бунёдии равобити байналмилалиро ҷиддан нақз мекунад ва равобити Чину ИМА-ро ҷиддан осеб мерасонад”. Вазорат нагуфт, ки тадбирҳои мутақобила аз чӣ иборат мешавад. Таҳримҳои ИМА дар шароите ҷорӣ мешавад... Читать дальше...

Фургал гуфт, аз рӯи иттиҳоми куштор худро бегуноҳ меҳисобад

Ozodi.org 

Сергей Фургал, раиси боздоштшудаи вилояти Хабаровски Русия гуфтааст, аз рӯи иттиҳоми талоши куштор ва амри куштори чанд соҳибкор худро бегуноҳ меҳисобад. Алексей Мелников, як раҳбари Комиссиюни ҷамъиятии назорати ҳуқуқи башари Русия  рӯзи 10 июл ба РБК гуфт, дар боздоштгоҳ бо Фургал дидор кард ва ӯву дигар боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки аз рӯи ин парванда худро гунаҳгор намеҳисобанд ва мегӯянд, ки ҳеҷ касе онҳоро барои эътирофи гуноҳ маҷбур намекунад. Фургал узви ҳизби ЛДПР-и Владимир Жириновский дар... Читать дальше...

HRW ба мақомоти тоҷик: Асрориддин Розиқов озод шавад

Ozodi.org 

Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch аз Тоҷикистон хост, ки “Асрориддин Розиқов билофосила аз боздошт озод шавад” ва дар заминаи боздошти “худсарона таҳқиқот анҷом шуда, масъулон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”. Изҳороти созмони байналмилалӣ рӯзи 10 июл дар вебсайти он нашр шуд. Асрориддин Розиқови 38-сола писари узви собиқи раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ  Зубайдуллоҳи Розиқ аст, ки ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст.  Ба иддаои наздикон,  Асрориддин Розиқов то замони боздошти... Читать дальше...

Сарбози тоҷикро барои талоши фирор аз хидмат ду сол зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе сарбози қаторӣ Отабек Иброҳимовро барои саркашӣ аз адои хизмати ҳатмӣ 2 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Вокуниши Иброҳимов ва наздикони ӯ маълум нест. Вале дар гузашта ҳомиёни ҳуқуқ гуфтаанд, шароити сангин ва "дедовшина" боис мешавад, ки ҷавонон аз артиш фирор кунанд. Мақомот мегӯянд, Отабек Иброҳимов 12-уми ноябри соли 2019 ба сафи артиш даъват шуда буд. Ӯ дар қисми ҳарбии Агентии таъминоти амволи махсус хизмат мекард, ки вазифааш таъмини артиш бо маҳсулоти кишоварзӣ аст. Читать дальше...

Помпео дар посух ба як мақоми СММ аз куштори Сулаймонӣ ҳимоят кард

Ozodi.org 

Майк Помпео, котиби давлатии ИМА аз  тасмими куштори фармондеҳи калони низомии эронӣ Қосими Сулаймонӣ дар Ироқ дар моҳи январи имсол бо истифода аз дронро ҳимоят кард, дар ҳоле, ки як мутахассиси СММ ин амалро “ғайриқонунӣ” номидааст. Помпео дар изҳороти рӯзи 9 июлаш хулосаҳои Агнес Каламард, гузоришгари вижаи СММ  оид ба қатлҳои ғайридодгоҳӣ ва худсаронаро “ғайривоқеӣ” номид.  Ӯ гуфт, ки амалҳои ИМА дар робита бо ҳамла бар асоси меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ “шаффоф” буд ва ба номаи ирсолшуда ба номи Шӯрои амнияти СММ  ишора кард... Читать дальше...

Посухи радди ВКД. Мақомот гуфтанд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳимояи давлатӣ эҳтиёҷ надорад

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба дархост дар бораи зери ҳимояи давлатӣ гирифтани Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори ҷавони тоҷик посухи рад додааст. Вакили дифоъ аз ВКД хост Абдуллоҳ Ғурбатиро, ки ду маротиба мавриди ҳамла қарор гирифт, зери ҳимояти давлатӣ гирифта шавад.



Москва

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин объявил о начале сборки «Москвича» по технологии полного цикла



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Бато Багдаев

Дети из Узбекского землячества Бурятии увидели театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Заммэра Москвы Ефимов: набережная в Южном порту увеличится в 1,5 раза

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице


WTA

Потапова проиграла Остапенко во втором круге турнира WTA 1000



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

ХIХ Всероссийский форум «Здоровье нации» пройдет в Москве



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России