Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Новости за 14.07.2020

Сабти 48 ҳолати нави гирифторӣ ба СOVID-19 дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Шумораи умумии фавтидагон ба асари COVID-19 дар Тоҷикистон ба 56 нафар расид. Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистони шомгоҳи 14 июл иттилоъ дод, ки шабонарузи гузашта дар кишвар 48 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, як нафар фавтидааст. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки аз 30 апрел то кунун 6643 нафар дар кишвар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 5332 ё 80% мубталоён шифо ёфтанд. Ба иттилои ин вазорат, шабонарӯзи гузашта 178 нафар гумонбарон зери муроқибати пизишкон қарор дошта, 54 нафар баъд аз муолиҷа рухсат дода шуданд. Читать дальше...

Пажӯҳиши БҶ: "41% хонаводаҳо дар Тоҷикистон моҳи май масрафи ғизоро кам карданд"

Ozodi.org 

Беш аз 41 дарсади хонаводаҳо дар як тадқиқоти Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки масрафи ғизоро дар моҳи майи 2020 кам кардаанд. Дар нашри нави тадқиқоти "Садои Тоҷикистон", ки онро дафтари Бонки ҷаҳонӣ барои санҷиши вазъи некуаҳволии хонаводаҳо мунтазам доир мекунад, гуфта мешавад, 41 дарсади пурсидашудаҳо аз кам кардани истеъмоли хӯрокворӣ дар моҳи майи 2020 хабар доданд. Ин ҳолат дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 24 дарсад бештар будааст. Муаллифони ин тадқиқот навиштаанд, амнияти... Читать дальше...

Пешсафии “Зебо” ва “Хатлон” дар қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона

Ozodi.org 

Даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона натиҷагирӣ шуд. Дар мавсими имсола даҳ  даста  барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад. Дар бозии марказии даври севум қаҳрамони феълии кишвар – “Хатлон”-и Бохтар - дар меҳмонӣ «Бешкент»-и Носири Хусравро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. “Зебонисо”-и Душанбе “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 14:0 шикаст дод. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба дарвозаи “Ҳосилот”-и Фархор шаш голи беҷавоб зад. “Зебо”-и Дӯстӣ дар меҳмонӣ “Барқ”-и Норакро бо ҳисоби 5:0 мағлуб сохт. Читать дальше...



Нархи сӯзишворӣ дар ҷаҳон поин меравад, дар Тоҷикистон боло. Чаро? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар шароити бӯҳрони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон нархи гази моеъ боло рафт ва дар муқоиса бо ду ҳафтаи пеш арзишаш тақрибан ду маротиба бештар шуд. Дар Тоҷикистон беш аз 90 дарсади воситаҳои нақлиёт гази моеъро истифода мекунанд.  Агар ду ҳафта қабл як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 2 сомониву 50 дирам сар мешуд, ҳоло нархи ҳамин миқдор гази моеъ чаҳор сомонӣ шудааст. Рӯзи 13-уми июл дар нишасти матбуотии Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон аз Шодӣ Шоимзода, муовини вазир пурсида шуд... Читать дальше...

Дар Эрон ҳукми марги марди муттаҳам ба ҳамкорӣ бо CIA иҷро шуд

Ozodi.org 

Мақомоти низоми адлияи Эрон гуфтанд, ки ҳукми қатли собиқ корманди вазорати дифоъ, ки барои фурӯши иттилоъ ба Оҷонсии марказии истихбороти ИМА (CIA) айбдор дониста мешуд, иҷро гардид. Сухангӯи ин сохтор Ғуломҳусейн Исмоилӣ рӯзи 14 июл гуфт, ки Ризо Асғарӣ давоми солҳои гузашта, замоне, ки барои вазорати дифоъ кор мекард, бо CIA дар тамос буд. Исмоилӣ гуфт, ки ҳукми марги Асғарӣ ҳафтаи гузашта иҷро шуд. Асғарӣ дар раёсати ҳавонавардии вазорати дифоъ кор мекард ва чор соли пеш ба нафақа баромад. Ҷудо аз ин... Читать дальше...



Президенти Косово ба саволҳои додситонҳои Гаага дар бораи ҷиноятҳои ҷангӣ посух дод

Ozodi.org 

Президенти Косово Ҳошим Тачӣ дар шаҳри Гаага ба саволҳои додситонҳои дар заминаи ҷиноятҳои даврони ҷанг посух дод. Рӯзи 24 июн Шӯрои коршиносони Косово гуфт, ки Тачӣ ва чанд чеҳраи саршиноси дигари ин кишвар дар содир кардани ҷиноятҳои ҷиддӣ гумонбар шуданд, аз ҷумла, «тахминан 100 куштор»,  нопадидшавиҳои маҷбурӣ ва шиканҷа. Тачӣ як фармондеҳи Артиши озодихоҳи Косово буд, ки солҳои 1990-ум барои ҷудо шудан аз Сербия ҷанг кардааст. Тачӣ рӯзи 13 июл давоми тахминан шаш соат ба саволҳои додситонҳо посух дод. Читать дальше...

Наргис Муҳаммадии зиндонӣ: нишонаҳои коронавирусро дорам

Ozodi.org 

Наргис Муҳаммадӣ, як фаъоли зиндонии ҳуқуқи башари Эрон гуфт, ки нишонаҳои вируси COVID-19-ро дорад, ки аз сурфаи шадид, заъфи бадан, дарунрав, аз даст додани тавони бӯйкашӣ иборат аст, вале то ҳол мақомот аз фош кардани натиҷаҳои тести озмоишии ӯ худдорӣ мекунанд. Муҳаммадӣ дар номае, ки аз дохили зиндон навиштаву рӯзи 13 июл дар интернет ба чоп расидааст, гуфтааст, ки ҳамроҳ бо ӯ 11 зани дигари ҳамутоқаш дар зиндони Занҷон, 330-километрии ғарби Теҳрон, эҳтимолан аз коронавирус азият мешаванд. Муҳаммадӣ... Читать дальше...

Толибон масъулияти ҳамлаи Самангонро бар дӯш гирифтанд

Ozodi.org 

Дар як ҳамлаи азими Толибон ба дафтарҳои сохторҳои интизомии Афғонистон дастикам 11 корманди амниятӣ кушта ва даҳҳо нафар, асосан сокинони мулкӣ маҷрӯҳ шуданд. Гурӯҳи ҷангҷӯён дар даромадгоҳи Раёсати амнияти миллии  маркази вилояти Самангон – шаҳри Айбак рӯзи 13 июл мошинеро бо истифода аз бомба тарконда баъдан ба дохили бино юриш карданд. Волии Самангон Абдулатиф Иброҳимӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯёрӯии чандинсоата  бо марги чор ҳамлагар даргузашт. Иброҳимӣ гуфт, ки ҳамаи 11 корманди ҳукумат, ки кушта шуданд... Читать дальше...

Маскав: патрули Русияву Туркия дар Сурия дар бомбае таркид

Ozodi.org 

Вазорати дифои Русия рӯзи 14 июл гуфт, ки як бомбаи сарироҳии аз ҷониби ҷангҷӯён дар Сурия ҷойгузоришуда партули муштараки Русияву Туркияро ҳадаф қарор дод. Дар натиҷа, се сарбози рус маҷрӯҳ шудааст. Тибқи гузоришҳо, дар ин таркиш инчунин чанд сарбози турк маҷрӯҳ шудааст. Таркиш дар қисматҳои ҷанубии минтақаи Идлиби таҳти назари шӯришиён дар шимолушарқи Сурия рух дод. Ин минтақаро шоҳҳоҳи М4-и стратегӣ меноманд, ки Ҳалабро бо Лазақия  дар соҳилҳои баҳри Миёназамин пайваст мекунад.  Дар паи чандин... Читать дальше...

ИМА даъвоҳои Чин барои баҳри Ҷанубии чиниро рад кард

Ozodi.org 

ИМА даъвои Чинро дар бораи ин ки аксари бахши баҳри Ҷанубии чинӣ ба Пекин марбут аст, рад намуд. Ин иддао, ки дар ҳамовозӣ бо кишварҳои соҳилии Осиёи Ҷанубушарқӣ карда шудааст, таниши то ҳол эҷодшударо боз ҳам пуршиддат мекунад. Дар як номае ҳамчун мавқеи расмии Вашингтон котиби давлатӣ Майк Помпео рӯзи 13 июл гуфт, ки ИМА талош дорад хеле рӯшан бифаҳмонад, ки ин иддао “комилан ғайриқонунӣ буда, ин як маъракаи зӯргӯӣ ба хотири назорати онҳо мебошад”. Давоми муддати тӯлонӣ ИМА иддаоҳои арзии Чинро... Читать дальше...

СҶТ: "Кишварҳо дар масири ғалати мубориза бо коронавирус қарор доранд"

Ozodi.org 

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) мегӯяд, вазъи марбут ба бемории фарогири коронавирус "бадтару бадтар" хоҳад шуд. Мудири кулли СҶТ Тедрос Гебрейесус гуфт, "теъдоди зиёди кишварҳо ба самту нодуруст рафтанд". Теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ дар кишварҳое меафзояд, ки тадбирҳои муқобиларо бо коронавирус ё ҷорӣ накарданд ва ё риоя". Дар ҳоли ҳозир Амрикои Марказиву Ҷанубӣ душвортарин вазъиятро доранд. Дар ИМА, ки 3,3 млн ҳолати гирифторӣ сабт шудааст, муносибатҳои байни коршиносони соҳаи тиб ва президенти кишвар Доналд Трамп шиддат гирифтааст. Читать дальше...

Дар Узбекистон мумкин аст, карантин баъди 1 август низ тамдид шавад

Ozodi.org 

"Дар Узбекистон мумкин аст, карантин баъди 1 август ҳам тамдид шавад", -гуфт Баҳодур Юсупалиев, муовини вазири тандурустии он кишвар дар суҳбат бо расонаҳо. "Мо чораҳои карантинро то 1 август тамдид кардем. Ин ба он вобаста аст, ки давраи пӯшидаи гирифторӣ ба коронавирус то 14 рӯз давом мекунад", - гуфт Юсупалиев. Вале вай афзуд, дар сурати афзоиши теъдоди беморон ва маргу мир аз коронавирус, тадбирҳои карантин мумкин аст, баъди 1 август низ тамдид шаванд. "Танҳо дар як ҳафтаи охир шумори мубталоёни вируси корона 3 ҳазор афзуд... Читать дальше...

Дар Турманистон тавассути балангӯ мардумро ба пӯшидани ниқоб даъват мекунанд

Ozodi.org 

Вазорати тундурустӣ ва саноати тиббии Туркманистон ба сокинони ин кишвар тавсия дод, ки ба далели "гарду ғуборолуд будани ҳаво", сар аз 13 июл ниқоб пӯшанд ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд. Вазорат мегӯяд, аз меъёр бештар будани гард "ба сиҳатии одам, пеш аз ҳама низоми нафасгирӣ зиён дорад". Ба шаҳрвандон ҳамзамон тавсия мешавад, ки "дар фосилаи на камтар аз 1 метр аз ҳамдигар қарор гиранд" ва тозагиро риоя кунанд. Ба гуфтаи вазорат, нӯшидан оби ях ва зери ҳавополо низ қарор қарор гирифтан тавсия дода намешавад... Читать дальше...


Музыкальные новости
Джиган

Модель Оксана Самойлова и рэпер Джиган снялись в туристическом аббатстве во Франции





Rss.plus
Театр

Госцирк Бурятии возглавил Тудуп Батуев: Театр и цирк, Культура, Россия




Финны одобрили закон о беженцах на границе с Россией

«Балтика» — в финале Кубка России! «Спартак» обнулил все достижения Слишковича

Диана Арбенина и «Ночные Снайперы» станут хедлайнерами GARAGE FEST Игора Драйв

Станислав Кондрашов Telf AG: компания SSAB из Швеции разрабатывает экологически чистый мини-завод в Лулео




Юсуф Раҳмон дар бораи истирдоди Шовализода: "Қарори додгоҳи Австрия инҷо амал намекунад"

Ozodi.org 

Додситони кулли Тоҷикистон қарори додгоҳи Австрияро, ки истирдоди як паноҳҷуи тоҷикро ғайриқонунӣ номид, "кори дохилии онҳо" гуфт ва афзуд, он дар Тоҷикистон амал намекунад. Ҳафтаи пеш Додгоҳи федероли Австрия ихроҷи паноҳҷӯи 29-солаи тоҷик Ҳизбуллоҳ Шовализодаро аз Вена ба Душанбе "ғайриқонунӣ" дониста, ба барқарор кардани ҳаққи вуруди ӯ ба ин кишвари аврупоӣ ҳукм баровардааст. Ҳизбуллоҳ Шовализода 4-уми марти имсол аз Австрия истирдод шуд ва 12-уми июн дар Тоҷикистон ба бист соли зиндон маҳкум гардид. Читать дальше...

Фавти 6063 кас дар Суғд дар 6 моҳ. "Марги ҳеҷ яке аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст"

Ozodi.org 

Дар шаш моҳи аввали соли равон беш аз 6 ҳазор сокини Суғд вафот кардааст. Вале мақомот мегӯянд, ки фавти ягон нафари онҳо аз бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Ин маълумотро масъулони Шуъбаи раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд рӯзи 14-уми уми июл зимни нишасти хабарӣ эълон карданд. Фараҳманд Нарзизода, як масъули ин ниҳод гуфт, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 6 ҳазору 63 сокини Суғд фавтиданд, ки назар ба соли пеш 285 нафар зиёд аст. Ӯ дар посухи ба ин суол, ки бемории ҳамагири... Читать дальше...

Ҳафт муттаҳами ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" аз 2 то 27 сол ба зиндон маҳкум шуданд

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳафт нафар аз муттаҳамони ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод" дар наздикиҳои марзи Тоҷикистону Узбекистонро аз 2 то 27 сол равонаи зиндон кардааст. Ҳамаи ин афрод дар пайи ин ҳамла боздошт шуда буданд.​ Икром Зоирзода, сарпрокурори ҳарбӣ рӯзи 14-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи маҳкумшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Оқои Зоирзода замони дақиқи эълони ин ҳукмро нагуфт. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи феврал гуфта буд... Читать дальше...

Додситонӣ мегӯяд, тафтиши парвандаи Хӯҷа-Командир идома дорад

Ozodi.org 

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи ҷиноӣ дар нисбати Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), фармондеҳи пешини Фронти халқӣ дар ҳоли баррасӣ буда, баъд аз анҷоми тафтиш ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод хабар дод. Мақомоти интизомии кишвар моҳи феврали имсол гуфтанд, ки бар зидди Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, парванда кушодаанд. Назари пайвандон ва вакили мудофеаш маълум нест. Читать дальше...

Додситонӣ: "Шаҳрдори пешини Кӯлоб барои ҷиноятҳои марбут ба замин боздошт шуд"

Ozodi.org 

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб барои "маҳз дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории замин",  ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. "Парвандаи собиқ шаҳрдори Кулоб дар баррасӣ аст"-гуфт Юсуф Раҳмон рӯзи 14-уми июл зимни нишасти хабарӣ. Мақомоти амниятии Тоҷикистон Баҳром Иноятзодаро авоили моҳи гузашта бо гумони "фасодкорӣ" дастгир карданд. Рӯзи 8-уми июн Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълон кард, ки маъмуронаш Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми "фасодкорӣ" дастгир карданд. Читать дальше...

Вазорати энержӣ: "Маҳали бунёди ду нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшон ҳанӯз муайян нашудааст"

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ҳанӯз маҳали бунёди ду нерӯгоҳ, ки бояд аз аз ҷониби Узбекистон дар рудхонаи Зарафшон сохта шаванд, муайян нашудааст.  Шодӣ Шоимзода, муовини вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 13-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки оё маҳалли сохтмони ду нерӯгоҳ дар болои рӯдхонаи Зарафшон аз ҷониби Узбекистон муайян шудааст ё не, гуфт, ки "ҳанӯз гурӯҳи кории ду кишвар ба хулосаи ниҳоӣ дар ин замина муваффақ нашудаанд". Ҳарчанд, қаблан... Читать дальше...



Москва

Национальный конгресс по регенеративной медицине впервые пройдет в Санкт-Петербурге: ученые и врачи обсудят достижения и перспективы развития регенеративной биомедицины


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Мэр Собянин показал готовый экземпляр нового кроссовера "Москвич 8"



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Shaman

Shaman спел хит «Я русский» посреди улицы в Рязани




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?


WTA

Виктория Азаренко пробилась в четвертьфинал турнира WTA в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Жизнь

В Армении прошел крупнейший на постсоветском пространстве «Бессмертный полк». Видео. Фоторяд



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России