Ёдгор Файзов аз бекорӣ ва пешвози бе дабдабаи президент дар Бадахшон гуфт
Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, шумори воқеии бекорон дар ин минтақа 16 ҳазор нафар аст, вале дар омори расмӣ беш аз 4 ҳазор нафарро дарҷ кардаанд.
Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, шумори воқеии бекорон дар ин минтақа 16 ҳазор нафар аст, вале дар омори расмӣ беш аз 4 ҳазор нафарро дарҷ кардаанд.
Ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон ва Узбекистон, дар гузаргоҳи "Жибек Жоли" дармонда буданд, шаби 29-уми июл марзро гузашта, ба сарҳади кишвар расидаанд.
Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, "Фароз", ширкати мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели имсол фаъолияташро расман қатъ кардааст.
UNICEF ё Бунёди атфоли СММ ба Тоҷикистон баарои муқобила бо коронавирус дар ҳаҷми 8 тонна ёрии башарӣ тақдим намуд. Ин ёриҳо ба вазорати беҳдошти Тоҷикистон дода шуд. Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки ин даври сеюми ёриҳои Итииҳоди Аврупо ба Тоҷикистон аст, ки бо кӯмаки UNICEF тақсим мешавад. Дар дохили ин кӯмакҳо маводи ҳимояти беҳдоштӣ аз олудашавӣ ба коронавирус мебошад, ки барои табибону кормандони тиб нигаронида шудааст. Кӯмакҳо ба муассисаҳои беҳдоштии саросари кишвар тақсим мешаванд. Ин ёриҳо бахше аз 64 тонна борест... Читать дальше...
Мақомоти Оҷонси омори Тоҷикистон гуфтанд, ки мизони фавти одамон дар ним соли гузашта, дар замони пандемияи коронавируси нав, бештар шудааст, вале фавт ба бемории COVID-19 рабт надорад.
Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе мавзӯи эҳтимоли таъхир дар интихоботи президентии моҳи ноябрро матраҳ кард, ҳарчад санаи баргузории интихобот дар конститутсияи ИМА мушаххас шудааст. Хабаргузории Ройтерс менависад, Трамп, бидуни овардани далел, бо зикри ин ки овоздиҳӣ метвонад бо тақаллуб гузарад, мавзӯи дар таърихи дигар барпо шудани интихоботро матраҳ кард ва навишт: “интихоботро то замони овоздиҳии дуруст, амн ва безарари мардум ба таъхир гузорем???” Бархе иёлот дар Амрико ҷараёни овоздиҳии соддатари фосилавиро ҷорӣ карданд... Читать дальше...
Мақомоти Оҷонсии омори Тоҷикистон гуфтанд, ки мизони маргу мир дар ним соли гузашта бештар шудааст, вале фавт ба бемории COVID 19 рабте надорад. Намояндагони оҷонсӣ дар ин бора рӯзи 30-уми июл дар як нишасти хабарӣ суҳбат карданд ва хабарнигорони мо ҳам онҷо буданд.
Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфтааст, ҳеҷ гоҳ бо роҳбари Русия Владимир Путин дар бораи гузоришҳои расонаҳо, ки Маскав ба Толибон барои куштани сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон пул пардохт кардааст, суҳбат надоштааст. Трамп рӯзи 28-уми июл дар мусоҳибае бо вебсайти хабарии Axios гуфт: "Ман ҳеҷ гоҳ бо ӯ дар ин бора баҳс накардаам". Трамп борҳо гуфтааст, ки то чоп шудани гузоришҳо дар моҳи июн дар бораи подошҳои эҳтимолии Русия, ба ӯ маълумоте нарасидааст. Вай ин гузоришҳоро хабарҳои дурӯғ номидааст. Читать дальше...
Мансабдорони Узбекистон дар оғози паҳншавии бемории ҳамагир дар бораи муваффақиятҳои худ барои муқобила бо он хабар медоданд, вале шикояти сокинони Узбекистон дар ҳафтаҳои ахир аз вазъи хеле бад дар шифохонаву минтақаҳои карантинӣ ин ҳамаро зери суол гузоштааст.
Вазорати молияи Тоҷикистон эълон кард, ки аз моҳи сентябр маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ 15 дарсад боло бурда мешавад. Маоши миёна дар Тоҷикистон андаке беш аз 1300 сомонӣ сомонӣ муодили 130 доллари амрикоӣ аст. Сокинон мегӯянд афзоши 15 дарсадии маошҳо ночиз аст.
Насиба (номаш иваз шудааст) як сол пеш дар 17-солагӣ бо иҷозаи додгоҳ издивоҷ кард ва се моҳ қабл фарзанди нахустини худро ба дунё овард. Дар ҳоле ки ӯ модар шудаву ба тарбияи тифл оғоз кардааст, ҳамсолонаш ин шабурӯз барои шомил шудан ба донишгоҳ ва шурӯи соли нави таҳсил омодагӣ мегиранд.
Барои тамошои Олимпиада дар соли 1980 аз тамоми гӯшаю канори Иттиҳоди Шӯравӣ меҳмонон омада буданд ва ҳар яки онҳо бо худ хотираҳои гуворое бурданд
Дар Узбекистон 234 ҳолати мубталошавии занони ҳомила ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Вероника Тсапкала, ҳамсари як муддаии курсии президентӣ дар Беларус Валерий Тсапкала, ки ҳамроҳ бо фарзандонаш бо далелҳои амниятӣ аз кишвар берун рафтааст, гуфт, ки хоҳари ӯро афроди ношинос рабуданд. Вероника Тсапкала дар Беларус монда, ба номзади мухолифин Светлана Тихановская дар пешбурди маъракаи интихоботӣ кӯмак мекунад. Ӯ рӯзи 30 июл гуфт, ки афроди ношиносе бо либосҳои мулкӣ хоҳарашро аз як боғе дар Минск дуздида ба макони номаълум бурданд. Ӯ гуфт, ки маҳалли будубоши хоҳараш барои ӯ маълум нест. Читать дальше...
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» моҳи сентябр дар меҳмонӣ ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар 3-юми сентябр дар Варзишгоҳи миллии Тошканд бо мунтахаби Узбекистон ва 6-уми сентябр дар Дубай бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона баргузор мекунад. Ёдовар мешавем, барои мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи... Читать дальше...
ИМА дар як тасмими наваш қарор кард, ки тахминан 12 ҳазор нирӯро аз Олмон берун оварда онҳоро дар ҳудудҳои Белгия ва Итолиё ҷойгир мекунанд. Пентагон гуфт, ки ин як тағйироти стратегӣ дар қиболи Русия мебошад. Вазири дифои ИМА Марк Эспер рӯзи 29 июл гуфт, ки тағйири мавқеъ барои тақвияти НАТО мусоидат карда тадбирҳои боздорандаи Русияро тақвият медиҳад. Аз миёни 34,500 низомии амрикоӣ дар Олмон тахминан 6400 нафарашон ба хона бармегардад ва 5600 нафарашон ба кишварҳои дигари НАТО фиристода хоҳанд шуд. Читать дальше...
Як таҳқиқоти дусолаи конгресси ИМА собит кард, ки ду олигархи рус - бародарон Аркадий ва Борис Ротенбергҳо бо истифода аз музоядаҳои фурӯши осори ҳунарӣ аз таҳримҳои амрикоӣ фирор кардаанд. Ин ду миллиардери наздик ба президенти Русия Владимир Путин аз соли 2014 инҷониб таҳти таҳримҳои ИМА қарор доранд. Ба онҳо муомилаҳои молӣ бо ширкатҳои амрикоӣ манъ аст. Вале ба иттилои Сенат, се ширкати тақаллубии марбут ба бародарон Ротенбергҳо дар ИМА аз тоҷирони инфиродиву музоядаҳои расмӣ бо маблағи 18 миллион доллар осори ҳунарӣ харидаанд. Читать дальше...
Се ҳафта инҷониб дар тамоми шаҳрҳои Булғористон ҳазорҳо нафар бо талаби истеъфои ҳукумат ва додситони кулл эътироз мекунанд. Рӯзи 29 июл эътирозгарон чандин шоҳроҳро ба самти пойтахт, шаҳри София масдуд карда давоми соатҳои тӯлонӣ пеши роҳи ҳаракати мошинҳоро гирифтанд. Бо ҳаёҳуву ҳуштаккашӣ эътирозгарон ба истеъфои нахуствазир Бойко Борисов даъват карда гуфтанд, ки ӯ ба мафия рабт дошта, даст ба фасод мезанад. Норизоият аз додситонии кулл аз он ҷост, ки мақомоти тафтишотӣ дар як рейде дафтари президенти кишвар Румен Радевро тафтиш карданд. Читать дальше...
Дар ИМА мақомот гуфтанд, ки дар як рӯзи гузашта дар ин кишвар 1267 нафар бар асари COVID-19 ҷон доданд ва ин дар ҳолест, ки ҳеҷ нишонае аз беҳтар шудани вазъ дар ҷануб ва ғарби кишвар ба назар намерасад. Шумори марги инсонҳо дар маҷмӯъ дар ИМА аз 150 ҳазор нафар гузашт. Дар се ҳафтаи ахир дар иёлоти Аризона, Калифорния, Флорида ва Техас афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад. Омори ИМА чоряки шумори умумии қурбониёни коронавирус дар сайёраро ташкил медиҳад, ки то 30 июл ба 665 ҳазор нафар расид. Читать дальше...
Сергей Равков, дабири шӯрои амнияти Беларус рӯзи 30 июл ба хабарнигорон дар Минск гуфт, ки дар нисбати шаҳрвандони боздоштшудаи Русия бар асоси моддаи "омодагӣ ба амалҳои террористӣ" парванда боз шудааст. Матбуоти давлатии Беларус ин нафаронро "ҷангҷӯёни гурӯҳи "Вагнер" ном мебаранд. Равков дар мулоқоте бо номзадҳои интихоботи президентӣ дар Кумитаи марказии интихоботи Беларус рӯзи панҷшанбе аз эҳтимоли "иғво" дар ҷараёни таҷаммӯъҳои мардуми зиёд огоҳ кард. Ин мулоқот ба таври изтирорӣ ташкил шуд. Читать дальше...
Дар Қирғизистон имрӯз, 30 июл Рӯзи мотами миллӣ бахшида ба ёди шаҳрвандоне аст, ки бар асари мубталошавӣ ба коронавирус ҷон бохтаанд. Дар саросари Қирғизистон бо шумули намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷ парчами ин кишвар поин бурда мешавад. Ба марказҳои фарҳангӣ ва телевизионҳо тавсия шудааст, ки дар ин рӯз барномаҳои фароғативу консертии худро қатъ кунанд. Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков паёмеро ба мардуми кишвараш ироа кард. "Мубориза барои ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони мо ҳанӯз ба поён нарасидааст. Читать дальше...
Ширкати мухобиротии Huawei аз ширкати Samsung пеш гузашт ва дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ бино ба афзоиши талаботи дохилӣ азимтарин фурӯшандаи смартфон ё телефонҳои ҳушманд шуд. Дар ин бора рӯзи 30 июл ширкати таҳқиқотии Canalys хабар дод ва гуфт, ки ширкати Huawei, ки бо таҳримҳои ИМА ва маҳдудиятҳои нав дар бозори беруна рӯбарӯ аст, 55,8 миллион дастгоҳро ба фурӯш бурдааст, моли содиротии Samsung-и Кореяи Ҷанубӣ 53,7 миллион адад будааст. Canalys гуфт, нахустин бор дар нӯҳ соли охир дар бозори мухобирот Samsung ё Apple аввал нашуданд. Читать дальше...
Дар ним соли гузашта дар Тоҷикистон 27 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардаанд ва аз ин ҳисоб, ба гуфтаи раиси Кумитаи андоз, ба буҷа 40 миллион сомонӣ ворид нашудааст.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) муҳлати Барномаи дастгирии молии варзишгаронро бо сабаби ба соли 2021 таҳвил додани Бозиҳои олимпии Токио-2020 як сол тамдид кард. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, КБО ба кумитаҳои миллии олимпӣ имконият дод, ки бо дарназардошти талаботи нав рӯйхати варзишгаронеро, ки роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд ё имкони гирифтани роҳхати олимпиро доранд, бозбинӣ намоянд. Рӯзи 29-уми июл дар ҷаласаи кумитаи... Читать дальше...
Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар пайи санҷиш ё аттестатсия даҳҳо кормандашро аз кор озод карда, гурӯҳеро ба вазифаҳои поинтар таъин кардааст.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости