Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Новости за 03.07.2020

Беш аз бист корманди тиб дар Хатлон аз "илтиҳоби шуш" фавтидаанд

Ozodi.org 

Ба дасти Радиои Озодӣ рӯйхатте расид, ки бино бар он дар ду моҳи ахир 24 корманди соҳаи тиб дар вилояти Хатлон фавтидаанд. Дар санадҳои расмӣ иллати марги онҳо "илтиҳоби шуш" дарҷ шудааст. Мақомоти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон тасдиқ карданд, ки омор дуруст аст.

Дар Тоҷикистон дар як рӯз 50 кас аз коронавирус бемор шудаанд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта 50 кас ба коронавируси нав гирифтор шудаанд. Шумори умумии беморон то 3-юми июл ба 6108 нафар расид. Мақомот мегӯянд, 4762 нафар ё тақрибан 78 дар сади беморон шифо ёфтаанд. Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел, замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон, то ин дам 52 кас ҷон бохтаанд. Дар тақрибан ду ҳафтаи ахир фавти беморони COVID-19 сабт нашудааст. Дар феҳрасти ғайрирасмӣ то нимаи дувуми моҳ июн номи беш аз 430... Читать дальше...

Жан Кастекс нахуствазири нави Фаронса шуд

Ozodi.org 

Жан Кастекс – собиқ муовини раиси маъмурияти президенти Фаронса ба мақоми нахуствазирӣ таъин шуд. Дар ин бора рӯзи 3 июл қасри президенти Фаронса  хабар дод. Вазифаи асосии Кастекс мусоидат ба кишвар дар берун шудан аз паёмадҳои коронавирус мешавад.  Рӯзи ҷумъа президент Эммануэл Макрон истеъфои ҳукумат ба раҳбарии нахуствазир Эдуард Филиппро қабул кард, ки аз соли 2017 дар ин вазифа кор кардааст.  Тағйироти мазкур пешгӯишаванда буд.  Худи Макрон, ки то анҷоми мӯҳлати президентиаш ду соли дигар мондааст... Читать дальше...



Рабаданов: барои муолиҷаи Абдулманап хостем ба раисҷумҳур муроҷиат кунем, аммо дер шуд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Дӯсти хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо, Рамазан Рабаданов дар шарҳи фавти падар ва мурабии Қаҳрамони UFC дар вазни сабук гуфт, ки "хостем ҳатто ба раисҷумҳур низ муроҷиат кунем, аммо аллакай дер шуд"

Конститутсияи навшдудаи Русия 4 июл ба ҳукми иҷро медарояд

Ozodi.org 

Конститутсияи навшудаи Русия, ки дар қатори дигар тағйирот ҳеҷ шудани мӯҳлати президентии Владимир Путин ва роҳи ӯ ба ду интихоботи дигарро боз мекунад, рӯзи 4 июл ба иҷро медарояд. Дар ин замина рӯзи 3 июл қарори нави Путин имзо шуд. Қабл аз ин Комиссиюни марказии интихоботҳои Русия натиҷаҳои ниҳоии референдумро бар асоси протоколи ниҳоӣ тасдиқ кард. Зери протокол ҳама аъзои комиссиюни интихоботӣ якдилона имзо гузоштанд. Бар асоси ин санад, ҳузури раъйдиҳандагон дар овоздиҳии 25 июн то 1 июл 68 дарсадро ташкил додааст. Читать дальше...

Роҳи мошингардро кӣ аз худ кардааст? Баҳси сокинони як кӯча дар Душанбе

Ozodi.org 

Дар яке аз маҳаллаҳои Душанбе,бастани роҳи мошингузар мояи баҳси ҳамсояҳо шудааст. Чанде аз онҳо шикоят мекунанд, ки як хонавода бинои хобгоҳро хусусӣ карда, барои рафтуомади дигарон роҳ нагузоштааст. Вале тарафи дигар мегӯяд, аз доираи қонун берун нарафтааст ва барои истифодаи замин ҳақ дорад.



"Нашъаи ҷиҳодиён"мусодира шуд

Ozodi.org 

Пулиси Италия 14 тон маводи мухадири синтетикиро мусодира кардааст ки эҳтимолан дар Сурия истеҳсол шудаву,барои маблағгузории гурӯҳҳои ифротгаро пешбинӣ шуда буд. Агар ин миқдори таблеткаи Каптагон истеъмолкунандгон мерасид, аз фурӯши он тақрибан 1 миллард евро ба даст меомад .

Муҳоҷирони тоҷикро имрӯз ба ватан бармегардонанд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз 650 тоҷикони дармонда дар марзи Узбекистону Қазоқистон ба ватан интиқол дода мешавад. Ба қавли ин вазорат тавофуқ барои иҷозаи убури автобусҳои транзитӣ бо Узбекистон ҳосил шудааст.

Падари Ҳабиб Нурмагомедов даргузашт

Ozodi.org 

Падари қаҳрамони бозиҳои якҳарбаи омехта Ҳабиб Нурмагомедов  - Абдулманап Нурмагомедов даргузашт. Дар ин бора дар саҳифаи худ дар Телеграм раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров хабар дод. Вебсайти хабарии Лента.ру менависад, ки Қодиров ба оилаи  варзишгари маъруф изҳори ҳамдардӣ кардааст. 15 апрели имсол расонаҳо хабар доданд, ки падари Нурмагомедов ба як беморхонаи Махачқалъа, пойтахти Доғистон бистарӣ шуд ва дертар бемории ӯро илтиҳоби шуш гуфтанд. "Известия" менависад, ки рӯзи 13 май маълум шуд,... Читать дальше...

15 акс аз марзи Қазоқистону Узбекистон. Тоҷикони бандмонда дар чӣ вазъанд?

Ozodi.org 

Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо умеди бозгашт ба ватан дар гузаргоҳи Жибек Жоли, сарҳади Қазоқистону Узбекистон ҷамъ шудаанд. Баъзе аз онҳо мегӯянд, дар вазъияти ногувор ҳастанд. Қаблан Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират гуруҳи бузурги муҳоҷиронро бо кумаки Амрикову Норвегия ба ватан оварда буд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 3-юми июл баргардондани 650 нафари дигар дар назар аст. Ин тасвирҳоро хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар марз гирифтааст.

Дар шаҳри Нурсултон муҷассамаи Нурсултон Назарбоев гузошта шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Нурсултон дар остонаи 80-умин зодрӯзи собиқ президент Нурсултон Назарбоев муҷассамаи ӯро ифтитоҳ карданд. Ҳайкали Назарбоев дар назди Донишгоҳи миллии мудофеаи Қазоқистон ба номи Нурсултон Назарбоев қомат афрохтааст. Дар фарҳанги башарӣ маъмулан муҷассамаҳову ҳайкалҳои сангиро баъди даргузашти инсон мегузоранд, вале дар Осиёи Марказӣ дар давраи раҳбарии президенти собиқ Сафармурод Ниёзов, ки дар Туркманистон низоми диктотурӣ ва кеши шахсият сохта буд,  дар давраи зиндагиш муҷассамаи ӯ дар маркази Ишқобод гузошта шуд. Читать дальше...

Тавофуқи Кобул, Ишқобод ва Боку барои густариши тиҷорат ва транзити молу коло

Ozodi.org 

Афғонистон, Туркманистон ва Озарбойҷон ба ҳадафи густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва боркашонӣ, ба ташкили як Кумитаи муштараки корӣ ба созиш расиданд. Ин кумита бо иштироки вазирони нақлиёт ва дигар мақомҳои ин се кишвар эҷод хоҳад шуд. Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ва Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон рӯзи панҷшанбеи 2-юми июл дар нишасти сеҷонибаи онлайнӣ ин масъаларо баҳсу баррасӣ карданд. Даҳлези транзитии маъруф ба "Роҳи лоҷувард" аз Туркманистон ва Озарбойҷон убур мекунад. Читать дальше...

Айбдоркунанда талаб дорад рӯзноманигор Прокопева ба 6 соли зиндон маҳкум шавад

Ozodi.org 

Ҷониби айбдоркунанда дар як додгоҳи Русия оид ба сафед кардани терроризм талаб кард, ки журналист Светлана Прокопева ба шаш соли зиндон маҳкум шавад.  Инчунин додситонӣ хостааст, ки Прокопева давоми чор сол аз ҳақи кор ба ҳайси рӯзноманигор маҳрум шавад. Мурофиа дар додгоҳи низомии шаҳри Псков ҷараён дорад. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин рӯзноманигор феврали соли 2019 боз шуд. Прокопеваро барои шарҳаш дар радиои "Эхо Москвы в Пскове" муҳокима мекунанд. Ӯ дар ин сӯҳбаташ дар бораи худкушии як мард дар... Читать дальше...

RT аз Навалний, Собол ва Znak.com 500 ҳазор рубл талаб кард

Ozodi.org 

Шабакаи телевизионии RT ба додгоҳ муроҷиат карда хостааст, ки  Алексей Навалний, Любов Собол ва вебсайти Znak.com барои нашри гузориш ва видео дар бораи дурӯғин будани омори маҳбубияти барномаҳои ин телевизион дар  шабакаи  YouTube дар ҳаҷми 500 ҳазор рубл ҷуброн пардохт кунанд.  Дар ин бора Znak.com бо такя ба аризаи RT хабар додааст. Шабакаи RT аз ин се ҷониб талаб кардааст, ки қарори додгоҳ дар бораи ғйривоқеӣ будани иттилоъро чоп карда, нашри видео  дар саросари Русия манъ шавад. Аз ҷумла, даъвогар хостааст... Читать дальше...

Ҳукумати Фаронса ба раҳбарии Эдуард Филипп ба истеъфо рафт

Ozodi.org 

Нахуствазири Фаронса Эдуард Филипп ба унвонии президент Эммануэл Макрон номаи истеъфои худ ва аъзои ҳукуматро ирсол намуд ва раиси ҷумҳурӣ ин аризаро қабул кард. То замони таъини аъзои нави ҳукумат ҳамин ҳайат корро идома медиҳад. Тағйироти мазкур пешгӯишаванда буд.  Худи Макрон, ки то анҷоми мӯҳлати президентиаш ду соли дигар мондааст, қаблан дар мусоҳиба бо «Радиои байналмилалии Фаронса» гуфт, ки «тими нав ташкил мешавад». Як сабабаш паёмадҳои пандемияи коронавирус мебошад. Бархе пешбиниҳо ин аст... Читать дальше...


Музыкальные новости
Бато Багдаев

Дети из Узбекского землячества Бурятии увидели театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура





Rss.plus
Александр Бастрыкин

Бастрыкин вмешался в расследование дела о нападении детей мигрантов на 7-летнего мальчика




Компания PIONEER приступила к монтажу архитектурного освещения фасадов МФК BOTANICA

Курьер похитил у 70-летнего кузбассовца 2 млн рублей, его задержали в Москве

У «Челбаскет» – новый тренер

Стало известно, как избежать рисков при покупке иномарки за границей




Баҳси интихоботи ояндаи Тоҷикистон дар "Озодӣ Онлайн"

Ozodi.org 

То интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон панҷ моҳи дигар мондааст, аммо на ягон ҳизб ва на шахсони алоҳида расман барои иштирок дар корзори сиёсӣ ибрози омодагӣ накардаанд. Маълум нест, пайомадҳои пандемияи коронавирус ба ин маъракаи сиёсӣ ҳам таъсире хоҳад дошт, ё не, вале даҳҳо нафар дар зери матлабе дар сомонаи Радиои Озодӣ ҳолу ҳавои пеш аз интихоботро ба баҳс кашидаанд ва номзадҳои эҳтимолиро ҳам гуфтаанд.

Гулсара Самадова: "Мехоҳам зиндагиямро аз нав созам, вале..." ВИДЕО

Ozodi.org 

Як зани 53-солаи тоҷик мегӯяд, бефарзандӣ азияташ медиҳад ва ба хотири он ки натавонист тифле ба дунё орад, аз ҳамсараш ҷудо ва дар байни хешу табор ангуштнамо шуд. Ҳоло ният дорад, аввал сарпаноҳ ёфта, сипас тифлеро ба фарзандхонӣ бигирад ва зиндагиашро аз нав созад.

Ҳинд гуфт, ки ба созиши хариди ҳавопаймоҳои ҷангии Русия омода шуд

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки таниши марзии Ҳинду Чин идома дорад, Деҳлӣ ба хариди 33 ҳавопаймои ҷангӣ ва навсозии 59 ҳавопаймои дигар бо арзиши 2,4 миллиард доллар изҳори омодагӣ кард. Вазорати дифои Ҳинд рӯзи 2 июл хабар дод, ки аз Русия 21 адад ҳавопаймои навъи MiG-29 харида  59 ҳавопаймои MiG-29-ро навсозӣ мекунад.  Ҳукумат инчунин қарори бо лисензияи Русия сохта шудани 12 ҳавопаймои навъи Su-30 MKI-ро дар корхонаи Hindustan Aeronautics Limited тасвиб кард. Вазорати дифои Ҳинд бо нашри изҳороте гуфт, ки барномаи... Читать дальше...

Мақомоти иктишофӣ дар назди қонунгузорони амрикоӣ дар бораи Толибон ва Русия гузориш доданд

Ozodi.org 

Мақомоти иктишофии ИМА рӯзи 2 июл дар як ҷаласаи пӯшида барои қонунгузорони ҳарду ҳизби сиёсии маҷлис дар бораи иттилоъ дар заминаи эҳтимоли пул додани Русия ба Толибон барои куштани низоиёни амрикоӣ дар Афғонистон гузориш доданд. Қонунгузорон талаб карданд, ки дар бораи ин хабар иттилои бештар дарёфт кунанд ва бисёре гуфтанд, ки агар ин хабар дуруст буд, ИМА бояд Русияро таҳрим кунад. Дар миёни онҳое, ки дар ҷаласаи пинҳонии Конгресс иштирок карданд, раҳбари Оҷонсии марказии истихборон Ҷина Ҳаспел ва раиси иктишофи миллӣ Ҷон Ратклифф мебошанд.

Мизони олудагии рӯзона ба вирус дар ИМА рекордӣ шуд

Ozodi.org 

Омори олудагии рӯзона дар ИМА аз 55 ҳазор нафар гузашт ва ин рақам ду баробар бештар назар ба ду ҳафта пеш будааст. Дар қиёс бо ИМА, дар Аврупо аз 3 июл ҷорӣ маҳдудиятҳо нарм шудан мегиранд. Вазъи коронавирус дар ИМА морпеч ё мисли спирал пеш меравад ва дар остонаи таҷлил аз рӯзи истиқлолият, ки 4 июл аст, нигарониҳо аз эҳтимоли афзоиши бештари вируси нав вуҷуд дорад. Амрикоиҳо маъмулан ҷашни истиқлолиятро бо ташкили пикникҳои оилавӣ ваё таҷаммӯъҳои дӯстона пешвоз мегиранд. Ҳоло афзоиши олудагиҳо... Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Бато Багдаев

Бурятский госцирк представил новое руководство: Театр и цирк, Россия и культура, дети




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Третий этап шахматного турнира завершился в Егорьевске

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Гепарды – новые персонажи мультсериала «Команда МАТЧ»


Карен Хачанов

Хачанов проиграл Табило в 1/8 финала «Мастерса» в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru