Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Новости за 13.07.2020

Шаҳрвандони бандмондаи Русия дар "Фотеҳобод" ҳанӯз иҷозаи сафар надоранд

Ozodi.org 

Мақомоти Русия гуфтанд, садҳо шаҳрванди бандмондаи ин кишвар дар гузаргоҳи "Фотеҳобод", дар марзи Тоҷикистону Узбекистон, ҳанӯз иҷозаи сафар надоранд. Сафорати Русия дар Душанбе рӯзи 13-уми июл дар Фейсбук навишт, ҳанӯз дар ин замина ризояти ҳукуматҳои Узбекистону Қазоқистон ба даст наомадааст. Қаблан сафорат гуфта буд, ки Тоҷикистон ба гузаштани шаҳрвандони Русия иҷоза додааст. "Ҳамкорони мо дар Тошканду Нурсултон ҷузъиёти сафари шаҳрвандонро бо дарназардошти вазъи пешомада аз коронавирус дар Узбекистону Қазоқистон баррасӣ доранд"... Читать дальше...

Хадамот "мавқеи ҷуғрофӣ"-ро сабабгори суръати сусти Интернет дар Тоҷикистон номид. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомот "мавқеи ҷуғрофӣ, кӯҳистон ва гарон будани нигаҳдории зербунёдҳо"-ро аз сабабҳои суръати суст ва гаронии Интернет номбар карданд. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, дар Қирғизистон, ки мавқеи ҷуғрофияш ба Тоҷикистон монанд аст, баръакс суръати Интернет баландтар ва нархаш арзонтар аст.

Муҳоҷирони тоҷик барои маош ҷанҷол бардоштанд

Ozodi.org 

Субҳи рӯзи 13-уми июл садҳо муҳоҷири кории тоҷик ва узбек дар маҳали сохтмони корхонаи коркардаи газ дар вилояти Амур ошӯб бардоштанд. Муҳоҷирони ошуфта ба маҳалли сохтмон омада, нахуст як мошинро чаппа карданд ва баъдан ошхонаву чанд бинои муваққати маъмурӣ ва ҷиҳози хобгоҳро тагорӯ намуданд.



Мухолифати Тоҷикистон ба таъйини Ҳарлем Дезир. САҲА раҳбарони нав интихоб мекунад

Ozodi.org 

Тоҷикистон ба таъйини дубораи Ҳарлем Дезир ба мақоми намояндаи САҲА (Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо) дар умури озодии матбуот мухолифат кард. Дезир борҳо Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён танқид намудааст.

Даҳҳо захмӣ ва кушта дар ҳамла ба раёсати амнияти Самангон

Ozodi.org 

Абдулатиф Иброҳимӣ, волии Самангон, гуфт, чаҳор ҳамлавари интиҳориро, ки баъд аз таркиши мошини бобмгузоришуда вориди раёсати амнияти миллӣ шуда буданд, куштаанд ва даргирӣ поён ёфтааст. Вай афзуд, дар ин ҳодиса, ки 13-уми июл рӯй дод, 43 фарди мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон захмӣ ва даҳ нирӯи амниятӣ кушта шуданд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гуруҳи Толибон, дар паёме ба расонаҳо иддао кардааст, ки дар ин ҳамла беш аз ҳафтод нирӯи амниятии Самангонро куштаву захмӣ кардаанд. Волии Самангон ин иддаои Толибонро рад намуд. Читать дальше...

Оилаи бузург аз бонк қарз гирифту дар кӯча монд

Ozodi.org 

Чанд соли ахир мавзӯи қарзгирӣ аз бонкҳо бо гарави манзил дар ҷомеаи Тоҷикистон доғ шуда ,гоҳе қарзгирии бемсаъулиятона, дар ниҳоят аъзои оилаҳоро дар кӯча қарор медиҳад. Ба мисли як хонаводае дар шаҳри Душанбе, ки дар гузориши навбатӣ дар бораи онҳо қисса мешавад.



Дар Истанбул музей дубора масҷид мешавад

Ozodi.org 

Попи Ром Франсиск изҳор намуд, ки аз тағйири мақоми музейи Оё Софияи шаҳри Истанбул озурда аст. Пешвои калисои католики романӣ дар паёми рӯзи якшанбе гуфт, барояш аламовар аст, ки бо ҳукми давлатдорони Туркия ин муҷтамаъ ба масҷид табдил меёбад.

Ҳолатҳои гирифторӣ ба СOVID-19 дар Хуҷанд дубора афзудааст. Мақомот сабабашро гуфтанд

Ozodi.org 

Дар як ҳафтаи охир гирифторӣ ба бемории СOVID-19 дар миёни сокинони шаҳри Хуҷанд дубора рӯ ба афзоиш овардааст. Ин нуктаро 12-уми июл дар ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нав баён карданд.

Cабти IMEI-и телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон аз август оғоз мешавад

Ozodi.org 

Сабти дастгоҳҳои электронӣ дар Тоҷикистон аз моҳи август шуруъ хоҳад шуд. Дар ин бора Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 13-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Ҳукумати Тоҷикистон сабти рақами IMEI-и ҳама гуна телефонҳои мобилӣ, планшет ва ноутбукҳоро моҳи марти ҳамин сол ҳатмӣ кард. Шакли кӯтоҳшудаи IMEI - Рақами байнулмилалии дастгоҳи мобилӣ аст, ки ҳар телефони мобилии истеҳсолшуда дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон новобаста ба навъу тамғааш онро дорад. Мақомот ва... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 13-уми июли соли 2020 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Хадамоти алоқа сабаби интернети заифи Тоҷикистонро шаҳр дод, дар Русия муҳоҷирони тоҷик бо кордиҳандаашон бар сари маош ҷанҷол кардаанд, Туркия музейро дубора ба масҷид табдил медиҳад, дар Душанбе оилае аз бонк қарз гирифту акнун дар кӯча мондааст.

Дар ИМА аз мардум хостанд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд

Ozodi.org 

Мақомоти тандурустии Амрико бори дигар шаҳрвандони он кишварро ташвиқ мекунанд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоби тиббӣ бипӯшанд ва тавсияҳои беҳдоштиро риоя кунанд. Ин кор дар пайи афзоиши мавридҳои нави гирифторӣ ба коронавирус ва маргумир аз бемории ҳамагир дар чанд аёлати Амрико сурат мегирад. Адмирал Бретт Гроир, як узви гуруҳи мубориза бо коронавирус дар Кохи Сафед, рӯзи якшанбе пӯшидани ниқобро “комилан зарурӣ” донист ва гуфт, бе он вирусро зери контрол гирифтан мушкил аст. Мавридҳои нави гирифторӣ ба коронавирус дар Амрико... Читать дальше...

Раиси ҷумҳури Косоворо дар бораи ҷиноятҳои ҷангӣ мепурсанд

Ozodi.org 

Ҳошим Тачи, раиси ҷумҳури Косово, рӯзи 13-уми июл дар шаҳри Ҳейги Ҳолланд ба суолҳои додситони умури ҷиноятҳои ҷангӣ посух хоҳад дод. Додгоҳи вижа барои Косово рӯзи 24-уми июн ба таври ғайримунтазира эълом кард, ки Тачи ва чеҳраҳои дигари саршиноси Косово ба даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин, ба шумули “наздики 100 мавриди қатл”, нопадид шудани иҷбории одамон ва шиканҷа муттаҳам ҳастанд. Тачи пештар фармондеҳи баландпояи артиши озодибахши Косово буд. Ин артиш дар солҳои 1990 барои гирифтани истиқлоли... Читать дальше...

Эрон хулосаи таҳқиқи худро дар бораи суқути ҳавопаймои Украина эълон кард

Ozodi.org 

Мақомоти Эрон натиҷаи таҳқиқи худро дар бораи суқути ҳавопаймои мусофирбари Украина дар наздикии фурудгоҳи Теҳрон нашр карданд. Ин фоҷиа 8-уми январи соли ҷорӣ рух дода, дар дар натиҷаи суқути ҳавопаймо 176 кас ҷон бохтанд.  Муфаттишони эронӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки танзими нодурусти пойгоҳи радар боис ба ин фоҷиа шудааст. Гуфта мешавад, пойгоҳи радар ба низоми зиддимушакӣ паёми ғалат додааст. Ба гуфтаи муфаттишон, танзимгарон аз фармондеҳии низоми зиддимушакӣ иҷозаи партоби мушакро нагирифтаанд. Читать дальше...

Дар Қазоқистон ёди қурбониёни коронавирусро гиромӣ доштанд

Ozodi.org 

13-уми июл дар Қазоқистон Рӯзи мотами миллӣ ба хотири қурбониёни коронавируси нав баргузор шуд.  Дар ин рӯз чорабиниҳо ва барномаҳои тафреҳӣ бекор гардида, дар саросари кишвар, инчунин, дар намояндагиҳои дипломатии Қазоқистон дар хориҷа парчами Қазоқистон поин оварда шуд. Соати 12-и рӯз ба вақти Нурсултон дар саросари Қазоқистон дақиқаи хомӯшӣ эълом гардид. Дар ҳамаи масҷидҳои калони Қазоқистон дуои дастаҷамъӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, теъдоди гирифторони вируси корона дар Қазоқистон ба 60 ҳазор наздик шудааст. Читать дальше...

Бо талаби Вазорати адлия фаъолияти "Зеркало"-ро барои ду моҳ манъ карданд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолияти ташкилоти "Зеркало", яке аз фаъолтарин марказҳои назарпурсии мустақилро ба муддати ду моҳ манъ кардааст. Вазорати адлия ташкилоти "Зеркало"-ро ба риоя накардани қонунгузорӣ муттаҳам мекунад. Аммо масъулини ин ташкилоти ҷамъиятӣ на ҳама эродҳои мақомотро дуруст меҳисобанд. Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия рӯзи 13-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, санҷиши ин ниҳод муайн кардааст, ки ташкилоти "Зеркало" ба чанд қонуншиканӣ роҳ додааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи Ҳакимзода... Читать дальше...

Раҳбари католикҳои ҷаҳон гуфт, аз тасмими Туркия "ғамгин аст"

Ozodi.org 

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, гуфт, аз тасмими Туркия барои табдили музей ё осорхонаи Аёсуфияи Истанбул ба масҷид "ғамгин аст". Изҳороти ӯ рӯзи 12-уми июл дар ҷараёни маросими ҳафтагии дуохонӣ дар Ватикан садо дод. Як додгоҳи Туркия ҳафтаи гузашта қарор кард, ки осорхонаи таърихии Аёсуфия ба масҷид табдил дода шавад. Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, рӯзи 24-уми июл намози аввалини ҷамоат дар он ҷо баргузор хоҳад шуд. Шӯрои калисоҳои ҷаҳон аз раиси ҷумҳури Туркия хостааст, тасмимашро дигар кунад. Читать дальше...


Музыкальные новости
Тимати

На восстановление уйдет год: невеста Тимати пострадала на Мальдивах





Rss.plus
Театр

Госцирк Бурятии возглавил Тудуп Батуев: Театр и цирк, Культура, Россия




Девушка устроила пожар в ЖК «Люберецкий», очевидцы сняли мемное видео

Участники более 2 тыс аварий обратились в Службу помощи при ДТП Подмосковья

«Угроза нового заморозка»: Позднякова предупредила дачников об ухудшении погоды

Источник 360.ru: в Южном Медведкове на улице Дежнева машина врезалась в дерево




Дуда дар даври дувуми интихобот дар Лаҳистон "баранда шудааст"

Ozodi.org 

Кумисюни миллии интихоботи Лаҳистон (Полша) рӯзи 13-уми июл эълон кард, ки раиси ҷумҳурии муҳофизакор Анджей Дуда дар даври дувуми интихобот бо дарёфти беш аз 51 дар сади ройи мардум баранда шудааст. Даври дувуми интихобот 12-уми июл баргузор шуд. Рафал Тшасковский, шаҳрдори либероли Варшава, зиёда аз 48 дарсади ороро соҳиб шудааст. Кумисюни миллии интихоботи Лаҳистон гуфт, дар интихоботи рӯзи якшанбе тақрибан ҳафтод дар сади афроди қобили рой иштирок карданд. Интихобот зери чораҳои сахти беҳдоштӣ баргузор шуд. Читать дальше...

"Истиқлол" - ғолиби марҳилаи аввали лигаи олии футболи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Марҳилаи аввали қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо бозиҳои даври 9-ум, ки рӯзҳои 11-12-уми июл баргузор шуданд, ба поён расид. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар 9 бозӣ 25 имтиёз гирифт, дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намуд.    Қаҳрамони Тоҷикистон дар бозии даври 9-ум дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ «Локомотив-Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро ҳамлагари ҷавон Рустам Соиров дар охири нимаи аввали дидор ба ҳадаф расонд. Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар майдони худ пирӯзӣ ба даст овард. Читать дальше...

Дар зиндонҳои Тоҷикистон 11 кас аз "илтиҳоби шуш" фавтидаанд

Ozodi.org 

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, баъд аз оғози пандемияи коронавирус, дар зиндонҳои кишвар даҳҳо нафар гирифтори бемории илтиҳоби шуш ё пневмония шудаанд ва беш аз 10 тан бар асари ин беморӣ фавтидаанд. Илтиҳоби шуш ба бемории COVID-19 хеле монандӣ дорад. Музаффар Ашӯриён, вазири адлия рӯзи 13-уми июл гуфт, мавҷудияти бемории COVID-19-ро дар зиндонҳо тасдиқ накард ва гуфт, дар ин давра танҳо 98 маҳбус ба илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд. Вазири адлия гуфт, 11 маҳбус аз бемори илтиҳоби шуш фавтидаанд. Читать дальше...

Вазорати адлия гуфт, ҳисоботи ҳизби Зоировро ба маъмурони милиса надодааст

Ozodi.org 

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ҳисоботи пешниҳодкардаи Ҳизби сотсиал-демократро ба ягон ниҳоди дигар, аз ҷумла ба дасти маъмурони милиса надодааст. Моҳи июн Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, ҳисоботи ба Вазорати адлия додаашро дар дасти маъмурони милиса дидааст ва бар асоси ин ҳисобот аъзои ҳизб таъқиб мешаванд. Аммо Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия рӯзи 13-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ҳисоботи Ҳизби сотсиал-демократро... Читать дальше...

Тирпаронӣ дар марзи Озарбойҷон бо Арманистон

Ozodi.org 

Мақомоти Озарбойҷону Арманистон дар тирпарронии марз ҳамдигарро айбдор карданд. Вазорати мудофиаи Озарбойҷон гуфт, неруҳои мусаллаҳи Арманистон "низоми оташбасро дар марзи Озарбоҷону Арманистон вайрон карда", "ба мавқеҳои мо оташ кушоданд". "Ҳар ду ҷониб талафот додаанд", - хабар дод вазорати мудофиаи Озарбойҷон. Мақомоти мудофиаи Арманистон дар навбати худ ҷониби Озарбойҷонро дар оташкушоӣ айбдор карданд. "Неруҳои мусаллаҳи Озарбойҷон бо сабабҳои барои мо номаълум бо мошин талош карданд... Читать дальше...



Москва

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Тимати

«По своей натуре девочка интеллигентная»: какой растет дочь Тимати с особенностями развития




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

Пензенские регбистки выиграли первенство России


ATP

Хачанов вышел в третий круг турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России